1 коса ғами дил
Тамошо дар зодгоҳи шоири шодравони тоҷик Лоиқ Шералӣ. Он солҳо донишҷӯ будам ва навқаламона навиштам. Ҳоло ҳам навқаламам…
Имрўз меҳмони зодгоҳи Лоиқ ҳастам. Хаёлам деҳаи Мазораш як сабад гулеро мемонад, ки дар бағали кўҳҳои осмонбӯс гузошта. Танҳо синаи онро рӯде шикофта то Зарафшон тӯл кашидааст. Оби рӯд ашки хунолудеро мемонад, ки аз чашмаҳои ноаёни дараи танг ҷорӣ гашта, талотумаш ба оҳанги дутори мўйсафеди нобинои дар лаби рӯд нишаста, тақлидкорона ҳамовозӣ мекунад…
Бо пайроҳаи печдарпечи танаи кӯҳ ба боло ҳаракат мекунам. Насими форам якбора ба хашм омада хасу хасрӯбаҳои пайроҳаи хоколудро ба авҷи фалак мебардорад ва сайдашро дар самои лоҷувард муддате тоб дода, ниҳоят ба чашмони ман мезанад.
-Воҳ, чашмонам пур аз хок шуд! Ҳеҷ гап не. Чӣ бади дорад, 1 каф хоке аз қадамҷои бузургон буд, ба чашмонам дарояд? Шояд пас аз ин чашмонам рўшантар, нури чашмонам фузунтар ва нигоҳам ба зиндагӣ дигар шавад? Аҷаб содааму ин тахайюлотам орзуе беш нест. Дурандешиву равшанназарӣ аз Худои ман ва талоши ман аст, на аз хокбод дар қадамгоҳи равшанзамирон…
Қадамзанон то ҷангали Лайли мерасам. Арчаҳои қабосабзи ҷагали Лайлӣ аз фишори насими кӯҳсор ҷунбида-ҷунбида, чун наварӯсони шармгин ба ман гӯиё таъзим мекунанд ва беихтиёр пеши назарам духтари шармину саропо қабопўши тақводор ҷилвагар мешавад. Аз ин ташбеҳи худ, ба худ болида, мешитобам ва ҳамзамон дар байни арчаҳои «шармин» ягон-ягон арчаҳои шикасташоху камбарги дигарро мебинам, ки аз насими кӯҳсору аз ташрифи ман заррае парво надорад ва беихтиёр духтари нимурёну мағрури сабукпоро ба хотир меорам…
-Ба ҳар ҳол арчаи сершоху барг зеботар будааст, агарчӣ ҳар ду ҳам ҳусни хоси худро доранд…
На, тафриқаандозӣ намекунам, зоҳирпараст ҳам нестам, балкӣ арчаҳои сершоху баргро дар муқобили арчаҳои камшоху барги урён бартарӣ додам. Инсон ҳам метавонад, ба ҳамин монанд бошад ва аз табиат хислат ва зебои омўзад…
Аз боло ба поён менигарам. Хоначаҳои мушобеҳи қуттии гӯгирдро мебинам. Кулбаҳои гилини деҳаи Мазори Шариф, ки дар байни дарахтони гулпӯш худро пинҳон намуда, қисм-қисмашон намуда истодаасту девори кӯҳҳои кабуд қатор-қатор дар атрофи деҳа саф ороста гӯиё Мазори Шарифро аз кули балову қазо муҳофизат мекарда бошанд, аҷаб манзараи дилфиребу ҷаззобро ба вуҷуд овардаанд. Дилам ба ваҷд меояд ва мехоҳам бо тамоми овоз фарёд занам. Вале писарбачаеро мебинаму аз фарёди бемаврид худдорӣ мекунам.
Писарбача дарзаи ҳезум дар тахтапушт ба поён ҳаракат дорад. Аз вазни чингаҳои бурсу заранг миёнаш хамида, пойҳояш дир-дир меларзанд ва ҳайратовар аст, ки пайкари хурдакакаш зери вазни зиёд чӣ гуна тоқат мекунад.
Ӯ дуртар аз ман таваққуф карда, бо таҳайюр сӯям менигарад. Беихтиёр мисраъҳои мавзуни устод Лоиқ ба хотирам меояд:
Бачагиям бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт…
Гӯё дар симои писарбача бачагии устод Лоиқро мебинам.
-Ачаб хаёли хоме! Гўё дар бачагияш бо ӯ пеҳнабозӣ карда бошам…
Аз ин андешаи кӯдакона, хандаи пиронаам меояду баргашта роҳамро давом медихам…
Оби чашма синаи сангро шикофта аз баландӣ ба поён мерезад. Садояш дар фазои дараи хурд оҳанги махсусе дорад.
-Оҳанги табиат-ҳақиқати зиндагӣ!
Ханда мекардам ба сӯйи шар-шара,
Ханда меомад зи ҳар санги дара…
-Шояд устод Лоиқ дар зери ҳамин шар-шара завқ карда бошад?
Дурудароз манзараи зеборо тамошо мекунам, дар оби сарди чашма дасту рӯямро шуста аз он менӯшам ва бегуфтугў аз ин лаззат мебарам…
Сӯйи Хона-музейи устод Лоиқ мешитобам. Одамони гуногун онҷо даробаро доранду ман ҳам ҳамроҳашон вориди он макон мешавам.
…Акси зебои устод маро истиқбол менамояд. Чашмҳои пурмеҳри сураташ гӯё хайрамақдам мегӯяд меҳмононашро. Ба акси беҷон дурудароз наменигарам, чунки суратпараст нестам…
Рӯйи сандалии бобои чароғи қадимаи равғанӣ сӯхта, дудаш дар фазои тангу хомӯши хонаи нимторик ҳалқа мезанад ва хира-хира хонаро фурӯзон мекунад…
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният…
дигарбора гуфтаҳояш ба хотирам мерасад…
…Пушти қасаба танӯру оташдон, лавозимоти рӯзгори қадима, дар мехи девор ҷомаи падараш, рӯймоли чиғда-чиғдаи модараш ва ҷомачаи кўтоҳаки кӯдаконаи шоир ҳамоиланд. Аз гаҳвораи дар гӯшаи хона буда, бӯйи дилкаши тифли навзод меояд…
-Не, не! Буйи биҳишт аст!!!
Ба хонаи дигар мегузарам. Дар рӯйи мизи кориаш қалами буррояш бекор хобидаву касе ҷуръати бардоштани онро надорад. Дар зери миз бошад, порчаи пашмини пӯсти гӯсфандро дида ҳайрон мешавам ва суоломез ба марди дар паҳлӯям буда менигарам.
-Ин пӯстро модарам ба раҳматӣ Лоиқ ҳадя кардааст,-мегӯяд он мард. Ҳангоме, ки Лоиқи ҷавон ғарқи илҳоми шоирӣ пояшро рўйи замини хунук монда шеър менавишт, модар ин ҳолро мебинад ва «Пойи бачаякам аз хунукӣ дардманд нашавад!» гӯён ин пӯстро аз куҷое ёфта зери пойи фарзандаш мегузорад. Лоиқ то охири умр пой рўйи ин пӯст гузошта шеър менавишт ва ин то андозае барояш илҳомбахш буду ҳадяи модар барояш муқаддас…
Аз оҳанги аламовари суханрониаш ва аз чеҳраи ба Лоиқ монандаш бародари шоир буданашро шинохтам…
Ҳамааш содаву аҷиб аст. Вақте ки самимиятро мебинӣ чӣ гуна эҳсосоти худро фурў нишон медиҳӣ? Охир мард ҳам эҳсос дорад ва ҳассосият фақат хоси вуҷуди занона нест. Табиатан заифнолии мардонро дўст намедорам, аммо тааҷҷуб ва изтиробам аз он аст, ки чаро монеъи ашкрезии мард мешавед ва ин ҳолатро барои мард айб мегўед? Чаро шунидани дарди мардро дўст намедоред? Яъне дарду ормони мардро бо ашк не, бо қиса не, бо мушту лагад ва дашному ҳакорат шунидан бароятон хуштар аст? Бигузоред, то мард ҳам андаке заҳри дилашро барорад ва 1 коса ашк резад. Охир мард ҳам дарду алам дорад ва мехоҳад онро бо амале ифода кунад…
Дилам ганда шуд. Дубора бовар кардам, ки инсон новобаста ба мавқеаш мемурдааст. Баҳона пайдо шуд ва чанд қатра сиришк аз чашмонам шорид. Хайрият ҳамсинфонам ҳамроҳам нестанд, агар мебуданд «гирёнчаки облелак» гўён масхараам мекарданд…
Офтоб тамоман ғуруб мекунад ва деҳаи Мазори Шариф дар шомҳангом манзараи боз ҳам зеботарро мегирад. Кӯдакони деҳа бошанд, фориғ аз ғаму андўҳи рӯзгор дар қисми нисбатан ҳамвори деҳа бо доду ҳаёҳуйи баланд чиллакбозӣ мекунанд. Дар баромадгоҳи деҳа пиразанеро мебинам, ки дар рӯи санг амонат нишаста чашм ба дуродур медӯзад ва гӯиё касеро интизор аст. Панҷаи бераҳми рўзгор ба рӯяш изи худро гузошта онро ожанг номида, ки ин таъбир аз солҳои ангуштшумори умри пиразан дарак медиҳад. Солҳои ангуштшумор гуфтам-мӣ? Нодуруст гуфтам…
Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест,
1 камон 100 тирро бар хок яксон мекунад…
гуфтааст як шоири бузург.
Чархи дар ришта овезони ин модар дар дасташ фир-фир давр мезанад. Пиразар бошавқи зиёд чархро бо як дасташ дар зонуаш тоб дода ба арғушти он назар мекунад, гўё рақсҳои замони духтариашро ба хотир меоварад.
Акси модари шоирро дида будам. Ба модари Лоиқ хеле монанд. Расмаш дар рўзнома даркор шуда мемонад…
Суратгиракро мегирам ва сурат мегирамаш. Аз ҷилои суратгирак чашмаш ба ман меафтаду ваҷоҳаташ худ аз худ дигар мешавад ва саросема бо қарси сафедаш рӯяшро аз чашмони номаҳрами ман пинҳон мекунад. Ман аз ин кори худ каме шарм медорам ва тез-тез қадам зада ба роҳам меравам…
…Пас аз чанд рӯзи ба Душанбе омаданам ба Лучоб меравам, ба зиёрати оромгоҳи Лоиқ. Оромгоҳаш хоксорона аст, хеле хоксорона. Гулдастаҳои руйи он пажмурда шуда бошанд ҳам, аммо бар машоми кас накҳати тоза мебахшанд. Фасли гӯраш баҳорро мемонад. Баҳоре, ки Лоиқи ҷавон гулдаста дар даст, сари кӯча истода беқаророна раҳи дилдорашро мепоиду имрӯз он гулдастаҳои бастааш рӯйи гӯраш уфтода. Баҳоре, ки фасли илҳомаш буду онро баҳори ошиқӣ ном мебурд:
Баҳоре, ки баҳори ошиқӣ буд,
Дилам дар ишқи ёрон содиқе буд.
Аз он шодам, ки баъд аз ман бигӯянд,
Замоне дар замин як Лоиқе буд.
Бале, дигар Лоиқ чанористони шаҳри Душанберо андешамандона қадам зада, сӯйи Хонаи шоиру нависандагон роҳ намепаймояд, дигар ӯ ошиқона шеър намегӯяд, дигар ӯ нест…
Вале гуфта наметавонам, ки дигар ӯ ғами миллату миҳанашро намехӯрда бошад.Танҳо дили ғамхору ситамдидааш аз кор мондаасту халос. Он диле, ки чун дарё буду баҳрҳоро дар талотуми худ ғарқ мекард, он диле, ки ба ҳар дил ҳамдилӣ дошт, он диле, ки рӯзе аз тапидан бозмонду имкон дод, то дилҳои дигар дар тапиши доими бошанд…
Шеъргуна:
Дили Лоиқ чу дарё буд,
ки дар туғёни худ сад баҳрро зеру забун мекард
ва дар андўҳи миллат хешро дарёи хун мекард.
Дили Лоиқ чу дунё буд,
ки дар дунёи ӯ сад олами дигар асарҳо буд,
дар он сад шеъру оҳангу ғазалҳо буд.
Дили Лоик диловар буд,
ки дар он меҳри кишвар, меҳри модар буд,
ва он бо адлу озодӣ бародар буд.
Дили Лоик пур аз ғам буд.
Ғамаш ободиву аҳволи кишвар буд,
ба дарёи алам гӯё шиновар буд.
Дили Лоик садое буд,
Ватан мегуфту аз андўҳ хандон буд.
Ватан мегуфту аз хурсандӣ гирён буд.
Дили Лоиқ насиме буд,
ки аз бӯйи наҷибаш панҷаҳои сабз мерақсид,
вазида дашту ҳомунро ба ҳар гул ишқ меварзид.
Дили Лоиқ дили ман буд,
ки дар шеъраш фақат дарду аламҳои маро мегуфт.
Тақозои ману имрӯзу фардои маро мегуфт…
Соҳибёр Толиб
Ҳафтаномаи «Омӯзгор», майи 2005

Салом, Сохибёри азиз!
Бемухобот, ин матлаби бехтарин буд, ки дар чанд рузи ахир мутолиа кардаам.
Мутаассифона, харчанд соли 2005 навишта шудааст, то хол нахонда будам.
То хануз аз зодгохи устод Лоик дидан накардаам, аммо хамрахи ту гуиё сафар анчом додам. Тасвирхои оли ва бавижа, шеъре, ки анчомбахши матлабат хаст, бисёр хушам омад.
Офарин, дустам!
Дастат дард накунад!
Ташаккур бародари азиз! Ин лутфи Шумост. Шуморо ба зодгоҳи Рӯдакиву Лоиқ даъват мекунам. Аз он ҷо ба хонаи Падарам меравем, модарам палави 1×1 мепазад. Дар зодгоҳи ман барои меҳмон палав напазанд, хиҷолатзада мегарданд.))))
Агар ман ба чои ту мебудам Сохибёр оши чойхонаи Панчакент мегуфтам.
Сохибёр рузи ошхури, эъъъъъъ аниктараш рузи ба зодгохи Лоик рафтан дигар дустонро фаромуш накуни, мегуянд ошхурии дастачамъи, ээээээ тамошои оммави халовати дигаре дорад….
Иншооллох, гап дар сари он, ки кай химмати сафар кардан пайдо мешавад?