Роботи дуздшинос
Саҳифаи фантастика» (мазмуни як латифаи халқӣ дуздида шудааст)
Шаҳри Баракат. Ин шаҳр дар яке аз ҷазираҳои хушбоду ҳавои уқёнуси Ноором ҷойгир аст. Мо дар ин шаҳр хушу хурамона зиндагӣ дорем ва онро дӯст медорем. Зеро шаҳри азизи мо мардуми хубу бепарво ва дилкушод дорад. Аммо таассуфовар аст, ки дар шаҳри мо нуфузи дуздони хурду бузург дар ҳоли афзоиш аст. Назар ба дигар намуди ҷиноятҳо ин намуди ҷиноят шиддати бештаре дорад. Мӯйсафедони шаҳри Баракат мегӯянд, ки дар ҷое, ки баракат бошад, он ҷо ҳатман дуздӣ ҳам ҳаст. Дуздӣ ба яке касб, ба дигаре одат гаштааст ва шахсе агар бо дуздиву тозӣ муваффақ шавад, аз атрофиён аҳсан мешунавад:
-Офарин! Тавонистааст, ошаш шавад!
-Ҳозир бе ин кор намешавад…
-Зиндагиаш тинҷ бошад, ба касе зиёнаш нарасад шуд-дия.
Шаҳри мо шаҳри дуздон аст. Дар ин ҷо фақат иҳонат кардан ба арзишҳои дуздӣ хиёнат ба ҳисоб меравад. Аммо чун ҳар кор аз ҳадди эътидол гузарад ба ифрот ва бенизомӣ оварда мерасонад. Рушди дуздӣ ҳам ниҳоят ба нописанд шудани низомдорон оварда расонид, ки ноилоҷ бар муқобили ин кор чораҷӯи оғоз карданд. Олимони хаёлии баракатӣ роботе сохтанд, ки дуздро шинохта ҳамон замон ба рӯяш туф мекард. Бо мавҷи кафкӯбиҳои сокинони шаҳр тугмачаи Роботро раиси шаҳрамон Бегуноҳ Озодазода пахш кард. Робот чашм кушод, як-як ба одамон нигарист ва баргашта аввал ба рӯйи раиси шаҳр туф кард. Ба ҷойи мавҷи кафкӯбиҳо мавҷи ханда баланд шуд. Роботро ба маҳкама кашиданд…
Робот дар маҳбаси шаҳри мо дилгир шуд. Охир ӯ бекор нишастанро дӯст намедошт. Ба хотири озод шудан аз паси панҷара ваъда дод, ки минбаъд ҳар супорише, ки доданд, ҳамонро иҷро мекунад. Роботи дуздшиносро аз зиндон озод карданд ва супориш доданд, ки ба кӯча баромада фақат аз байни мардуми оддӣ дуздонро ҷӯяд. Робот ба кӯча баромад ва дуздеро шинохта ба рӯяш туф кард. Бар сараш шӯру мағал карданд. Гуфтанд, ки шахсе, ки ба рӯяш туф кардӣ, фарзанди сардори пулис аст, сардори пулис бошад, аз табори як генерал, генерал бошад амаки раиси шаҳр аст.
-Хуб, минбаъд чунин намекунам.-ноилоҷ ваъда дод Роботи дуздшинос.
Робот дузди дигари баракатиро шинохт ва ба рӯяш туф кард. Ин дафъа низ бар хилофи сиёсати шаҳрдорӣ кор кард. Охир Робот намедонист, ки ин дузд бародари додситони шаҳри Баракат аст. ӯро огоҳ карданд, ки як бори дигар нописандӣ намуда обрӯи мансабдоронро резонад, ҳукми абад медиҳанд!
Робот дар кӯча қадам мезад ва ба ҳоли сокинони шаҳри мо ғусса мехӯрд. ӯ дуздонро мешинохт ва дар назараш ҳар шахси сеюм шаҳрванди хатарнок менамуд. Аммо хеле эҳтиёткорона кор мекард. Метарсид, ки ин навбат низ хато накунад, то як умр рӯзаш сиёҳ нашавад.
Ниҳоят як дузди назарногиреро вохӯрд ва нотарсона ба рӯяш туф кард. Ин навбат дилаш пур буд.
-Аз ду сар ин дузди кашола дар боло хешу табор надоштагист-тахмин мекард Роботи дуздшинос.
Аммо… Ин навбат натавонист, ки аққалан туфашро аз рӯйи дузди тағодор лесад. Роботи дуздшинос аз шаҳри Баркат ғайб зад. Ҳеҷ кас намедонист, ки онро кадом дузди чобуки баракатӣ дуздидааст…
Шеъргуна:
Дузде ба таги дор нишасту ба ҳама гуфт:
-Ман марди закиям на ҳунарманди гунаҳкор.
Зеро, ки шумо шукр намудеду нишастед,
Ман саъй намудам, ки шавам шахси сазовор…
Соҳибёр Толиб
3 декабр 2010
Саволҳо барои андеша:
- 1. Оё ба хотираи робот сиёсатро таҳмил кардан мумкин аст?
- 2. Агар Шумо ба ҷои Роботи дуздшинос мебудед, ба шартҳои шаҳрдорӣ розӣ мешудед?
- 3. Ба ягон ҷинояти дуздии худ иқрор мешавед?
- 4. Дар шаҳр ё деҳаи Шумо хешу табори мансабдорон бо чӣ корҳо машғуланд?
- 5. Ба андешаи Шумо моликияти давлатӣ ва шахсиро аз дуздон чи гуна ҳимоя намудан мумкин аст?


Добавить комментарий