“Холаата …(хамон гап)” баъди намоз!(?)
30 август. Маскав, иди саиди Фитр. Субхи пурфайзу футухе буд. Кучахои Маскав пур аз мухочир ва хар сари кадам корманди пулису ОМОН. Аммо ачибаш дар он буд, ки касе аз мухочирон хуччат намепурсид.
Роххи атрофи Масчиди асосии Маскав баста буду мардум аз худравхо фаромада пиёда суйи намозгох мешитофтанд. Аз растахое, ки чизхои макбули мусалмонон ба фуруш гузошта шуда буд, буйи мушку анбару атри Мадина меомад. Аксари фурушандагони ин чо точикони мо буданд. Аксари харидорон хам точикон буданд!

Як лахза чашмамро пушида ба гуфтугузори фурушандаву харидорон гуш додам. Кариб бовар намудам, ки дар ким кадом растаи атфурушии шахри Душанбе хастам.
Торики мавкеъи худро бар шафак медод. Дар гушае як гурух чавонон намози бомдод мехонданд. Имом точик буд. Аз паси эшон истода бомдодро хондам. Хушхол шудам, ки дар намозгох аксаран хамватанони худро мебинам.
Баъди чанд лахзаи интизори дари масчидро кушоданду намозгузорон «Оллоху акбар!» гуён ба даруни масчид давиданд. Ман хам хамрохашон давидам.
Пушти дари бинои асосии масчид, ки он чо имом менишаст он кадар одам чаъм омад, ки бехисоб! Хама мехостанд, ки ба бинои асоси ворид шаванд, харчанд дар толори дигар ва дар хавлии масчид чой хеле зиёд буд. Кормандони тартибот омаданд ва ба чаъмомадагон фахмониданд, ки хамаро наметавон дар бинои асоси чой дод, 5-нафари бонавбат даромада чойхои худро ишгол намоед. Бокимонда ба толори дигар, таххона, хавлии масчид ва куча чой гиред. Як гурух намозгузорон пароканда шуданду грухе навбати вуруд ба бинои асосиро интизори намуданд. Амо дар ин миён як гурухи муктадире хамдигарро теле дода мехостанд бенавбат вориди бино шаванд. Аксарияти ин гурухро (забонам намегардад, ки гуям:) ТОЧИКОНИ МО ташкил медоданд. Як нозире, ки дар дасташ микрофон буд, бо ЗАБОНИ ХУДАМОН мефахмонд, ки тартиботро риоя намоем, аммо хамсолони хамватанам гуё шунидан намехостанд.
Нихоят як нафар корманди пулис асаби шуду ба сари намозгузорон дод зад:
-От суда Кааба невидно!
ТОЧИКОНИ МО бошанд тела медоданду тела медоданд. Кашокаш анкариб як соат идома кард. Ман аз сокиное, ки дар пешайвонхо истода чунин бетартибиро тамошо мекарданд, шарм доштам. Аз мусалмонони бомаданияти тотор, ки ба бенизомии «землякхои» ман афcус мехурданд шарм доштам. Аз Худованд шарм доштам…

Инхо обруйи миллати точикро дар назди мусалмонони Маскав, обруйи мусалмонро дар назди сокинони гайримусалмони Маскав резониданд. Хотирам озурда шуд.
Намози идона анчом ёфту ба кучахи Маскав дигарбора пургалогула шуд. Баъди намоз хар кас хамрохи худро мечуст. Садои як нафар хамсоламро шунидам, ки бо забони ХУДАМОН тавассути телефон ба хамсухбаташ чунин мегуфт:
-Холаата …(дашноми кабех) кучо дайи? Холаата …(хамон гап) намеёвумут!
Оё намози идонаи чавони хакоратгуву намози идонаи шунавандаи у кабул шуда бошад?
Хамсолони азиз! Биёед, пеш аз намозу ибодат аввал маданияти Исломро омузем. Биёед миллату дини худро байни дигарон шарманда накунем. Чи гуфтед?

Добавить комментарий