Ҳикояҳо ва ёддоштхо
Саҳифаи хеле сода ва шогирдона…
Солҳои 90-ум: Баҳор фасли ҷонбароӣ буд…
Дар ибтидои даҳаи охири асри XX – замоне, ки ҷанги «сенариявӣ» дар Ватани ман – Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд, аз деҳаи мо (Равоти ноҳияи Панҷакент) то шаҳри Ургути Ҷумҳурии Ӯзбекистон хатсайри автобус ҳафтае як ва баъзан ду маротиба таъсис дода шуда буд…Идома»
«буДИЛник»
Дар кӯчаҳои Маскав қадам мезанам ва аз ҳаёти муҳоҷирон мепурсаму менависам. Мехоҳам ба мардум фақат хушхабар гӯям. Аммо шубхабарҳо ба гӯш садо медиҳанду ба чашм аён мешаванд. Телевизион, радио, газета, Интернет ҳама шумхабар шудаанд. Идома»
Фарзандамро қурбонӣ кунам?
Қурбоние, ки савоб нест, балки гуноҳи кабира аст. Туро дар ҷомеъаи пур аз фасоду ғайбату мансабталошиву маҳалгароиву ношукрӣ ба камол расонидан магар қурбони нест? Идома»
“Журналистҷӯгӣ”
Як моҳ рухсатии меҳнатиамро дар зодгоҳам деҳаи Равоти ноҳияи Панҷакент гузаронидам. Завҷаам шарт гузошта буд, ки кори эҷодӣ накунам, китобу газета нахонам, шаби дароз дар Интернет нанишинам, бо аҳли оила ба мавзеъҳои таърихию тафреҳӣ рафта истироҳат намоям. Идома»
Орзубек
Панҷоҳ сол аз умри Орзубек гузашт. Агар фурсати умраш сад сол бошад, ними умраш гузашт, агар ҳафтод сол бошад, бештар ҳаштод дар сади умраш, агар панҷоҳ сол бошад, ҳама умраш бо орзупарварӣ сипарӣ гашт… Идома»
Гул барои Худо
Фарзона духтари ширин аст… Ба назар мерасад, ки ин кӯдаки 5 сола ба Худо имони самимӣ дорад. Гумон кардед, ки падараш мулло буда ба духтари хурдсолаш дарси худошиносӣ меомӯзад? Идома»
Холаата …(хамон гап) баъди намоз!?
30 август. Маскав, иди саиди Фитр. Субхи пурфайзу футухе буд. Кучахои Маскав пур аз мухочир ва хар сари кадам корманди пулису ОМОН. Аммо ачибаш дар он буд, ки касе аз мухочирон хуччат намепурсид. Идома»
Як рӯзи муҳоҷирбача
Имрӯз аз қабати ҳуҷҷатҳое, ки дар компютерам маҳфуз аст, файлеро пайдо намудам, бо номи “Як рӯзи муҳоҷирбача”. Ин қиссаро 3 сол қабл, баъди аз Маскав ба Ватан баргаштанам навишта будам. Саргузашти воқеист, фақат номи қаҳрамонҳо иваз карда шудааст. Навиштаи солҳои донишҷӯист, бетаҳрир пешниҳоди Шумо менамоям. Идома»
Аз гаҳвора то тайёра
Ниҳоят, пас аз 9 моҳу 9 рӯзу 9 соат ба дунё омадам: -Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон!-гуфтам зери лаб. Бигзор бовар накунед, вале ман чунин гуфта будам ва онро дар ёд дорам. Шумо ҳам ҳангоми ба дунё омаданатон исми Ҳақро ба забон овардаед. Фикр кунед шояд ба хотиратон меояд.Идома»
1 коса ғами дил
Табиатан заифнолии мардонро дўст намедорам, аммо тааҷҷуб ва изтиробам аз он аст, ки чаро монеъи ашкрезии мард мешавед ва ин ҳолатро барои мард айб мегўед? Яъне дарду ормони мардро бо ашк не, балки бо мушту лагад ва дашному ҳакорат шунидан бароятон хуштар аст? Бигузоред, то мард ҳам андаке заҳри дилашро барорад ва 1 коса ашк резад. Идома»
1 рӯзи бачаи деҳотӣ
Дар ин русто баъзеҳо гумон мекунанд, ки аз ин гуна зиндагии беҳтар барои инсон насиб намегардад. Аксарияти сокинони ин кўҳдоман пушти кўҳро надидаанд. Фарзандони ин деҳа худро хушбахт ҳис менамоянд. Онҳо аз субҳ то шом ва баъзан аз шаб то саҳар меҳнат мекунанд…Идома»
Дар роҳи масчид
Дар роҳи масчид Саҳифаи ҳикояҳо» Телефони дастии дӯстам Одилро гирифта бойгониашро кушодам. Таронаҳо, аксҳо, наворҳо ва бозиҳои шавқовар хазинаи мобилро зеб медиҳанд. Ин хуб аст, ки Одил барои таъмини фароғати худ василаҳои арзонро истифода мебарад, аммо ачиб аст, ки дар бойгонии ин мобил ҳам файли «Амри маъруф»-ро мебинам, ҳам файли «Секс»-ро.Идома»


