Депутатжурналист

Субҳи 10 феврали соли 2011. Завҷаам маро “Депутат, хезед!” гӯён аз хоб бедор кард. Аз ин гуна муроҷиати Ҷамила ҳайрон шудам.
-Имрӯз, ба сини депутатӣ расидӣ, муборак!-гуфт ӯ хушҳолона.
Бале, имрӯз чаҳоряк қарн аз умрам гузашту 25 сола шудам. Президенти оилаи худ ҳастам! Аммо завҷаам маро бо синни депутатӣ шодбош мегӯяд. Чаро? Шояд мехоҳад, Ҳукумати оиларо аз дасти ман бигирад ва ман Парлумон бошам? Хобатро ба об гӯй, занак! Ман то охири умр Президенти ту ва фарзандонат хоҳам буд ва Ҳукуматро аз дасти ман бо ҳеҷ эътироз гирифта наметавонӣ! Ё мехоҳӣ шавҳаратро берун аз оила депутат бинӣ? Орзуи хуб аст, аммо…
Журналистони зиёдеро мешиносам, ки орзуи депутат шуданро доштанд. Талош менамуданд, ки ба майдони сиёсати бузург ворид шуда Порлумонро бедор кунанд. Кӯшишҳои ҳамкасбонам ба ман хуш меомад ва дастгириашон мекардам. Аммо нокомиашон дар интихобот маро нороҳат ва дилгир мекард…
Оё мардум журналистро интихоб накарданд, ё мафияҳо нахостанд, ки журналисти ҳақиқатҷӯе вакил интихоб шуда дар Порлумон садо баланд кунад?
Чум…
Ба ҳар сурат Президенти оила ҳам бошам, “Депутат” гуфтани завҷаам бароям хуш омад…
Солҳои донишҷӯӣ.Он айём 10 феврал бароям рӯзи ғайримуқаррарӣ ба ҳисоб мерафту мехостам зодрӯзамро бошукӯҳ ҷашн гирам. Аммо пул надоштам. Имрӯз, ки пулам њаст, дӯст намедорам, ки дар рўзи зодрӯзамхуднамої кунам…
Соли 2004. Донишҷӯи дуюмкурс будам. Бо ҳафтаномаи “Зиндагӣ” ҳамкорӣ мекардам. Дар арафаи зодрӯзам чанд саҳифа ёддошт навиштам ва он дар “Зиндагӣ” нашр шуд. Ҳоло онро мехонаму ба ҷумлаҳои содаву кӯдаконаам механдам. Навқаламона навишта будам, ҳоло ҳам навқаламам. Хоҳиш мекунам, агар вақт дошта бошед, хонед:

Аз гоҳвора то тайёра
Зимистони соли 1986. Сардии фасли сарморо чандон ҳис намекардам, зеро дар батни модар будаму меҳри пурҳарорати ӯ маро гарм мекард. Ҳама мунтазири ба дунё омаданам буданд. Ман бошам саросема набудам. Охир дар он ҷо қадами каҷ монда наметавонистам, гуноҳ содир намекардам, ба касе лафзи бад намегуфтам, ором мехобидам, касе маро дашном намедод ва касеро дашном намедодам. Ҷойгоҳи хубе буд, батни модар…
Падару модарам барои ман номи муносиб меҷустанд. Падарам мегуфт:
-Писар шавад номашро Исо ё Муҳаммад мемонем.
Модарам мегуфт:
-Ба хаёлам духтар аст! Номашро Марям ё Омина мемонем. Ман инро мешунидаму бозавқ механдидам…

Шӯхиҳо ва навозишҳои ошиқонаи падару модарам маро хуш меомад ва тоқати шунидани муноқишаеро надоштам. Модарам рӯзи дароз радио гӯш мекард. Ман низ суханварии ровиёнро бодиққат шунида ҳанӯз дар батни модарам орзуи суханвар шуданро доштам… Девона! Чаро орзу накардам, ки тоҷир шавам, бой шавам. Охир намедонистам, ки рисолати сухандӯстӣ ранҷи беҳад кашидану бо музди кам тоқат кардан аст…
Ниҳоят, пас аз 9 моҳу 9 рӯзу 9 соат ба дунё омадам…
-Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон!-гуфтам зери лаб. Бигзор бовар накунед, вале ман чунин гуфта будам ва онро дар ёд дорам. Шумо ҳам ҳангоми ба дунё омаданатон исми Ҳақро ба забон овардаед. Дурусттар фикр кунед шояд ба хотиратон меояд…
Бо тамоми қувва мегиристам. Зеро аз ҳамон замон дарк кардам, ки махлуқи хатокору мирандаам.
Ман гиря мекардаму гиря мекардам…
Дигарон механдиданду механдиданд…
Фурсате гузашту худро дар оғӯши гарме ҳис карда бо азобе пилкҳои часпидаи чашмонамро боз кардам. Нигоҳам ба нигоҳи олиҳае бархӯрд. Олиҳа бо чеҳраи гарму чашмони пурмеҳраш дар дили кӯчаки ман гулхани умед афрӯхт. Модарамро шинохтам! Шукр, ки ба дунё чашм кушода аввал чеҳраи пурнури ӯро дидам! Чеҳраи ӯ зафарманд буд, мамнун менамуд, нигоҳи пурмеҳраш муҳаббати покашро ошкор мекард. Беовоз табассум кардам, ӯ ҳам табассум намуда аз пешониам бӯсид.
Модарам аз Худованд хост, ки қисматам нек гардад, умри дароз бинам, иқболи баланд ёбам, хушбахт шавам, дар дами пирӣ асояш бошам… Ин хоҳишашро аз дафтари чашмонаш хондам. Аммо ӯ аз куҷо медонист, ки мани безабон алакай орзуҳои худро дорам. Орзу дорам, ки дар шаҳрҳои бузург зиндагӣ кунам, бо одамони бузург ҳамнишин шавам, соҳиби корҳои бузург бошам… Медонам, ки модарам ҳам рушди фарзандашро мехоҳад, аммо намедонад, ки имрӯз маро дар канор парварда фардо дар интизорам музтар менишинад, то ман аз сафарҳо ояму ӯ маро чанд рӯз меҳмон кунад. Бечора модарам, чаро ӯ ин қадар содаву меҳрубон аст?..
Бо кӯмаки момодоя оббозӣ кардам. Сипас модарам маро шир дод. Шири гарму ширин! Лаззати дунёро аввалин бор аз шири поки модарам чашидам. Шикамчаи ман алакай аз шири гарму ширин сер шуду ғамам дур. Касе гуфт, ки то 12 солагӣ гуноҳам ҳисобида намешавад. Аз ин иттилоъ дилпур шуда ҳаётро бо гуноҳ оғоз кардам. Аввалин бор бо даҳони бедандон синаи модарамро газидам, баъд аз он парпечи сафедро забзард карда дасти модарамро ифлос кардам, ғаш карда модари бечораамро зиқ кардам, хулоса аз гуноҳ кардан дигар парҳез надоштам. Охир гуфтанд, ки то 12 солагӣ фурсати гуноҳ кардан дорам!
Маро ба толоре бурданд, ки дар он ҷо ҳамсолонам дар катчаҳои хурд мехобиданд. Онҳо бо як овоз «инга-инга» гӯён мегиристанд. Ман ҳам ба садои онҳо ҷӯр шудам. Холаи Хайринисо ба назди ҳар яки мо омада сар то поямонро хабар мегирифт, парпечамонро дуруст мекард ва ифлосиҳоямонро тоза менамуд.
Субҳидам момодоя маро ба назди модарам бурд. Мазза карда шир макидам. Баъд аз чанд лаҳза марде ба аёдатамон омад. Модарам аз тиреза мардро ба ман ва маро ба он мард шинос кард. Аз чеҳраи нурониаш падарамро шинохтам. Падарам бо чашмони пурмеҳру пурумед ба ман нигариста даст афшонд. Ман табассум кардам ва хостам ба ӯ даст афшонам, аммо дастонамро аз парпеч бароварда натавонистам…
Баъд аз чанд рӯз падарам ману модарамро аз таваллудхона бароварда ба хонаамон бурд. Ҳангоми ба хона ворид шудан бибиам ба сару рӯям орд пошида маро дуои нек дод. Гуфт, ки тезтар калон шавам, мактаб равам, аскарӣ равам, хонданӣ равам…
Дар хона маро аз даст ба даст мегардониданд. Назарҳои пурмеҳр маро хушҳол мекард.
Бобоям маро ба бағал гирифта боҳаяҷон гуфт, ки аз ман бӯйи биҳишт меояд! Ӯ ба ман «Соҳибёр» гуфта муроҷиат кард. Пай бурдам, ки ин номи ман аст. Хурсанд шудам, зеро ин ном ба ман писанд омад! Ҳеҷ кас ба номгузории бобоям зиддият нишон надод. Дарк кардам, ки дар ин хонадон гапи ӯ қонун аст. Мардак барин, ба худ гуфтам, ки дар оянда сиёсати бобоямро меомӯзам, то дар оила гапам қонун бошад. Мардсолориро аз ҳамон ҷо омӯхтам…
Бобоям ба гӯшам паст паст азон гуфт, то аз кӯча комунисти содиқе садояшро шунида рӯзашро сиёҳ накунад…
Маро ба гаҳвора хобонида дасту поямро бастанд. Чаро ин хел карданд? Метарсиданд, ки гурехта наравам? Ё ба қавли ҳамон донишманди бузург дасту поямро бастанд, то дар асирӣ қадри озодӣ бидонам?
Шаби аввал гоҳвора бароям писанд наомад. То субҳ гиристам. Аз гиря шикамам дард кард. Модарам хуни ҷигар шуд. Бибиам гуфт, ки ба ман чашм расидааст ва бо буридаи нон ба шикамам зада кинаро берун рондан хост:
-Чашми амакаш расида бошад кинааш барояд, чашми холааш расида бошад кинааш барояд, ъаф чуқ-чуқ! Аз дар омада бошад барояд, аз тиреза даромада бошад, барояд, ъаф чуқ-чуқ!..
Бибиам бо ангушташ аз сиёҳии таги дег дар пешонии ман як холи калон гузошт. Ба дасту рӯи модарам оби хунук пошида супориш дод:
-Ин нонро ба сагу гурба диҳед, то дарди шиками бачем ба сагу гурба гузарад…
Аз ин амали бибиам ҳайрон шуда каме ором гирифтам. Дарди шикамам низ фарромӯш шуд…
Дертар ба гоҳвора ҳам одат кардам. Аниқтараш ба тақдир тан дода ҳаёти асиронаро ба худ қабул намудам ва ниҳоят ин хоначаи ларзонаки чӯбин бароям писанд омад. Бибиам модарамро насиҳат мекард:
-Кӯдак кӯзаи гарм асту модар кулол! Агар дасти кулол каҷ бошад, кӯза каҷала мешавад. Вақте кӯдакро ба гоҳвора мебандед, қоматашро рост кунед. Агар не, ё китфаш, ё гарданаш, ё қоматаш каҷ шуда мемонад…
Давраи шӯравӣ буд. Дар кунҷи хонае, ки ман мехобидам, 1 халта қанди сафед, 1 филак қайлаи гӯшти гӯсфанд, 4 халта орди навъи якум ва боз кимчиҳои дигар меистод. Ба қавли калонсолон замони серию пурӣ ва даври коргару деҳқон буд. Занҳо озод буданд, ба саҳро мебаромаданд, пахта мечиданд, тамоку мекоштанд, трактор савор мешуданд, дар говҷӯшӣ, пахтачинӣ, табакчинӣ, таваллудкунӣ ва дигар корҳои барои Маскав манфиатовар мусобиқа мекарданд. Бонувоне, ки дар давоми 10 сол ба ҷонашон раҳм накарда 12 фарзанд таваллуд мекарданд, унвони қаҳрамонмодарро мушарраф мегаштанд, барои кӯдаконашон ҳар сол аз Ҳукумати ғамхори Шӯравӣ пул мегирифтанд, аксу тарҷумаи ҳолашон дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» чоп мешуд. Хулоса давроне буд, ки модарони мо шабу рӯз кор мекарданд. Аммо ин ба мани кӯдак писанд намеомад. Зеро чун занони дигар модарам ҳам маҷбур буд, ки маро танҳо гузошта ба саҳро барояд ва бо дугонаҳояш дар меҳнати зарбдор мусобиқа кунад. Бибиам кӯдакбон буд. Ман сахт гиря мекардам. Охир ташнаи шир ва ниёзманди меҳри модар будам. Модарам аз табакчинӣ хаста шуда меомад. Ману ӯ якдигарро дурудароз мебӯидем. Аз либоси ман бӯйи мезак ва аз либоси ӯ бӯйи табак меомад. Ин ба ман писанд буд, аммо аз бӯйи табак гаранг шуда хобам мебурду бедор мешудам, ки боз модарам нест…
Шабҳо модарам дасташро даруни рӯйпӯши гоҳвора карда мехобид. Ман дастони ӯро бо дастчаҳои хурдакакам молида захмҳои сӯзани табакро бо оби даҳонам тар мекардам. Бечора модарам, сӯзани табакгузаронӣ нӯги панҷаҳояшро чӣ қадар захмин кардааст…
Падарам дар паси гоҳвора паст-паст «Қуръон» тиловат мекард, то комунисти атеисте аз кӯча фаҳмида пагоҳ ӯро дар байни колхозчиён «хурофотпараст» муаррифӣ накунад.
Давраи шӯравӣ буд, аҷаб давраи серу пур буд…
Ман оҳиста-оҳиста калон шудам. Падару модарам барои ман боз хоҳару додар оварданд…
Шӯравӣ пош хӯрд…
Ҷанги бародаркуши Тоҷикистон ба сари мо шикастҳои зиёд овард. Гурустнагӣ, нони ҷаву ҷуворимаккаву курмак, хунрезиҳо, кӯкнорокорӣ, нашъаҷаллобӣ, говдуздӣ, бадбахтиҳои пайдарпай…
Азияти ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузашт. Акнун ҳамдеҳагони ман нони ҷаву ҷуворимакка намехӯранд, тамоку ҳам намекоранд. Дар деҳа мардон камшуморанд, зеро мардум муҳоҷиратро илоҷи асосии пеш бурдани зиндагӣ мешуморанд. Падарам чандин сол инҷониб ба Русия мераваду меояд. Тамоми бори зиндагӣ ба дӯши модарам мондааст. Хешу таборон ба хурдтарин ҷузъиёти зиндагии падару модарам баъзан дахолат карда дар ҳаққи модарам ҳар чӣ мегӯянд. Аммо модарам дар ҷавоб хомӯш аст. Фақат мегӯяд, ки Худованд аз Арш ҳамаашро мебинаду медонад…
Ман дар 1 сол 1 маротиба меҳмони падару модарам мешавам. Волидайнам маро ба воя расонида ба шаҳри бузург гусел карданд. Ба маҳфили шахсиятҳои бузурге гуселонданд, ки онҳо ҳам замоне чун ман падару модари пирашонро дар байни кӯҳҳои баланд танҳо гузошта худашон ба шаҳри бузург омадаанд. Ҳоло падару модарам аз ман чизе тамаъ надоранд, ҷуз дидоре, ки он ҳам баъзан пас аз солҳо чанд соат насиб мегардад…
Гоҳо ба фикр фурӯ рафта замони аз шири модар ҷудо шуданамро ба хотир меоварам. Бовар кунед, дар хотирам он лаҳзаи душвор мондааст, аммо агар гӯям ба ин атрофиёнам чандон бовар намекунанд. Аҷоиб хислат доранд, ин одамон, ба гапи дурӯғ бовар мекунанду ба гапи рост шубҳа доранд…
феврали 2004
Ҳафтаномаи «Зиндагӣ»

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers