“Журналистҷӯгӣ”
Як моҳ рухсатии меҳнатиамро дар зодгоҳам деҳаи Равоти ноҳияи Панҷакент гузаронидам. Завҷаам шарт гузошта буд, ки кори эҷодӣ накунам, китобу газета нахонам, шаби дароз дар Интернет нанишинам, бо аҳли оила ба мавзеъҳои таърихию тафреҳӣ рафта истироҳат намоям. Аммо бо деҳқонӣ машғул шудан бароям иҷозат буд. Ҷамила ҳатто хоҳиш менамуд, ки барномаҳои таҳлиливу иттилоотии телевизионро тамошо нанамоям:
-Дурӯғаш зиёд аст, беҳтараш клипконсерти Нозияро тамошо кунем,-мегуфт ӯ.
Хулоса завҷаам кӯшиш намуд, ки маро аз ҷараёни иттиллот ва кори эҷодӣ чанд муддат дур намуда фароғатамро таъмин намояд, аммо натавонист, ки комилан муваффақ шавад. Зеро дар дасти ман суратгираке буд. Ин дастгоҳ маро дар ҷараёни фаъолияти касбиам нигоҳ медошт. Завҷаам зоҳиран гумон мекард, ки барои фароғати хеш аксбардорӣ мекунам, аммо дар асл ман кор мекардам. Охир, корам ба худам писанд ва фароғатбахш аст. Ба иродаам бовар дорам, ки агар шароити олии зиндагиро бароям созмон дода хоҳиш кунанд, ки… нахоҳам даст кашид!!! Аз қалам дил меканам, аз навиштан не…
Ҷамила чун огоҳ шуд, ки аксбардории шавҳараш инъикоси рӯзгори мардум аст, хандиду латифаеро нақл кард:
-Лӯлиеро ба хонаи зебое ҳабс намуда ҳама гуна василаи зиндагӣ ва фароғатро барояш таъмин менамоянд. Гумон мекунанд, ки лӯлӣ бо дидани зиндагии шоиста тасмим мегирад, ки аз талбандагӣ даст кашад. Аммо чун аз хилватгоҳе лӯлиро назорат мекунанд, мебинанд, ки ӯ ба назди тоқчаҳои хона рафта садақа мепурсад ва аз ҳар тоқча чизеро гирифта ба халтааш меандозад…
-Пас ман “журналистлӯлӣ” будаам?
Ҳарду хандидем.
Иқрор мешавам, ки монади лӯлӣ ба корам сахт ошиқам…
Болои ин ҷумла нохун зада аксҳоро аз зодгоҳи ман тамошо намоед.


Добавить комментарий