1 рўзи бачаи деҳотӣ

Саҳифаи ҳикояҳо»

Саргузашти бачаҳои солҳои 90-уми асри XX. Айёми донишҷӯию навқаламӣ ба ёди тағоям Сафар навишта будам, ки қурбони ҷанги таҳмилии Тоҷикистон шуда буд.

Очаи Сафар ба пиндори фарзандаш меҳрубонтарин оча аст. Гўё аз фарзандаш муттаҳам бошад, бо овози ларзон ӯро аз хоб бедор мекунад:

-Бачаҳакам, ба ҳезум меравам гуфта будӣ…

-Ҳозир оча,-базўр ҷавоб медиҳад Сафар.

Сафар ҷисми хастаашро бо азобе аз ҷойгаҳи хоб бардошт. Тамоми устухонҳои баданаш сўзиш мекунанд, гўё сангсораш кардаанд. Ба соат нигарист. Ақрабаки соат рақами 6-ро нишон медиҳад. Аз ҷой бархеста ба берун баромад. Насими форами субҳ ўро каме ҳушёр кард. Шустушў намуда ба хона даромад, ки алакай модараш ба ў ношто тайёр намудааст.

-Шарт нест оча, дер мешавад,-гуфту мўзаҳои кўҳнаи резинниашро афшонда пўшид.

-Ҷони оча, охир шиками гурусна чӣ хел меравӣ?

-Ҳоло иштиҳо надорам. Дар роҳ нон мехўрам, зиқ нашавед оча.

Рўймолчаи нонпечро аз дасти модар гирифта ба миён басту берун рафт. Харро зину банд карда табарро ба айил халонд. Савори хар ба роҳ баромад.

-Хавотир нашавед, очачон…

-Илоҳо сиҳату саломат баргардӣ,-даст ба рўй кашид модар.

Очаи Сафар намехоҳад, ки фарзандаш як лаҳза аз назараш дур бошад, аммо чӣ кунад, ки зиндагӣ дар ин деҳаи дурдаст чунин аст. Дар хона ҳезум нест, барқро ҳам хомўш мекунанд, дар пеш бошад зимистон…

То аз назар дур шудани фарзандаш дар дами дарвози истод. Сафар ҳам то дур рафтан ба хар чаппа нишаста бо модараш хайрухуш кард.

Очаи Сафар хеле зани зебост. Ягон оча монанди очаи ў зебою меҳрубон нест! Ин қадар муҳаббат дар дили очааш чӣ гуна меғунҷида бошад? Дар ҳаққи ў ҳар гуна гапи нодуруст ҳам гўянд ҷавоб намедиҳад. Борҳо кўшиш карданд, ки падарашро бо очааш ҷанг андозанд, аммо очаи Сафар ба онҳо чизе нагуфт. Фақат гуфт, ки: «Ҳаволаашон ба Худо! Ў шоҳиди ҳол аст ва ҳамаашро аз Арш мебинад…»

Дар ин русто баъзеҳо гумон мекунанд, ки аз ин гуна зиндагии беҳтар барои инсон насиб намегардад. Аксарияти сокинони ин кўҳдоман пушти кўҳро надидаанд. Фарзандони  ин деҳа худро хушбахт ҳис менамоянд. Онҳо аз субҳ то шом ва баъзан аз шаб то саҳар меҳнат мекунанд, дар ҳоле, ки аз подоши меҳнати худ дуруст бархурдор нестанд. Сарвари мактабашон маълумоти олӣ ҳам надошта бошад 4 фанро барояшон меомўзонад. Муаллимон кайҳо маошро фаромӯш кардаанд…

Сафар ва ҳамсолонаш субҳи барвақт бо доду ҳаёҳуй говҳои худро ба подаҷо  мебаранд, дар ғунучини тамоку ба волидайн мадад мекунанд, вақти холӣ дар мавзўъи чӣ гуна идора кардани харҳои масту саркаш ва дигар мавзўъҳои муфид сўҳбату машварат мекунанд, хислату психологияи хар, гов, буз, гўсфанд ва дигар ҳайвоноти хонагиро хеле хуб омўхтаанд… Умуман, ояндаи фарзандони ин кўҳдоман ба қавли мўйсафедони деҳа дурахшон аст!..

-Ҷанг тамом шуда истодааст, минбаъд ҳамааш хуб мешавад,-мегўянд муаллимон ба шогирдон.

Сафар ва ҳамдеҳагонаш дар як гўшаи Тоҷикистон зиста оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва хунрезиро надиданд. Аммо гуруснагӣ, хушксолӣ, бесамар мондани дарахтони мевадор, хурўҷи бемориҳои гуногун, мусибатҳои пай дар пай ва дигар бадбахтиҳо ба сарашон омадааст, ки ба қавли куҳансолон ҳамааш наҳси ҷанг буд.

-Ин ҷанг зиндагии моро 100 сол қафо бурд,-ноумедона мегуфтанд баъзе ҳамдеҳагони Сафар.

-Ба Худо умед кунем меҳрубонӣ мекунад,-мегуфтанд мўйсафедон. Мана Эмомалӣ ваъда дода истодааст, ки сулҳ мешавад, аз Афғонистон гурезаҳоро ба Ватан бармегардонад, Тоҷикистон обод мешавад, боз чӣ кор кунад? Иншооллоҳ ҳамааш хуб мешавад…

Сафар як одати аҷиб дорад, байни калонсолон гашта сўҳбати онҳоро гўш карданро дўст медорад…

-Их ҷонвар, их! Агар имрўз хуб хизмат кунӣ, 1 кило ҷав садқаи сарат. Их ҷонвар!

Халачўби дар дасташ буда шикаста пора-пора гашт, вале суръати хари пир тез нашуд. Бо дили нохоҳам аз хар фаромад. Хар «оҳи сабук кашида» каме тезтар қадам гузошт. Гоҳе ба алафҳои зардшуда даҳон зада, гоҳе аз зарби халачўб пешпо хўрда бо пайроҳаи пурпечутоб ба танаи кўҳ мебаромад. Рафту рафту рафт, ниҳоят ба ҷойи ҳезум расид. Харро аз банди пояш ба дарахте басту рўймолчаро аз миёнаш кушода дар лаби чашма, рўйи замин паҳн кард. Сари зону нишасту нонро шикаста дар оби хунуки чашма тар кард ва ҳарисона фурў бурдан гирифт. Нони ҷав чун ҳалво аз гулўяш мегузашт…

Пас аз ношто табарро ба даст гирифта рўйи санге баромаду атрофро бодиққат наззора кард. Гирду атроф саросар сокит, арчаҳои сарсабз чун наварўсон ба сўяш таъзим мекунанд. Қуллаҳои баланди осмонбўс ўро ба сўйи худ мехонанд. Дарёчаи дара, ки аз баландӣ ресмони сафеди пурҷилоро мемонад, бо ҷилояш ўро мафтун мекунад.

Ногаҳон сукути кўҳсорро садои парвози селаи кабкони дарӣ мешиканад. Фарросзанон аз болои сараш парида рафтанд. Ин садои ногаҳонӣ ўро ба ҳаяҷон овард. Аммо сухане, ки гуфтан мехоҳад, рўйи забон намеояд. Беихтиёр фарёд зад:

-Ҳо-ҳо-ҳо-ҳоооооооо!!!

Ва дара бо ў ҳамовоз шуд. Дилаш ба ваҷд омаду аз санг ба санг ҷаҳида дур рафт. Дар рўйи санге нишасту ба фикр ғўтавар гашт. Хеле андеша карду ногаҳон чизе ба хотириаш расид, ки парешон аз ҷой хеста сўйи хараш нигарист. Хар бепарвоёна пой мекўфт.

Дар фурсати кӯтоҳ 1 пуштора ҳезум ҷаъм овард. Ресмонро аз миёнаш кушода ҳезумро ба он баст ва ба пушт бардошт. Бори вазнин қоматашро каме хам кард. Тамоми қувваашро ҷаъм карда гоҳе аз танаи сангу гоҳе аз бехи буттае дошта ба боло ҳаракат намуд. Ҳезумро дар наздикии хар аз пушташ ба замин партофту андаке нафасаш ором гашт…

Аз пешаш як мори сиёҳи бадҳайбат баромад. Ба хотираш гуфтаи бобояш расид: «Моро бикуш! Агар кушта натавонӣ захмин накун, ки қасди ҷонат мекунад. Агар аз мор гурезӣ сарнишебу сарболо давидан хатарнок аст. Бо роҳи баракӣ дав, ки хазидан барояш душвор гардад! Ба чашмонаш дурудароз манигар, ки авра мекунад…»

Ба ақибаш нигоҳ накарда давид. Ба хар наздик шуда истод. Ба қафо нигарист, ки аз мор ному нишоне нест. Ба ҷасораташ хандааш омад…

Лаби чашма дароз кашид. Оби чашма шилдиросзанон ба поён ҷорист. Гўё бо шилдиросаш ўро алла мегўяд. Ҳаёташ якрангу дилгир, аммо хаёлоташ  рангин аст…

Дар тан шиму кастуми сиёҳ, дар гардан галстуки сурхи ҷилодор, дар даст китоби ғафси муқовааш рангин, дар дохили бинои боҳашамати донишгоҳ гаштугузор дорад. Духтарони нозукбадану нимурёни шаҳрӣ бо лабони пуртабассуму чашмони хуморӣ ба сўяш менигаранд. Ў аз нигоҳи духтаракони хиромон шармида ба синфхонае медарояд. Он ҷо як муаллими босалобати сафедмўй дарс мегўяд. Дар назди ҳар кас «телевизорчаи сафед».

-Шояд компютераш ҳамин бошад?

Ў ҳам дар назди яке аз онҳо нишаста тугмачаҳои дар наздаш бударо як-як пахш мекунад. Дар ойина аксҳои гуногуну рангоранг пайдо мешавад. Аз шодӣ қарсак задан мехохад, аммо ба хаёлаш мерасад, ки синфхона пур аз донишҷў аст. Касе ба ў аҳамият намедиҳад. Бовараш намеояд, ки дар курсии мактаби олӣ нишастааст.

…Садои ҳангоси хар ўро ба худ овард. Ҳушёр шуда дид, ки дар кўҳ ҳасту боз ҳамон ҳаёти пурмашаққати деҳот. Ба сўйи хар бад-бад нигарист, гўё ба ҳамаи ин хар гунаҳкор бошад. Боз ба андеша рафт. Дафтари орзуҳои амалинашудаашро як-як варақ зад… Кай падараш бо пули калон аз мардикорӣ бармегардаду ў низ чун дигар ҳамсолонаш донишҷўи мактаби олӣ мешавад? Кай остонаи мактаби олиро дар хоб не, балки дар бедорӣ медида бошад? Кай аз машаққати деҳа озод мешуда бошад? Кай..?

Ба ҳар сурат орзуҳои Сафар ҳадди худро доранд. Ҳангоми орзуву хаёл мекўшад, то имкониятҳои дастрасро ба назар гирифта аз ҳадди эътидол нагузарад. Модараш мегўяд, ки ҳеҷ нашавад гову молро фурўхта Сафарро ба хондан мефиристад. Мумкин аст, орзуҳои Сафар ногаҳон амалӣ шавад. Боз кӣ медонад? Охир нав дар кишвараш ҷанг хотима ёфта истодааст. Мегўянд, ки ҳанўз ҳам дар пойтахт баъзе бадхоҳон пайдо мешаванд. Илоҳо кўр шаванд…

Офтоб дар паси кўҳ ғуруб кард. Сояи қуллаҳо ба дили кас воҳима меандохт. Аз ҷой хест ва саросема ҳезумашро ба хар бор кард. Хар ду қадам намонда бор чаппа шуд. Аз шиддати хашму ғазаб дар шиками хар ду се лагади обдор зада аламашро паст кард. Ҳезумашро аз нав бор карда ба роҳ баромад.

Ҳангоми торикӣ ба деҳа расид. Дар даромадгоҳи деҳа суроберо дида дилаш таҳ кашид.

-Кист?

Аз садои воҳиманокаш ҷангалбонро шинохт. Ҷангалбон бо дашному ҳақорат бо табар ресмонро дар танаи хар зада пора-пора кард. Ҳезум ба ҳар сў пош хўрд.

-Хотири қишлоқдорӣ мекунам, агар не чунон ҷарима мекардам, ки… Ҳоло ҳам ба ман раҳмат гўй.

-Раҳмат…

Сафар бе ҳушдори ҷангалбон ҳам медонад, ки ҳифзи табиат вазифаи ҳар 1 шахс аст, аммо агар дар хона ҳезум набошад дар ин бесиветӣ модараш бо чӣ нону хўрок мепазад?

То хонаашон гирист. Дар дами дарвоза модараш ўро интизор буд. Модар рўзи дароз бо ёди фарзандаш нишаста буд. Чун торикӣ фаро расид дигар тоқати дар хона нишастан накарда ба кӯча баромад. Сафарро хаставу харро беҳезум дида ҳайрон шуд.

-Чӣ шуд, писарам?

-Ҷангалбон…

-Ҳа… Ҳеҷ гап не писарам, мо рўзҳои аз ин вазнинтарро гузаронида будем, ин рўзҳо ҳам мегузаранд… муҳим он, ки сиҳату саломат омадӣ. Худованд аз Арш ҳамаашро мебинад…

Очаи Сафар хеле зани зебост. Ягон оча монанди очаи ў зебою меҳрубону хушгуфтор нест!..

Барқ хомўш шуд. Модар бо хасу хори ҷаъмовардааш дар оташдон алав гиронда чой ҷўшонид. Фарзандаш нону қаймоқ хўрда тани шалпарашро рўйи ҷойгаҳ партофт. Лаҳзае нагузашта хобаш бурд. Дар равшании хираи чароғи равғанӣ ашки дар рухсора шоридаи очаи Сафар ҷило медод. Ӯ бошад ғарқи хоб буд. Табассум дар лабонаш гул мекард. Шояд дар хоб мактаби олиро медид…

Сафар тамоман намедонист, ки ба аскарӣ рафта қурбони як муҳорибаи хунин мешавад…

Шеъргуна:

Бачагӣ чун турнаҳои навбаҳор,

Аз миёни қуллаҳо бигзашту рафт.

Дастнорас гашта чун ганҷи равон,

Бо ғами афсонаҳо бигзашту рафт…

Соҳибёр ТОЛИБ

Октябри 2004, ҳафтаномаи «Зиндагӣ»

Саҳифаи ҳикояҳо»


  1. Бехтарин! Муваффак боши дустам!

  2. Рости гап, ин хикоя нест. Хикоя хам бошад чолиб нест.
    Як бача сахар хестааст, ба хезумчини рафтааст, хезум чидааст, хезумашро лесник гирифтааст, боз ба хонааш омада хобидааст. Хайр чи?
    Муаллиф хич максадро фахмонида натавонистааст. Хикояхои зурро хонда омузед. Ин чолиб не дилгиркунанда аст.

    • Намедонам то кадом андоза ба жанри ҳикоя ҷавобгӯ аст ё не, аммо он чӣ тавонистам, навиштам. Аммо Шумо навиштаед, ки “…Ин чолиб не дилгиркунанда аст.”. Воқеан дуруст дарк кардед. Аз ин ақидаи Шумо ба хулосае омадам, ки то андозае ба ҳадафам наздик омадаам. Мехостам 1 рӯзи дилгиркунандаи бачаи деҳотиро инъикос кунам. Агар аз хонданаш дилгир шуда бошед, донед, ки ҳаёти бачаҳои солҳои 90-уми асри XX ҷолиби диққат не, балкӣ дилгиркунанда буд…

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers