«Ҳукумати электронӣ!»
Бо шунидани ин ибора шояд мардум ҳайрон шуда гӯянд, ки «чӣ бошад?». Дар шароити имрӯзаи кишвар, ки мушкилоти барқ ва дастнорасӣ ба технологияи рақамӣ омили асосии ноогоҳист, агар мардуми оддӣ оиди ин мавзӯъ тасаввуроте надошта бошанд, «айбе нест». Аммо агар мансабдоре ба ин ибора сарфаҳм нарафта бо вуҷуди ин сир бой надиҳад, «айбай»!
Ба кӯшишҳои таъсиси ҳукумати электронӣ дар кишварам хушбинам, аммо рости гап бо шунидани ин ибора саҳнаи ҳаҷвии «Лаҳзаҳои гуворо» ба хотир меояд, ки се корафтодае чанд моҳ паси дари Раисе омада ниҳоят ҳунармандона бо иҷрои нақши шаҳрвандони хориҷӣ муваффақ мешаванд, ки бо Раис мулоқот намоянд. Агар ин саҳнаро дида бошед, дар паси дари Раис ёрдамчиаш аз субҳ то шом рӯ ба рӯи компютер нишаста қартабозӣ мекунад. Ба фикрам, Раисаш ҳам ғайр аз қартабозӣ дигар вазифаҳои компютер ва Интернетро намедонад. Бо чунин Раису ёрдамчиаш оё метавон ҳукумати электронӣ таъсис дод ва тараққиёти Сингапур ва Эстонияро орзу кард?
Бемуболиға роҳбарони имрӯзаи мо оддитарин васоити иртиботии Интернетро ё намедонанд, ё кам-кам медонанду истифода намебаранд. Вақте, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони давлатӣ дастур дод, ки арзи мардумро шунаванд, чанд муддат рӯзҳои шанбе пушти дари вазирони тоҷик сермеҳмон, аниқтараш “пробка” буд, аммо имрӯз чӣ? Бовар дорам, ки дар айни тағйироти кадрӣ«фасли дилзанак» вазире дарашро ба корафтодае намекушояд…
Тасаввур намоед, ки шаҳрванде аз ноҳияи дурдасте барои мулоқот бо мансабдоре ба маркази ҷумҳурӣ ё вилоят меояд. Вақти ҷаноби мансабдор танг аст, ё хоҳиш надоранд, ки арзи шаҳрвандро шунаванд. Ба хотири осонии кор ва сарфаи вақту маблағ ва таблиғи васоити алоқаи муосир оё вазири тоҷик наметавонад, ҳафтае, ё моҳе як маротиба тариқи «Фейсбук», «Мой мир» ё «Скайп» бо мардум гуфтугӯи мустақимро ба роҳ монад? То он даме, ки мо ба зинаҳои зарурии Ҳукумати электронӣ мерасем, дар шароити Тоҷикистон алифбои ин иқдом ҳамин аст.
Имрӯз «Фейсбук»-майдони баҳс оиди мавзӯъҳои муҳим аст. Аммо таассуф, ки мансабдорони тоҷик аз ниёзҳо ва ақидаҳои мардум, ки дар девори ин сайти иҷтимоӣ озодона нашр мешавад, бехабаранд. Шояд баъзеи онҳо бо имзоҳои мустаор ин сайтро назора намоянд, аммо бояд он ҷо саҳифаи хусусии худро ҳам дошта бошанд. Ба ғайр аз номи мансабдорони тоҷик, номи дилхоҳ мансабдорро аз мамолики дигар дар «Фейсбук» ҷустуҷӯ намоед, бо маълумоти пурра ва нашри маводу аксҳояш меёбед. Аммо аз Ҳукумати Тоҷикистон фақат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, сухагӯи Сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода ва якчанд мансабдори дигар саҳифа доранду халос. Вақте вориди саҳифаи ҷаноби Шарифзода мешавед, маълум аст, ки ӯ бо мардум иртибот дорад ва баъзе сӯҳбатҳояш бо дӯстони фейсбукиашро он ҷо хондан мумкин аст. Метавонед, дар саҳифаи Абдуфаттоҳ Шарифзода аксҳоро ҳангоми истироҳат, оббозӣ, лаҳзаи ибодат ва ҳатто тасбеҳгардониашро бубинед. Албатта ин ҳеҷ аҷобате надорад, аммо зарурати иттилоъ аз истироҳат ва корҳои ғайрисиёсии мансабдорро дар қолаби тафаккури «элитаи мо» ғунҷонидан хеле мушкил аст…
Дар «Фейсбук» ба тозагӣ гурӯҳе таъсис ёфтааст, бо унвони «ВИРТУАЛЬНОЕ ПРАВИТЕЛЬСТВО И ПАРЛАМЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН»(Ҳукумат ва Парлумони виртуалии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Муассиси ин гурӯҳ Раиси Созмони ҷавонони тоҷикистонии Россия Иззат Амон аст. Номбурда ҳамчун роҳбари гурӯҳ мавзӯъҳои муҳимеро мавриди баҳс қарор медиҳад ва андешаҳои гуногунро ба вуҷуд меоварад. Иззат Амон ин ҳафта мавзӯъи зарурати ба Иттиҳоди Гумрукии созмони ЕврАзЭС(ҳамкории АвруОсиё) пайвастан ё напайвастани Тоҷикистонро мавриди муҳокимаи вакилони гурӯҳаш қарор дод. Андешаҳо гуногун ва ҷолиб буданд ва аз вакилони Парлумони Тоҷикистон танҳо Муҳиддин Кабирӣ аз таъсиси ин гурӯҳ огоҳӣ ёфта вориди баҳс шуд. Аъзоёни гурӯҳ аз иштироки вакили Порлумони расмӣ хушҳол шуда вакилони дигари Порлумонро ба баҳс даъват намуданд. Аммо вакили дигаре пайдо нашуд…
Ба хотири муайян кардани он, ки чанд вакили мардумӣ дар сайтҳои иҷтимоӣ саҳифача доранд, вориди ҷӯяндаи «Фейсбук» шуда аз Шукурҷон Зуҳуров ҷустуҷӯро оғоз намудем. Мутаассифона муваффақ нашудем, ки саҳифачаи Раиси Маҷлиси намояндагонро дар ин сайт пайдо намоем. Саҳифаҳое бо номи Амиршо Миралиев, Амир Катаев, Азизмат Имомов, Бег Қурбонов, Сайфулло Гиёев, Насрулло Маҳмудов, Исмоил Талбаков, Рустам Латипов, Амир Қарақулов, Лутфилло Саидмуродов кушода шуданд, аммо бе аксу маълумот дар бораи шахсияти соҳибсаҳифа(яъне маълум нест, ки саҳифа азони вакили мардумист ё ҳамноми ӯ). Баъзеашон ду ё се дугона ё дӯст доранд ва шояд баъди таъсиси саҳифа дар «Фейсбук» боре ҳам онро накушода бошанд. Саҳифаи намояндаи Ҳизби комунист дар Парлумони Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бидуни акс ва бо маълумоти кӯтоҳ мавҷуд аст, аммо зоҳиран чунин менамояд, ки фаъол нест ва ба соҳибаш хизмат накардааст.
Хулоса аз 63 вакили мардумӣ танҳо 3 саҳифаи «хайр, мешавад»:-)) фаъол аст, ки инҳо саҳифачаи Муҳиддин Кабирӣ (бе маълумот дар бораи соҳиби саҳифа, бе акс, бо 234 нафар дӯст), Сӯҳроб Шарипов (бо маълумоти мухтасар, бо якчанд акс, бо 31 нафар дӯст) ва Бибидавлат Авзалшоева (бо маълумоти мухтасар, бе акс, бо 11 нафар дӯст) дар «Фейсбук» ҳузур доранд. 60 нафар вакили дигар оё медониста бошанд, ки сайтҳои иҷтимоӣ ва ба роҳ мондани алоқа бо истифода аз онҳо байни Парлумон ва мардум чӣ аҳамият ва оҷилият дорад? Агар медонистанд, дар «Фейсбук», «Мой мир», «Скайп», «Однокласники» ва сайтҳои дигар ҳузур медоштанд. Модоме, ки аҳамияти Интернетро намедонанд, пас ибораи «ҳукумати электронӣ»-ро «бидуни эҳсосот» ва бемуболиға «бомба» мефаҳманд!
Акнун бармегардем ба ҳизбҳои мухолиф, ки даъвои ҳукуматронӣ доранд; аз раисони 8 ҳизби сиёсӣ боз ҳам танҳо Раиси Ҳизби наҳзати Иломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ саҳифаи фаъоле дар «Фейбук» дорад, саҳифаҳои намояндаи Ҳизби комунист Шодӣ Шабдолов ва намояндаи Ҳизби аграрӣ Амир Қароқулов чуноне дар боло қайд кардем, нимкора ва мутаассифона фаъол нест. Муовини Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар «Мой мир» фаъол аст, аммо раисашон Раҳматулло Зоировро дар ягон сайти иҷтимоӣ пайдо карда натавонистем. Олим Бобоевро дар ҷӯяндаи «Фейсбук» рӯйи хотири номи ҳизбаш, ки «ислоҳоти иқтисодӣ»-ст(!) бо алифбои крилӣ ва ҳам бо алифбои лотинӣ ҷустем, аммо мутаасифона пайдо нашуд…
Дар бораи почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев шунидаем, ки тавассути Интернет бо мардум робитаи мустақим дорад. Аммо мутаасифона саҳифаи Раисро дар «Фейсбук» наёфтем…
Ҳа, фаромӯш нашавад, ки Сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев дар «Фейсбук» саҳифаи худро дорад! Вақте, ӯро дар «Фейсбук» вохӯрдам, навиштам; «…Ҳарчанд ҳамкасбони мо фаъолияти ниҳоди Шуморо дар матбуот зиёд танқид мекунанд, аммо аз шумораи ками мансабдорони тоҷике, ҳастед, ки дар «Фейсбук» мебинаматон. Хоҳишмандам дар вақтҳои холӣ ба дигар мансабдорони тоҷик ҳам кор бо ин сайтро омӯзед…:-)»
Хулоса, агар ба мо бовар накунед, вориди ҷӯяндаи «Фейсбук» ё дигар сомонаҳо шуда мансабдорони тоҷикро ҷӯед. Агар саҳифаи раиси ноҳия ё вилоятатонро наёфтед, пас умед мабандед, ки инҳо барои Шумо «Ҳукумати электронӣ» таъсис медиҳанд…
Илоҳо мо дуруст нафаҳмида, дурӯғ гуфта бошему, Шумо муваффақ шавед! Омин…
Соҳибёр Толиб
Бознашр аз “Тоҷикони Россия” (№ 2- 12. 01. 1012)




Салом, дусти азиз! Хеле хуб навиштаед – аъло!
Чунин блогерхои дигаре tajnet-ро низ медонед? Ман дар дигар сомонахо низ во хурдам, аммо мутаассифона, ин блогхо аз хамдигар чудоянд ва мутаассифона мо наметавонем доимо дар тамос бошем. Барои халли ин мушкилот айни хол аз чониби чеб-студияи ман як лоихаи блог-платформа барои блогерхои точик тахия шудаистодааст.
Аз Шумо фахмидан мехостам, ки дар холи ба кор андохтани ин платформа Шумо низ метавонед дар он сахифаи худро созмон дода, постхои худро дар он низ чойгир намоед – дар ин хол хонандагону хамфикрони худро дар худуди тамоми Точикистон, аз байни дигар блогерхо низ ёфта, аудиторияи хонандагони худро метавонед боз хам зиёдтар намоед.
Чи фикр доред?
Салом, дӯстам Рустам!
Ташаккур барои баёни андеша ва дастгириатон. Ба хотири ба вуҷуд овардани андешаи дуруст дар ҷомеа ва пур намудани блогсфераи тоҷик, ба ҳама гуна ҳамкориҳои дурусту қонунӣ омодаам.
Оиди блогҳои дигар бошад, фикр мекунам он блогҳое, ки мехонаму медонам, Шумо ҳам медонед. Дар блогрол онро навиштаам ва ба восиати ин блогҳо ба саҳифаҳои дигари тоҷикӣ ворид мешавам.
Худованд нигаҳдоратон!