Дар роҳи масчид
Телефони дастии дӯстам Одилро гирифта бойгониашро кушодам. Таронаҳо, аксҳо, наворҳо ва бозиҳои шавқовар хазинаи мобилро зеб медиҳанд. Ин хуб аст, ки Одил барои таъмини фароғати худ василаҳои арзонро истифода мебарад, аммо бароям ҳайратовар аст, ки дар бойгонии ин мобил ҳам файли «Амри маъруф»-ро мебинам, ҳам файли «Секс»-ро. Яъне соҳиби телефон дар вақтҳои холӣ аз кор аввал наворҳои фаҳши шаҳватбарангезро тамошо намуда нафси худро то андозае гӯё оромиш мебахшад ва баъд аз он файли дигарро мекушояду мавъизаҳои воизонро бо таассуф аз гуноҳони худ мешунавад ва тавба мекунаду аз Худованд тақозо мекунад, ки гуноҳонашро бубахшад. Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам?…
Дар ин бора аз Одил умуман напурсидам. Зеро ин гуна файлҳоро дар телефони ҳамаи дӯстонам дидан мумкин аст…
…Чанд нафар мӯйсафед дар сояи чанори чойхонаи гузари мо нишаста, аз даврони ҷавониашон қиссаҳо мекунанд. Шишаи дуюм ним мешаваду пиёлаи шароб дар дасташон намеларзад. Нӯшатон бод! Пиёлаҳо пайи ҳам холӣ шуда, ба назди соқии 70 сола гузошта мешаванд. Худо қувват,… не инсофашон диҳад.
Акнун як гурӯҳ наврасонро мебинам, ки аз соати охирини дарси мактаб гурехта, ба намози ҷумъа мешитобанд. Бо онҳо ҳамроҳ шудам.
-Ҳа бачаҳо, хоҳиши дарсхонӣ надоред?
-Дорем-гуфт яке аз онҳо-аммо муаллими адабиёт ба ҷойи адаб ба мо ҳайвониро меомӯзад.
-Чи хел?-ба ҳайрат омадам ман.
-Ана ҳамин хел. Масалан номи ман Хар, номи рафиқам Буз, номи ҳамсинфи дигарам Маймун…
-Аҷиб… Зиқ нашавед, ӯ муаллим аст, маошаш кам, асабаш хаста мешавад…
-Ба ман чи фарқ дорад? Ман хонандаи мактабам, баъди дарс кор мекунам, падарам маъюб, зиндагиамон вазнин…
Аҷиб аст. Аксарият гумон мекунанд, ки кӯдакону наврасон парвои фалак надоранд. Аммо чунин нест. Ҳамеша калонсолон намегузоранд, ки хурдсоле ба сӯҳбаташон ҳамроҳ шавад. Ҳам дар оила, ҳам дар мактаб, ҳам дар ҷаъмият ин насл гӯё ҳақ надорад, ки дар қабули қарорҳо садо баланд намояд? Албатта озодии хурдсолон ҳадди эътидол дорад, аммо ҳамин гуна озодии раворо кӣ бояд ба онҳо таъмин кунад?
Ба масчид наздик омадем. Дӯстони хурдсоли ман истоданд.
-То вақти намоз ҳоло вақт ҳаст,-гуфт яке.
-Воиз амри маъруф карда истодааст, даромада гӯш мекунем,-даъват намудам ман.
-Не!
-Чаро?
-Он муллои насиҳатгӯ ҳар ҳафта мавзӯъи мавъизаашро аз бадахлоқии занҳои бозорнишин оғоз мекунад. Падари ман маъюб, модарам фурӯшандаи бозор аст. Агар ман аз рӯйи гуфтаҳои ин воиз амал кунам, кадом рӯз бар сари модари заҳматкашам мушт мебардорам…
Ё Оллоҳ! Ин хурдсолонро чи гуна ақлу хирад омӯхтӣ, ки аз аблаҳии бузургсолон адаб меомӯзанд? Ҳарчанд омӯзгоронашон садди роҳи ин наврасон мешаванд, аммо инҳо ба сӯйи ибодатгоҳ мешитобанд. Мехоҳанд, ки ҳақиқат, адолат ва ростиро аз даргоҳи Ту талабанд. Аммо дар ин ҷо ҳам воизи ноогоҳи хурофотие аррос зада онҳоро озор медиҳад ва дили наврасонро аз Ислому шариат хунук ё дар замири онҳо ақидаи нодуруст ба вуҷуд меоварад. Ба воизон фарҳанг омӯз, то дар байни мардум даъвати дуруст кунанд…
Саволборон кардани хурдсолонро дӯст медорам. Хостам бо дӯстони хурдсолам то вақти намоз як пурсиши равонӣ гузаронам:
-Бачаҳо, як муаммо мегӯям!
Дӯстони хурдсолам мутаваҷҷеҳ шуданд.
-Заврақе дар ихтиёри Шумост. Савори он дур аз соҳили баҳр шино мекунед. Ду шахсеро мебинед, ки заврақашон шикаставу кам мондааст, ки ғарқ шаванд. Наздик омадед, ки яке Тоҷик ҳасту дигаре яҳудӣ. Шумо имкон надоред, ки дар заврақи худ аз як нафар зиёдро ҷой диҳед. Кадомеро наҷот медиҳед?
-Албатта Тоҷикро!-баробар гуфтанд хурдсолон.
-Чӣ, магар яҳудӣ инсон нест? Оё ӯ ба кӯмаки Шумо ниёз надорад?
Бачаҳо ҳайрон монданд.
-Шумо аввал Тоҷик ҳастед ё Мусалмон?-дигарбора суол додам.
-…???
-Тоҷики Мусалмон!-ниҳоят гуфт яке.
-Офарин!-гуфтам хушҳолона-Яҳудие, ки ба ёрии аввалини Шумо ниёз дорад ҳидоятёфта будааст, яъне Мусалмон. Тоҷик бошад аз Ислом рӯ гардонида ба дини Масеҳӣ гаравидааст. Акнун Шумо бояд якеро наҷот диҳед. Яҳудии ҳидоятёфтаро ё Тоҷики Масеҳиро?
Бачаҳо намедонистанд ба чӣ хулоса оянд. Хеле ба фикр фурӯ рафтанд. Ниҳоят яке бо ҳаяҷон тадбирашро ёфт:
-Медонам. Мо бояд дар ин ҳол низ ба Тоҷик ёрии аввалинро расонем. Он фарзанди яҳудӣ агар ҳидоятёфта бошад Мусалмон мемирад, ки ин барои инсони миранда шарафи бузург аст. Мо Тоҷики Масеҳиро наҷот медиҳем ва ӯро ба дини дуруст ҳидоят мекунем!
-Офарин!!!
Бачаҳо хушҳол шуданд, аммо яке дар шигифт монда буд:
-Охир, яҳудӣ ҳам инсон буд… -мегуфт ӯ.
Шавқам омад. Суолҳои сарвайронкунак диҳам?
-Бачаҳо! Расули Худо(дуруд ба номаш) дар ҳадиси худ ба ҳамин маънӣ гуфтааст, ки ҳама инсонҳо ба андозаи дандонаҳои шона баробаранд. Агар мо Тоҷикро ба хотири ҳаммиллат будан аз марг наҷот диҳему яҳудиро бо заврақи шикаста ба коми мавҷхои баҳри беканор партоем гуноҳ аст! ӯро ҳам бояд наҷот дод. Ин рисолати инсонии мост.
-Чи кор кунем?-ҳайрон монданд хурдсолон.
Бачаҳо ба таҳлука афтода буданд, гӯё ин ҳодиса ба вуқӯъ омада буд.
-Яке аз Шумо бояд аз рӯйи рисолати инсондӯстӣ ҷойи худро ба яҳудӣ диҳед ва худ ба ҷойи ӯ ба заврақи шикаста нишинед. Шояд ягон додраси дигар Шуморо наҷот бидиҳад. Худованд наҷотдиҳандагонро нигаҳбон аст. Кӣ ин ҷасоратро дорад?
-…
-???
-!!!
Бачаҳо хомӯш монданд. Чи ҳам мегуфтанд? Ҷон ширин аст.
-Ман ба ҷои яке аз шумо бошам, ҷоямро ба яҳудӣ дода, худам ба заврақи ӯ менишастам-гуфтам ба онҳо.
-Аз мурдан наметарсед?
-На, чаро аз марг тарсам?
-Шумо террорист-мӣ?
Ё Оллоҳ! Ман худамро ба хотири инсондӯстӣ қурбон кунам, оё террорист номида мешавам? Охир тасмим нагирифтаам, ки дар издиҳоми мардум худро тарконам! Агар не, пас чаро ин наврас дарҳол ба ин тасмими инсондӯстонаи ман баҳои паст дод?…
-Оллоҳу Акбар, Оллоҳу Акбар…
Садои муаззин баланд шуд. Мо банамоз шитофтем…
***
Дӯстони хурдсолам дар сафи охир истода намоз мехонданд. Ман ҳам дар паҳлӯяшон истодам. Онҳо ҳангоми намоз ҳар хел нағма карда қиқир-қиқир механдиданд. Дигар хурдсолони намозхон низ ором набуданд. Ришкалоне аз ин кори хурдсолон ба хашм омада намозашро вайрон кард ва ба дӯстони навраси ман таҳдид намуд, ки дар сурати дубора хандиданашон аз масчид берун мекунад…
Баъди адои намози ҷумъа боз ҳам ҳамроҳи дӯстони хурдсолам баргаштем. Ин навбат хомӯш роҳ мерафтем. Ногоҳ яке аз наврасон истоду гуфт:
-Ёфтам!
-Чиро?
-Ҳеҷ кас аз заврақ намефарояд. Яҳудиро ҳам метавонем наҷот диҳем!
-Охир дар заврақ танҳо ба як нафар ҷойи нишаст ҳаст, ба нафари дуюм ҷой нест-гуфтам ман.
-Ҳаст!-бо боварӣ гуфт наврас-дил васеъ бошад ҷой меёбем!
Якҷоя хандидем…
Дар зери сояи чанори чойхонаи гузари мо мӯйсафедони барнодил ҳанӯз шиша холӣ мекарданд. Маълум набуд, ки шишаи чандумро холӣ менамуданд, аммо ҳақорату дӯғу пӯписаашон ба якдигар аз пештара баландтар буд…
Рости гап ба андешаи ман хурдсолони боандешаву худотарс аз бузургсолони бехирад бузургтаранд…
Шеъргуна:
Пираке дар намоз гиря намуд,
Баъд аз он қаҳру макру фитна намуд.
Кӯдаке дар намоз ханда намуд,
Баъд аз он бар Худой тавба намуд…
Соҳибёр ТОЛИБ
7 июни 2010
Душанбе


tashkkur baodari aziz khelo magolai jolib khudo muvaffag kunad shumoro
БИСЁР КИССАИ ЧОЛИБ БУД БАРОДАР СОХИБЁР .
ДАР ХАКИКАТ МАСЧИД ЧОИ ИБОДАТ АСТУ КУЪОН ХОНИ.
Хабар аз илми дин кун ахли динро,
Макори тухм хар шура заминро.
Бидонад ташна кадри косаи об,
Надонад кур кадри нури махтоб.