Фарзандамро қурбонӣ кунам?
6 ноябри соли 2010. Ватқте ту дар ин субҳи пойиз ба дунё омадӣ падарат ғарқи гуноҳи кабирае буд. Таваллуди ту падаратро ғарқи фараҳ кард. Он рӯз ҷашни қабули Сарқонуни Ватан буд. Аз падарат пурсиданд, ки номи фарзанди нахустинатро чӣ гузоштӣ? Шӯхиомез гуфт, ки Қонуншоҳ! Аммо… дар ҷомеъае, ки қонунҳо нақз мешаванд ва аз рӯзи таваллудат ҳуқуқатро поймол мекунанду туи навзод наметавонӣ, ки аз худ дифоъ намоӣ, ин ном муносиби ту нест, азизам! Арзандаи ин ном кӯдаки навзодест, ки баробари чашм кушодан ба ин дунё барои ҳуқуқаш садо баланд кунад! Бубахш, ки ин номро барои ҳамон тифли рӯъёиям нигоҳ медорам ва омаданашро интизорӣ мекашам.
Бобоят номатро Фараҳманд гузошту падарат дар майдони илтиҷо нишаст, дар ҳузури Худованд гирист, барои саховаташ шукр гуфт, туро, ки ҳадяи Ӯ буди, бозпас ба Ӯ ҳадя намуд. Падарона насиҳат мекунам; ҳадяи бузурге барои ҷомеъаи бузург бош!
6 ноябри соли 2011. Боз ҳам рӯзи Сарқонуни Ватан, аммо аҷаб толеъи баланде доштаӣ фарзандам, ки яксолагиат ба рӯзи мубораке мувофиқ омад. Иди саиди Қурбон! Иброҳими халилуллоҳ, ки меъмори Хонаи Каъба аст, дар ин рӯз фарзандаш Исмоилро мехост, ки қурбонӣ кунад. Исмоиле, ки баъди интизориҳои тӯлонӣ, дар синни 84 солагиаш Худованд ба Паёмбар ҳадя кард. Паёмбарзода бузург шуд ва падараш солҳо дар фироқи фарзанд буд. Чун фармони Ҳақ расид бархесту ба дидори фарзанд рафт. Теғ дар дастони Иброҳим меларзид, охир Падар бояд фарзандашро қатл мекард, фармон аз Арш аст! Исмоил бошад, сабур буд ва Падарро итоат мекард, зеро Иброҳим Худованро итоат менамуд. Бо муҳаббати Фармонраво гӯсфанд ҳозир шуд ва фарзанди Паёмбар аз теғи Падар наҷот ёфт. Онҳо хонаи Каъбаро сохтанд, ману ту чӣ месозем, Фараҳманди азиз?
Бибиат ба ту шеъри “О барачаи мастам”-ро мехонад. Аммо аз Худованд ба ман бахшиш талаб намо, ки барачаи масте, ки туву бибиат ҳар рӯз барояш обу алаф медиҳед дар ин рӯз қурбонӣ намекунам, балки туро бе фармони Худованд қурбонӣ мекунам!? Қурбоние, ки савоб нест, балки гуноҳи кабира аст. Туро дар ҷомеъаи пур аз фасоду ғайбату мансабталошиву маҳалгароиву ношукрӣ ба камол расонидан магар қурбони нест? Қурбонист!!! Аммо ту ҳушёр бош, Фараҳманди азиз! Ба гуфтори ҳар кас бовар макун, ба ҳар гуна филму барномаву суруд таваҷҷӯҳ манамо, ҳар гуна либосро дӯст мадор ва дар оянда ҳатто аз навиштаҳои ҳар китоб лаззат мабар! Зеро замоне ман аз хондани асарҳои нависандагони атеист лаззат бурда муртакиби гуноҳ мешудам. Ба Худованд шаккокӣ мекардам, ҳидояти падарро шунидан намехостам, аҳли динро бад медидам. Ниҳоят Худованд маро ҳидоят кард, туро низ ҳидоят кунад, азизам!
Оҳ, Худованд мани мусофирро бубахшад, ки бо ту ҳоло бозӣ намекунам, туи бегуноҳ, ҳоло дар беморхонаиву дастам намерасад, ки саратро падарона сила кунам. Дуруст аст, ки дасти падари аксари ҳамсолонат, ки дар деҳаи худамон камол ёфта истодаанд, ба сари фарзандашон намерсад. Зеро медонам, ки аксари онҳо дар мулки ғарибӣ барои шумоён нон меҷӯянд. Охир шумоён акнун нон мехӯред, кулчачаи танӯрӣ, мо бошем батони русӣ… Шояд туву ҳамсолонат гумон кунед, ки зиндагӣ аз азал, дар тамоми дунё ҳамин гуна буд ва ҳамингуна идома меёбад, падар дар Русияву модар дар канор. Ин андеша нодуруст аст, фарзандам, зеро шумоён ҳанӯз таърихи нисфаш дурӯғро нахонаед ва ояндаро аз рӯйи ақл тасаввур намекунед. Ё шояд туву ҳамсолонат зиндагиро аз мо беҳтар мефаҳмед? Намедонам, ҳар ойина Худованд доност ва андешаҳои шуморо ҳарф ба ҳарф мехонад…
Фарҳманди азиз, ту акнун яксола ҳастиву хурд нестӣ. Модаратро ғам мадеҳ. Бибатро аз номи ман бибӯс. Ҳар гоҳе, ки дасти бобои мусофиратро мебӯсам, тасаввур мекунам, ки ту чи гуна дасти падаратро мебӯсида бошӣ? Боз фаромӯш накарда бошӣ, ки бобо дорӣ! Ӯ ҳанӯз ту ба дунё намомада ба Русия омада буду ҳар гоҳ аксатро тамошо карда ғоибона туро навозиш мекунад, шукр мегӯяд, ба ту тани сиҳату умри дароз металабад… Худованд ба бобоят низ тани сиҳату умри дароз дода бошад…
Чанд рӯз аст, ки падарат ғарқи гуноҳ аст, намозҳояш қазову хотираш парешон. Имрӯз, ки иди Қурбон аст, ҳоло ман таҳорат карда ба майдони илтиҷо менишинам ва бароят тавфиқу инсоф ва имони комилу дили рӯшан металабам. Фаромӯш накун, ки Худованд сахист ва дуоро мустаҷоб мегардонад. Ту бошӣ, тифли ҳушуёр бош, дар ҷомеъае, ки бо дасти ман ва дастгирии сокинон “қурбонӣ” шуда истодаӣ бар муқобили нораво саркашӣ намо ва қурбони фасоду ғайбату мансабталошиву маҳалгароиву ношукриву гуноҳҳои дигар машав! Ба сӯйи адолату ҳақикату созандагиву сулҳу саодат ва дигар амалҳои савоб раҳсипор шав!
Худованд муъаллими ту бошад, яксолагиат бо иди Қурбон муборак Фараҳманди азиз!



Офарин,Дустам! Худованд Шуморо нигахбон бошаду сарфарозу муваффак гардонад….Хеле оли навиштед….Ид Муборак бошад!!!
Ташаккур бародари гироми. Худованд нигахдоратон!
Бехтарин, ташаккури зиёд. Мо курбони чунин хуввият.
Ба гуфтахои субхон розиям оли хеле оли
Рахмат суратои чияна дида ёд кардам. Тагош.
Бехтарин суханхо халолат бод