«буДИЛник»
Дар кӯчаҳои Маскав қадам мезанам ва аз ҳаёти муҳоҷирон мепурсаму менависам. Мехоҳам ба мардум фақат хушхабар гӯям. Аммо шубхабарҳо ба гӯш садо медиҳанду ба чашм аён мешаванд. Телевизион, радио, газета, Интернет ҳама шумхабар шудаанд. Аз дӯстонам хоҳиш менамоям, ки агар хабари хушеро хондед, матнашро бароям ирсол намоед. Аз лентаи хабрҳои интернетӣ ягон-ягон хабарҳои хушро меёбам. Ноилоҷ ба тахтаҳои таблиғотӣ, ки инсонро ба оянда дилгарм месозанд назар дӯхта, гӯё худро хушҳол месозам. Дар ҳоле, ки имрӯз аксарияти одамон аз рекламаҳои пай дар пай дилгиранд, тамошо ва мутолиаи рекламаҳоро дӯст медорам. Мехоҳам замоне, бирасад, ки фақат ба мардум хушхабар гӯем. Аммо кай? Намедонам, шояд хушхабарҳоро дар матбуоти Биҳишт мехонему менависем…
Ба маҳфилҳо меравам. Дар баъзе маҳфилҳо фақат таърифу тамаллуқ, дар баъзе маҳфилҳо фақат танқиду сангзанӣ. Мегурезам! Намехоҳам шомили гурӯҳе бошам, ки кулли дастовардҳои ҷомеаро кори ҳукумату сиёсатмадорон донанд ва намепайвандам ба гурӯҳе, ки ҳама мушкилоти ҷомеаро айби ҳукумату сиёсатмадорон шуморанд. Даъват мекунам, ки Шумо низ ҳам аз ину ҳам аз он гурезед ва бо Мо пайвандед!
Бо ҳамсолонам ҳамсӯҳбат мешавам. Барои бобарории корҳояшон худро ҳай таъриф мекунанд! Барои бебарории корҳояшон ҳукуматдорон ва элитаи донишмандонро гунаҳкор мешуморанд. Ҳар кас дар навбати худ ба ибрози андешааш ҳақ дорад, аммо вақте ҷавоне худро нерӯманд меҳисобаду кулли хушбахтиҳояшро аз “элитае” мунтазир мешавад, ки худ ба нерӯи он бовар надорад… Ҳикмати Муҳаммади Ҳиҷозӣ ба ёд мерасад; “Ҳар касе, ки хушбахтии худро дар дасти дигарон мебинад, хеле бадбахтӣ хоҳад кашид!”
Мошинбозори Душанбе ба ёд меояд. Харидорон пушту пеши мошинҳоро тамошо карда ба он баҳо медиҳанд. Аксарияти харидорон ҳафтае пеш аз Россия ё Қазоқистон омадаанд. Орзуи харидани як мошинча дар таги по айб нест, аммо хандаовар аст, ки ҷавони асри XXI дар сархати орзуҳояш харидани мошинро ҷой диҳад. Ҷавонони пешрафта дар замони муосир мақсадҳои бузург доранд; ихтироъи технологияи ҷадид, таъсиси ширкати бонуфуз, ишғол намудани корейра дар сатҳи байналмиллалӣ, кашфи асрори нокушудаи кайҳон, харидани тайёра, киштӣ, яхта ва ғайраву ва ҳоказоҳо… Аммо ҷавони беозори тоҷик чӣ? Вақти аз муҳоҷират баргаштанаш ба Ватан аз мақсадҳояш мепурсӣ, мегӯяд, ки “аввал “Опел” мехарам!…”
Ба муҳоҷири ҷавоне, ки мактаби миёнаро хатм накарда ба Россия омадааст ва 10 сол инҷониб меояду меравад, суол медиҳам, ки “то кай чунин омадану рафтан?”. Мегӯяд, ки “то он даме, ки Тоҷикистон аз мушкилиҳо раҳо шавад ва зиндагии шоистаро бароям фароҳам оварад…”
Ҳамсоли азиз! Кишвареро мисол овар, ки мушкилӣ надорад ва ё аз харита сарзаминеро нишон деҳ, ки ба он ҷо шаҳрвандони мулки дигар хушбахтӣ оварда бошанд. Ману ту дар Ватани худ чӣ сохтем, ки боз мехоҳем, ки Тоҷикистон оғӯшашро бароямон гарм нигоҳ дорад? Ҷавони аврупоӣ, ки ба рӯйи номаш тамғаи “ГЕЙ” зада шудааст, кӯшиш мекунад, ки корхонае таъсис дода садҳо корҷӯро бо кор таъмин намояд. Ману Ту, ки мусалмонему таъмини хонадони худро фарз мешуморем, оё метавонем дӯконе кушода аққалан аҳли хонадони худро бо кор таъмин намоем? Не? Пас Ману Ту дар ғами шиками худ овораву саргардон мегардем, шояд аз паси кӯҳи Қоф Азимҷуссае омада деҳаамонро обод кунад. Ману Ту дар фикри ободӣ нестем, балки дар орзуи ободием…
Ба Тоҷикистон занг мезанам. Рафиқам аз он сӯ шикоят мекунад, ки “барқ нест, хонаҳо сарду торикистон…” Як гап гӯям, ҷӯра? Ин айби Ману Ту, ки дар торкӣ зиндагӣ мекунем. Мо рӯшноӣ намеофарем, интизор мешавем, ки барои Мо рӯшноӣ офаранд. Ману Ту мехоҳем, бошад! Тамом!
Аз рафиқам, ки барои зимистонгузаронӣ(!) аз Россия ба Ватан рафтааст, мепурсам, ки бо “чӣ корҳо машғулӣ?”. Мегӯяд: “кор нест, “пока” пул ҳаст, “через день” арақнӯшӣ, ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ! Хайр бекорӣ, рӯз гузаронидан даркор…”. Наход, ки рӯзатро беҳуда гузаронӣ, ҷӯра! Наход, кор набошад? Зимистон ҳам бошад, хезу 40 чуқурӣ коб, дар оғози баҳор, пеш аз ба Россия омаданат 40 адад дарахт сабзон. Замини ҳавлиат танг аст? …Оё дарахтро фақат дар ҳавлии худ месабзонанд? Бале, Ману Ту каллаварам ҳастем ва дар шароити муосир ихтироъ карда наметавонем, аммо дар кӯчаҳои ноҳамвори деҳаамон гул ва дарахт сабзонида метавонем-ку! Ё фақат дарахт бурида табиати диёрро ғорат намуда метавонем?.. Боз худат медонӣ…
Тӯшаи муҳоҷирбачаи саргардони тоҷикро “беодобона” аз назар мегузаронам; либос, кулчаи ширмол, қурут барои пивонӯшӣ! Оё китобе ҳаст? Не… Зиёда аз 10 сол инҷониб дар Россия кор мекунад, аммо дар ҷомадонаш “Луғати русӣ-тоҷикӣ-русӣ” надорад. Боз мегӯяд, ки “русиро медонам!”. Калимаҳои русие, ки аксарятии ҳамсолони ман медонанд; “капать”, “ламать”, “поднимать”, “вставить”, “майна”… всё! Это смешно, ҷӯра…
Ману Тузабони хориҷиро на-ме-до-нем! Дар мавзӯъи муҳим андешаамонро баён намуда наметавонем. Сухане барои дифоъ аз обрӯйи миллати худ дар дил дорем, аммо вақте бадзабоне миллати моро дар ҳузури мо паст мезанад, Ману Ту лол мемонем. Бале, Мо дар Россия миллате ҳастем, ки аз меҳнат ва корҳои сангин намеҳаросем. Аз ин рӯ корфармо чи хеле, ки хоҳад, моро кор мефармояду мо хап мекунем. Ин айби корфармо нест, айби Ману Туст. Чаро? Чунки калла кор намекунад! Аз ин рӯ, китобу рӯзнома хондан даркор, ҷӯра! Фақат ба қувааи дасту бозу не, балки ба нерӯи ақл ҳам такя бояд кард. Албатта, агар ақл бошад…
Ҳамсолони азиз! Ин хел намешавад, бедор шудан даркор!
(Ин андеша дар ҳафтаномаи “Тоҷикони Россия” нашр шудааст)


Офарин Сохибёр. Офарин Сохибёр . Ахсант ба Шумо Сохибёр . Ин макола не ин андеша. не ин садои калб аст. Ман инро кайхо мехостам бишнавам ва имруз худ мушохид шудам. хондам на аз забони зиёие шунидам. Офарин Сохибёр. Ватан бо Шумо ифтихор дорад!
Саидов М