Ҳабиб САИД: Дарди тоҷик маҳалгароист…

Ҳабиб Саид: -Бемории тоҷик дар ҳама ҷо-маҳалгароист. Дар ин ҷо ҳам ин мариз ба чашм мерасад, вале чун дигар минтақаҳо, ин ҷо тоҷикон бо ҳамдигар даст ба гиребон нестанд. Дар шаҳри Орск тоҷикон дар атрофи Саид ном шахс гирд омаданд ва ниҳоят мутаҳиданд. Тоҷикро дар вазъиятҳои гаронтарин ҳамеша дин наҷот медод. Танҳо рӯҳониён метавонанд, бо насиҳатҳои хеш ҷавонони  моро аз ин бемории нанговару миллату кишварро харобсозанда наҷот диҳанд. Идома»

Баъди ҷаласа: аъмоли мансабдороне, ки барканор нашуданд…

…бо дастгир шудани ду ё се масъуле, ки ба вазифаи муқаддаси ҷаъмиятиашон хиёнат мекунанд, боварии мардумро намеафзояд. Зеро дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мавзӯъи дастгир шудани гурӯҳҳо ё афроди алоҳида муҳокима мегардад ва бовар кунед, хулосае ба вуҷуд меояд, ки «Бом» дар боло сустӣ карда истодааст. Идома»

ДОДО ШИФО ЁФТ

Додоҷон имрӯз чӣ дорад? Ҳаракати «Ватандор»? Дафтари кориаш куҷост? Аъзоёнаш киҳоянд? «Чароғи рӯз» имрӯз нашр намешавад, сомонае дар Интернет надорад, он нерӯе, ки дошт имрӯз аз даст додаст. Баъди ба Ислом Каримов «таъзим» карданаш, ихлоси аксарияти мухлисонаш аз ӯ гаштааст! Идома»

“Ҳукумати электронӢ”

…аз 63 вакили мардумӣ танҳо 3 саҳифаи «хайр, мешавад»:-)) фаъол аст, ки инҳо…  60 нафар депутати дигар оё медониста бошанд, ки сайтҳои иҷтимоӣ ва ба роҳ мондани алоқа бо истифода аз онҳо байни Парлумон ва мардум чӣ аҳамият ва оҷилият дорад? Агар медонистанд, дар «Фейсбук», «Мой мир», «Скайп»… Модоме, ки аҳамияти Интернетро намедонанд, пас ибораи «ҳукумати электронӣ»-ро «бидуни эҳсосот» ва бемуболиға «бомба» мефаҳманд! Идома»

СӮЙИҚАСД БА ҶОНИ ДОДО

Ба ҷони журналист ва мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон Додоҷон Атовулло сӯйиқасд намуданд. Шоми 12 январ, тахминан соати 21 то 22 дар назди тарабхонаи итолёвии “Виадҷио”, воқеъ дар хиёбони Комсомолскии пойтахти Россия-Маскав шахси ношиносе ба Додо ҳамла намуда ба ҷисми ӯ ду корд мезанад. Идома»

“буДИЛник”

Тӯшаи муҳоҷирбачаи саргардони тоҷикро “беодобона” аз назар мегузаронам; либос, кулчаи ширмол, қурут барои пивонӯшӣ! Оё китобе ҳаст? Не… Зиёда аз 10 сол инҷониб дар Россия кор мекунад, аммо дар ҷомадонаш “Луғати русӣ-тоҷикӣ-русӣ” надорад. Боз мегӯяд, ки “русиро медонам!”. Калимаҳои русие, ки ҳамсолонам медонанд; “капать”, “ламать”, “поднимать”, “вставить”, “майна”… всё! Идома»

ДОСТОНИ СОЛИ 2011(муаллиф Сонӣ)

Шеъри дустам Сонӣ гузорише дар либоси назм аст. Шумо ҳамон вақт маънии онро дуруст мефаҳмед, ки ҳамарӯза дар ҷараёни иттилоот бошед ва аз рӯйдодҳои минтақаву ҷаҳон огоҳӣ пайдо намоед. Беҳтараш худатон хонед, гап нест!

Кадбонуи давр-Амрико боз, Дорад ҳаваси хӯроки мумтоз.

Дар фикр ҳавои оши явғон, Шарманда равад зи хоки афғон. Идома»

Системаи андоз ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад

Дар марказҳо то андозае адолат дар ҷаъмоварии андоз ба назар мерасад, аммо дар навоҳии дурдасти кишвар роҳбарони ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз мардум барои як порча замин, ки даромади ҳосилаш заҳмат ва харҷашро намепӯшонад, бе додани “квитансия” андоз меситонанд.Ғайр аз ин, имтиёзҳо дар андозбандӣ маҳдуд аст ва ин яке аз монеаи асосии рушди ҷомеаи мост. Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро аз лиҳози супоридани андоз дар мақоми 165-ум қарор дод. Андоз солҳост, ки мавзӯи асосии матбуот гаштааст. Дар мавзӯи ислоҳот дар соҳаи андоз ҳар кас дону нодон ҳарф мезанад. Аммо масъулин дар ин баҳсҳо, мутаассифона, заъф нишон медиҳанд.Идома»

Ба ғарқобагони мазҳаббоз

Шеъри нави шоири ошкорбаён-Сонӣ дар посух ба баҳси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва оилаи Тӯраҷонзодаҳо. 
Мифтоҳи футӯҳ ,ай аҳли сола,
Андар кафи душманат фитода.
Барнома фиканд, то ду болат,
Гарданд шикаста ҳамчу ҳолат.
Ин баҳси ту пеши Ҳақ нусух аст,
Мавзӯ-ш ҳамон: куну кулӯх аст.
Дар асру замони суръату нур,
Аз илм фитодаи басо дур.
Баҳсе ки: “бигӯ ба дай мушаххас,
Бар пеш кашӣ кулӯх ё пас”.
Ай ҷоҳили бехабар зи аҳвол,
Афтода ҳалок аз дами фол.
Дигар ту марав ба фитна вопас,
Бар кун-т махал кулӯхро, бас!
Ин баҳс бувад на баҳси илм аст,
Дар назди Худо ба хеш зулм аст.
Ҳар баҳс ки аҷр андар он нест,
Беҳуда ,шикофи кӯҳ, кон нест.
Баҳсе, ки ба фитна мебарад, чист?
Бар дӯли яҳуд обрезист.
Аз дурӣ яҳуд бо тамошо,
Қарсак бизанад ба ҳолати мо.
СОНӢ

Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия корфармоёни ин кишварро нороҳат кардааст

Вазъияти баамаломада дар муносибати Русияву Тоҷикистон корфармоёни Русияро сахт нигарон кардааст. Онҳо аз ибрози назар дар ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд, аммо зоҳиран чунин менамояд, ки хушҳол нестанд. Агар тасмими кишварашон ба ихроҷи муҳоҷирони тоҷик қатъӣ бошад, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои сохтмонии Русия ба мушкилоти бузург мувоҷеҳ мешаванд.Идома»

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.