Як рӯзи муҳоҷирбача
Инак як моҳ аст, ки аз ҳавои Маскав нафас мегирам. Аксҳо барои таҳияи гузоришҳои тасвирӣ ва мусоҳибаҳо барои таҳияи барномаи радиоӣ ҷаъмоварӣ намудаам, ки баъдан пешниҳоди Шумо хоҳам кард. Мушкилоти муҳоҷиронро дида дилам месӯзад, мавзӯъҳои зиёде дар сарам чарх мезананд, аммо намедонам чаро наменависам?
Имрӯз аз қабати ҳуҷҷатҳое, ки дар компютерам маҳфуз аст, файлеро пайдо намудам, бо номи “Як рӯзи муҳоҷирбача”. Ин қиссаро 3 сол қабл, баъди аз Маскав ба Ватан баргаштанам навишта будам. Саргузашти воқеист, фақат номи қаҳрамонҳо иваз карда шудааст. Навиштаи солҳои донишҷӯист, бетаҳрир пешниҳоди Шумо менамоям:
10-уми майи соли 2008. Ҳаво хира ҳам бошад, рўҳи Равшан болида аст. Ў соати 04:00-и субҳ аз хоб бедор шуд. Пеш аз ин саҳархезӣ барояш басо душвор буд. Ҷамшед ӯро бо доду мағал бедор мекард. Ӯ бошад чашм кушодан намехост.
Аввал чун одати пешина аз ҷойгаҳ нахеста ашёҳои хонаро як-як шуморид. Ва билети тайёра ба хотираш омаду парида аз ҷояш хест.
Ҷамшед ҳанӯз хоб аст. Равшан тирезаро кушод, то ба хона файзу футӯҳи саҳар дарояд. Сифону Барада дар берун баланд-баланд механданд. Кайфашон ҷӯр аст. Дар рӯйи харак нишастаанд. Дастурхонашон газетаи «Московская комсомолец», нозу неъмати субҳонаашон нони булка, пивои «Жгулёвский», ҳасиби мўҳлати истеъмолаш гузаштагӣ ва як қутти сигори бӯйни «Тройка». Онҳо Ҷамшеди хушҳолро дида худ аз худ ба нишоти ин тоҷик рашкашон омад:
-Ҳар чӣ ҳам бошад бомжи ватани худамон ҳастем,-бо овози баланд пичинг зад Сифон то Равшан фаҳмад.
Барада бошад дар ҷавоб баланд-баланд хандид.
Ба Равшан бошад, ин гаппаронии бомжҳо сахт нарасид. Аз дусар онҳо масту алкашанд ва Равшан дар қиёс ба онҳо марди оқил аст. Ӯ дар ҷавоби ин таъна оши палави шабмондаро дар як халтаи салафанӣ бардошта аз тиреза ба бомжҳои рус дароз кард. Онҳо аввал аз ин меҳрубонии тоҷик ба ҳайрат омада ба ҳам нигаристанд, баъд аз он ҳарду ба зери тиреза ҳаракат карданд.
-Хоҳу нохоҳ шумо мардуми мусалмонед ва хатои мо алкашҳоро мебахшед-узрхоҳона гуфт Сифон.
-Хатои Шуморо Худо бубахшад-гуфт дар ҷавоб Равшан.
Онҳо палавро дида чашмонашон дурахшид.
-Рублёвка бароятон макони беҳтар буд. Чаро ҷойи маишатро партофта омадед?-пурсид Равшан.
-Мо ягон вақт дар Рублёвка набудем. Он намоиши телевизионие, ки Шумо дидаед, дурӯғ аст. Бомжҳои Рублёвка аз мо гуруснатаранд…
Аз ин гуфтугузор Ҷамшед бедор шуд.
***
Соат бо вақти Маскав 09:30 дақиқа. Ҷамшед машғули кор аст. Ба сақфи хона фурӯзонакҳоро часпонида хатҳои барқи хонаро танзим мекунад. Равшан намедонад чӣ кор кунад. Рахти сафарашро як рӯз пеш баста буд. Ҳоло ҳамкораш ӯро намемонад, ки ба ягон кор даст занад…
Равшану Ҷамшед дар шаҳри Балашихаи канори Маскав кору зиндагӣ мекунанд. Корфармоёнашон зану шавҳари хубанд. Дағалӣ намекунанд. Хислати бади онҳо ин аст, ки дар алоҳидагӣ ҳамдигарро ғайбат намуда ба ҳамдигар кам-кам хиёнат ҳам мекунанд. Масалан Лена агар танҳо ояд аз Костя шикоят мекунад:
-Мардҳои мо монанди шумо содиқ нестанд. Медонам, ки Костя ба ман хиёнат мекунад, аммо аққалан майзада набошад,-баъд аз он боиштиёқ ба Равшан нигариста мегӯяд: Намехоҳи баъзе шабҳои туро ба ҷойи Костя оғӯш карда хобам? Ман кайҳо инҷониб медонам, ки мардони мусалмон дар бозиҳои маҳрамона хеле боқуватанд…
Равшан аз шиддати шарми мусалмонӣ сурх мешавад…
Костя бошад дар набудани Лена ғайбатро сар мекунад:
-Ман афсӯс мехӯрам, ки чаро зани мусалмон нагирифтам. Занҳои мусалмон ба шавҳаронашон хиёнатро раво намебинанд. Масалан ман медонам, ки шумо тоҷикон дар Русия чандин сол кор мекунед ва занҳои шумо то рафтанатон пеш аз ҳама номусашонро ҳифз мекунанд. Агар ба ҷойи онҳо Ленаи ман бошад, як рӯз бе секс тоқат карда наметавонад. Пули калон ҳам дошта бошам, дар хона хӯроки тоза намехӯрам. Лена як кило макаронро меҷӯшонад ва бист лӯлакабобро пухта дар яхдон мегузорад. Ҳар бегоҳ ӯ худаш ва ман худам онро гарм кардамехӯрем. Магар ҳамин ҳам зиндагӣ шуд? Шумо мусалмонон дар оила қадри баланд доред. Ҳар шом хӯроки тоза ва бомаззаро аз дасти хонуматон мехӯред…
-Инро Шумо аз куҷо медонед?-мепурсанд Равшану Ҷамшед хушҳолона.
-Ман дар шаҳраки Чкаловски канори Хуҷанд таваллуд шуда солҳои 1994 ба Маскав омадаам,-мегӯяд Костя. Дар Тоҷикистон ҷанг сар шуд, хонаамро ба як билети тайёра иваз карда омадам. Ҳоло пушаймонам. Зеро Тоҷикистон беҳтар буд, дар онҷо фарзандон фарҳангӣ камол меёбанд.
-Ин ҷо чӣ?
-Ин ҷо ҳам хуб аст, аммо ман, ки падар ҳастам, бо чашми худ мебинам, ки духтари 13-солаам ҳаёти худро алакай ба секс бахшидааст. Ў дар поёни бино ҳар рўз як буққаи нав ёфта сару рўяшро мелесаду ман аз пешайвон тамошо карда ба дахолат кардан ҳуқуқ надорам. Писарам мехоҳад, ки дар оянда бо мард хонадор шуданашро Думаи давлатии Русия қонунӣ гардонад. Дар ҷаъмияти мо фарҳанги бараҳнагӣ бо суръат рушд мекунад. Магар ҳамин ҳам зиндагӣ шуд?
Ҷамшед мехоҳад Костяро тасалло диҳад:
-Русҳо ҳам фарҳангу адабиёти баланд доранд…
-Доранд, аммо русҳои имрӯза русҳои пештара нестанд. Худашон русӣҳарф зананд ҳам падарашон рус нест,-маъюс мешавад, Костя.
Костя аксар вақт маст меояд. Ӯ Равшану Ҷамшедро дӯст медорад. Зеро мебинад, ки Равшану Ҷамшед ҳалолкор ва бовиҷдонанд. Шароб наменӯшанд, дӯрӯғ намегӯянд ва боэҳтироманд. Костя мегӯяд:
-Барномаи «Наша Russia»-и ТНТ умуман ба ман писанд нест. Зеро онҳо миллати Шуморо таҳқир кардаанд. То ҷое медонам, Ҷамшед асосгузори Наврӯзи муқаддаси шумост. Аммо дар ин барнома номи мубораки ӯ масхара карда шудааст. Ман то имрӯз ягон тоҷикро надидаам, ки монанди қаҳрамонҳои ин барнома гаранг бошад. Баръакс аз дасти Шумо корҳои зиёде меояд, ки аз дасти мо намеояд. Таҳиягарони барномаи «Наша Russia» аблаҳанд. Онҳо надидаанд, ки дар баробари он, ки Шумо ба пули мо ниёз доред, мо ҳам ба қувваи кори Шумо ниёз дорем,-Костя боғазаб туф мекунад. Ман Галустянро мешиносам. Ӯ худаш рус нест! Ӯ на мард асту на зан… Ӯ «голубой»(лутӣ) аст!…
Ин субҳ ҳам Костя омад. Имрӯз табъи ӯ хира аст. Зеро аз рафтани Равшан хушҳол нест…
***
Соат бо вақти Маскав 12:40 дақиқа. Қаҳрамон омаданӣ буд, наомад. Ин мард, акои Ҷамшед ва тағои Равшан аст. Костяву Лена музди Равшану Ҷамшедро ба воситаи Қаҳрамон медиҳанд. Зеро ӯ дар ин миён нақши миёнаравро мебозад, ба қавли русҳо «посредник». Ӯро корфармоёни рус бо забони худашон «Герой» мегӯянд. Герой дар ҳақиқат «герой» аст. Дар фиребгарӣ, дурӯғгӯйӣ, пуштигӯшзанӣ ва лофу газоф ҳеҷ кас ба ӯ баробар шуда наметавонад.
Равшан гузашта аз ин дар кўчаи Мячковои шаҳраки Литкарино кор мекард. Ҳамроҳи белорусҳо оби ойинатозакунак барои мошин истеҳсол мекарданд. Шефашон як марди грузинӣ Георгий Волфович онҳоро пушти гӯш зада музди корашонро кам медод. Аҷибаш ин буд, ки ҳанӯз бӯҳрони молиявии ҷаҳон дар хотири касе набуду Георгий Волфович аз бӯҳрон изтироб дошт. Равшан барои худ ҷойи кори нав ҷустуҷӯ кард. Чи ҷин зад, ки ба тағояш Герой занг заду тағояш ба ӯ як халта ваъда дод. Равшан надонист, ки тағояш доманашро аз чормағзи пуч пур кардааст. Ниҳоят аз найранги тағояш бехабар бо Герой Волфович хайрухуш карда роҳ сӯйи Балашиха пеш гирифт…
***
Соат бо вақти Маскав 13:50 дақиқа. Ҷамшед ҳарчанд муқобил баромад, аммо натавониист, ки ҳамкорашро аз роҳаш баргардонад. Равшан хост як лаҳза ба кӯча барояд. Ӯ ба худаш бовар дорад. То имрӯз ӯро ягон милисаи рус сахт ғам надодааст. Ӯ борҳо шоҳид буд, ки тағояш Герой остини кастуми қимматашро барзада мошини милисаҳоро шустааст, хазони ҳавлии милисахонаро рӯфтааст, аммо дар милисахона ҳамеша бахт ба рӯйи Равшан механдид. Якумаш, ки ӯ ҳуҷҷати дуруст дошт, дуюмаш, сафедпӯст буда тарзе мегашт, ки ӯро аз таҳҷойиҳо фарқ кардан душвор буд.
Дар назди дарвозаи бозори «Сопта» мошини милиса меистод. Равшан аз ин мошин ягон зарра наҳаросид. Зеро ӯ ба худаш бовар дорад. Тавассути телефон бо падараш сӯҳбаткунон вориди бозор шуда назди растае таваққуф кард. Ин даъфа тири Равшан хок хӯрду клонгириаш натиҷаи мусбат нишон надод. Дасте ба китфаш омад.
-Оҳ! Ҷаноби милиса!..
Шикори милисаҳо барор гирифт. Дар муддати ним соат шаш нафар тоҷику ӯзбеку қирғизро дастгир карда ба яке аз флиалҳои Хадамоти муҳоҷирати Русия дар шаҳри Балашиха оварданд. Равшан ҳуҷҷат дошт, аммо бо вуҷуди ин милисаҳо пул кандан мехостанд. Аммо он миқдор пуле, ки милисаҳо мехостанд, Равшан дар киса надошт. Дигар ҳамроҳон низ ҳуҷҷат доштанд, аммо ҳуҷҷаташон дар қайди Балашиха набуд…
Балашиха яке аз шаҳрҳои ҳарбиёни Русия аст. Дар ин шаҳр бе рухсатномаи Хадамоти бехатарии Русия даромадан мумкин нест.
Милисаҳо онҳоро хуб масхара карданд. Гӯё ба ҳайвон муносибат мекарданд, аммо рафтори худашон ҳам аз рафтори ҳайвон беҳтар набуд. Яке аз ҳамроҳон ҷавони Самарқандӣ буд. Ӯ ҷавони эҳсосӣ ва шоиртабъ будааст, ки аз ин гуна муносибати милисаҳо озурда шуда ба шеърхонӣ пардохт:
Ман марди ғарибам, дар шаҳри ғарибӣ,
Заҳр аст насибам, аз шаҳди ғарибӣ.
Дилро чӣ ҳавоест, дар ин манзили ғурбат?
Сад таъна ба ҷайби дилу як нақди ғарибӣ,
Кай мешиканад, ақрабаки вақти ғарибӣ?…
-Оё дар Самарқанд худро ғариб эҳсос намекунӣ?-шӯхиомез пурсид Равшан.
Ҷавон аз ин суоли Равшан ҳайрон шуд:
-Чаро?
-Охир, Самарқану Бухоро дар ҳайати Ӯзбекистон шаҳрҳои мусофиранд!
Аз ин хулосаи Равшан хандиданд. Фақат ин гап ба ду нафар ӯзбак хуш наомад…
***
Соат бо вақти Маскав 18:10 дақиқа. Милисаҳо диданд, ки аз санг садо мебарояду аз Равшан не. Ҳуҷҷаташро ба дасташ дода аз милисахона берун карданд…
Герой телефонашро намебардорад. Ӯ ҳанӯз музди чормоҳаи Равшанро надодааст. Равшан бо ҳамаи пули доштааш билети тайёра гирифт. Ҳоло дар даст ягон рубл надорад, ки баъди ба Душанбе фаромаданаш дар Чойхонаи «Роҳат» чой нӯшад. Ба ҳар сурат ба Душанбе расад, дигар азоб намекашад. Зеро ин шаҳр бо ҳама каму косташ мардуми меҳрубону сахӣ ва дастурхони бобаракат дорад. Кори тағояш бошад, аламовар аст. Зеро Герой дар зимистони сарди Русия Равшан ва ҳамроҳони ҳамзабонашро дар сохтумони яке аз мактабҳои навбунёди наздики истгоҳи Николский кор фармуд. Дар хоначаҳои оҳанини тангу сард зиндагӣ мекарданд, ба як қуттӣ сигор пул надоштанд. Герой бошад, аз ваъдааш намемонд. Фақат пули хӯроки рӯзмарраи коргаронро медоду таъкид мекард, ки камтар хӯранд. Дар он мактаб шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Молдова кор мекарданд. Аз ҳама арзон ӯзбакҳо кор мекарданд. Зеро онҳо на ҳуҷҷат доштанду на макони истиқомат. Онҳо розӣ буданд, ки ба хотири ҷойи истиқомат бепул кор кунанд. Ин ба тоҷикон ва қирғизҳо хуш намеомад. Зеро гурӯҳи ӯзбакистониҳо меомаданду мудом нархи корро аррзон мекарданд. Равшан борҳо ӯзбакҳоро зери мушту лагад гирифтааст. Зеро баъзеи онҳо ҳангоми ба дасти милиса афтиданашон худро тоҷик муаррифӣ мекунанд. Охир онҳо ҳуҷҷат надоранд. Боре як ӯзбакистонӣ дар ҳузури Равшан ба милисаи рус худро тоҷикистонӣ муаррифӣ карда ба даҳону биниаш як мушти тоҷикӣ хӯрд. Милисаи рус он ӯзбакистониро аз дасти Равшан халос карда гуфт:
-Айби ин нест, ки аз ӯзбакистонӣ буданаш ор мекунад. Ин айби урток Ислом Абдуғаниевич Каримов, ки бахилтарин президент дар Осиёи Марказӣ аст.
***
Соат бо вақти Маскав 02:15 дақиқаи шаб. Фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав. Тайёраи Маскав-Душанбе ба парвоз омода аст!
Автобус дар назди тайёра таваққуф кард. Мусофирон аз он фаромада ба сӯйи тайёра ҳаракат карданд. Равшан ба зинаҳои тайёра қадамҳои устувор зад. Аз ин ҷо то Ватан як қадами дигар!
Телефонии Равшан занг зад. Оҳ, Герой!
-Лаббай тағо!
-Роҳи сафед…
-Хайрият!
-Аз ман хафа нашав, ҷиян. Охир як ту фиреб нахӯрдӣ-ку!
-Аз фиребгар соқ не, девона хафа мешавад… Ва ба фиребгар ҳам ман барин девона бовар мекунад-посух дод Равшан.
-Барои чӣ ҳамаатон барои ризқатон аз ман домангиред? Як бор аз Худо донед…
-Худованд ризқи бандагонашро ба воситаи бандагонаш медиҳад. Рост гуфт Расули Худо(с)! Агар бандаи восита ба ризқи бандаи зердаст зомин шавад, ба лаънати Худо гирифтор аст.
-Амри маъруф бас… Бубахш, ки ба хайрухуш рафта натавонистам.
-Хайрухуш намекунем. Зеро кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад…
Ин суханон барои Геройи беномус хандаовар аст. Равшан бовар дорад, ки Герой аз фиребу найрангаш дар назди ҳамватанонаш шарм намедорад. Зеро ин найрангбозиро бори аввал содир накардааст…
-Кош ба ҷойи ӯ гурба роҳамро мебурид…-афс=с хурд Равшан.
Падари Равшан дар Маскав монд. Ӯ дар яке аз заводҳои сохтумонии Люберци панҷ сол инҷониб кор мекунад. Падараш Равшанро намепартояд. Барои ӯ Равшан хонда номбардор шавад шуд. Равшан бошад дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ғоибона таҳсил намуда ҳамзамон аз якумкурсиаш дар матбуот ва радио кор мекунад. Баъди даҳ рӯз дарси онҳо оғоз хоҳад шуд. Равшан имсол хатмкунанда аст. Ӯ ҳарчанд бо дасти холӣ ба Ватан бармегардад, аммо аз ин ҳиҷрат пушаймон нест. Зеро дар ин сафар Коремлро дид, ҷасади беҷони Ленин-боборо зиёрат кард, бо ҳаёти муҳоҷирони кишвараш дар Русия шинос шуд… Ин саргузашт дар ҳаёти рӯзноманигории ӯ даркор мешавад. Равшан умед ва боварӣ дорад, ки ҳамватанонаш як умр фармонбардори корфармоёни хориҷӣ нестанд. Тоҷикистони ӯ нав дар ҳоли рушд аст. Ҳамааш тадриҷан хуб хоҳад шуд. Ба қавли бобояш Кремро ҳам дар як рӯз бунёд накардаанд, ки мо ҳам дар як рўз ба ҳама муваффаққиятҳо ноил шавем. Равшан ба ояндаи кишвараш хушбин аст…
Чархи тайёра аз сарзамини ғарибӣ канда шуд…
26. 09. 2008
Душанбе


Добавить комментарий