Орзубек

Аз дафтари солҳои донишҷӯӣ бидуни таҳрир ҳикояеро пешниҳоди хонандагон мегардонам.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

-Орзубек бачаи хуб аст. Ба ҳеҷ кас зарараш намерасад. Аммо як хислаташ ба ман писанд намеояд. Ҳамеша табъаш хира аст.

- Зан надорад, барои ҳамин. Зан, ки гирифт ҳамааш хуб мешавад.

-Зан гирад аз ин ҳолаш бадтар шуданаш мумкин. Зеро зиндагӣ мушкилиҳои нав пеш моварад.

-Хайр чӣ? Табъи Орзубекро ману ту хира накардем-ку! Охир ўро кӣ намегузорад, ки хурсанд шавад? Хурсанд шавад!

-Ҳамту гуфтам-дия…

-Нагўй! Дар бораи худат фикр кун.

***

Орзубек орзуҳои беохир дорад. Ў мехоҳад, ки падараш доро бошад, аммо афсӯс, ки чунин нест. Ў нақша дошт, ки баъди мактаби ибтидоӣ ба ягон донишгоҳи бонуфузтарин дохил шуда баъди хатми донишгоҳ фавран соҳиби мансаби баланд шавад. Ғайр аз ин Орзубек орзу дошт, ки ҳамчун овозхони маъруф шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо кунад. Ў метавонист ситораи машҳуртарини ҷаҳонӣ дар соҳаи кино шавад, аммо ба ў ягон кас имконият фароҳам наовард. Дар ҷодаи шоирӣ ҳам қаламашро санҷида дид. Умуман ба ақидаи Орзубек аз ӯ ҳама чӣ баромаданаш мумкин, фақат…

Орзу айб нест…

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Падараш омўзгор ва модараш дўзанда мебошанд. Зиндагиашон дар шароити зодгоҳашон чандон бад нест. Аммо Орзубек аз ин қаноатманд шуда наметавонад. Ў ҳайрон аст, ки чаро падараш омўзгор ва модараш дўзанда ҳастанд? Чаро дар вақташ соҳиби дигар касб нашуданд? Чаро падараш кўшиш накард, ки аққалан раиси ягон чордевор шавад, то Орзубек бо истифода аз мақоми ў маишат карда гардад?

-Ман нашудам ту шав!-мегўяд падараш. Кўшиш намо, хон, ақлатро кор фармо…

Падараш хост писари орзупарвараш ба ягон донишгоҳи зўррасаш қабул шуда таҳсил кунад. Аммо Орзубек ҳанўз ягон донишгоҳро интихоб накардааст. Ба ақидаи ў дар донишгоҳи шатномааш қимматтарин хонда шахси мўътабар ва намоён шудан мумкин аст, аммо ба ин зўри падараш намерасад. Барои ҳамин ҳам Орзубек панҷ сол инҷониб нохонда гаштааст.

Орзу айб нест…

***

Орзубек ошиқ аст. Ошиқи духтари як тоҷири бадавлат. Ў орзу дорад, ки он духтарро ба занӣ гирад. Як тўй кунад, ки мардум «ҳа… тавонист!» гўянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Модараш мегўяд:

-Майлат, нағз дида гир, аммо пояро ба чени пойи давлатмандон дароз накун…

Барои Орзубек басо аламовар аст. Чаро онҳо давлатманд нашуданд?.. Ба ақидаи Орзубек ҳамааш айби падараш аст. Агар падари ў давлатманд мебуд, ин вақт Орзубек монанди фарзанди дигар давлатмандон ба ҳама орзуҳояш мерасид…

Орзубеки хаппак орзу мекунад, ки ҳама имкониятро барои ў ҳукумат фароҳам оварад. Ў боре тасмим нагирифтааст, ки коргоҳашро, манзилашро, имкониятҳояшро худаш созад. Ў дар зиндагӣ самти муайяни ҳаракат надорад. Ҳаёташ карахту беҳаракат аст. Дар ҳаёт ҳадаф, талош, кўшиш, хулоса надорад. Ў як ҳунар дорад, ки он орзуву рўъёст. Дили Орзубек китобхонаро мемонад, китобхонаи орзуҳои беохир. Орзубек мунтазир аст, ки рўзе аз рўзҳо ё падараш, ё ҳукумат, ё ягон ташкилот, ё ягон соҳибдавлати савобҷў дасти саховат кушода ба ў мегўяд:

-Ма, гир! Дар ҳаққи ман дуо кун!

Бо чунин хаёлоти ширин чашмони Орзубек медурахшад…

Орзу айб нест…

***

Панҷоҳ сол аз умри Орзубек гузашт. Агар фурсати умраш сад сол бошад, ними умраш гузашт, агар ҳафтод сол бошад,  бештар ҳаштод дар сади умраш, агар панҷоҳ сол бошад, ҳама умраш бо орзупарварӣ сипарӣ гашт…

Падару модараш дар ҳасрати ҷомаи амал пўшидани орзуҳои бепоёни Орзубекашон аз ин олам реҳлат карданд. Мероси аз онҳо монда чандон бад набуд. Аммо ин дар назари Орзубек ночиз тофт. Аз он чизе ки хаёлан тасаввур мекард, камтар буд. Ў метавонист бо он оила бунёд кунад, аммо накард. Охир орзуҳои дигаре дошт, ки бояд то оиладор шудан амалӣ мешуданд…

Мерос кам-кам садақаи сари танҳои Орзубеки бекор мешуд…

Ниҳоят он тамом шуд, аммо Орзубек ҳанӯз орзу мекарду орзу мекард…

Орзу айб нест…

***

Ахиран Орзубек ба як орзуяш расид. Савобҷӯёнеро дид, ки бе кӯшишу талоши ӯ ҳам дар бораи хушбахтиаш фикр мекарданд. Ҳамсояҳо барои савоб як косагӣ орд ҷаъм карда Орзубекро маҷбуран зан доданд. Хуб кори савоб карданд…

Орзугул хеле зани аҷиб будааст. Ў аз шаби аввал ба Орзубек писанд омад. Орзугул ҳам панҷоҳ сол инҷониб орзуҳои зиёдеро дар дил парварда даҳҳо хостгорро рад карда ниҳоят умраш гузаштааст. Ҷавононе, ки дар гузашта гирифтори Орзугул будаанд, аз чанд ҷиҳат ба духтар писанд наомадаанд. Орзугул ба ҳамаи онҳо ҷавоби рад дода ниҳоят «умрам меравад» гӯён дар сини панҷоҳсолагӣ ба Орзубеки ҳамсолаш тану ҷону нафсашро мебахшад. Инак бинед, ки тақдираш ба як марди мисли худаш орзупарвар пайваст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Зиндагии пурорзуи Орзубек ва Орзугул оғозр шуд. Онҳо орзуҳои худро дар мавриди зиндагии ояндаашон, фарзандони ҳанўз ба дунё наомада, манзили боҳашамат дар лаби рўди равон ё баҳри беканор ва чизҳои дигар аз сифр сар карданд…

Зану шавҳар рўзи дароз менишастанду орзу мекарданд.

-Зиндагиашон зебост. Шояд то охири умрашон бо чунин орзупарварӣ якашон ду намешавад ва зиндагиашон бо сифр анҷом хоҳад ёфт…

Илоҳо, хулосаи мо нодуруст барояд ва ин оилаи орзупарвар ниҳоят қарори дуруст қабул кунад. Омин!

июли 2005

деҳаи Равоти ноҳияи Панҷекат

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers