Фантастика
Дар ин саҳифа ҳикояҳои тамсилӣ ва фантастикӣ ҷой дода шудааст:
Роботи дуздшинос
Шаҳри Баракат. Ин шаҳр дар яке аз ҷазираҳои хушбоду ҳавои уқёнуси Ноором ҷойгир аст. Мо дар ин шаҳр хушу хурамона зиндагӣ дорем ва онро дӯст медорем. Зеро шаҳри азизи мо мардуми хубу бепарво ва дилкушод дорад. Аммо таассуфовар аст, ки дар шаҳри мо нуфузи дуздони хурду бузург дар ҳоли афзоиш аст. Назар ба дигар намуди ҷиноятҳо ин намуди ҷиноят шиддати бештаре дорад. Мӯйсафедони шаҳри Баракат мегӯянд, ки дар ҷое, ки баракат бошад, он ҷо ҳатман дуздӣ ҳам ҳаст.Идома»
