Баъди ҷаласа: аъмоли мансабдороне, ки барканор нашуданд…
Хабари нохуш: Фаридун Умаров, бародари муовини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансур Умаров бо ҷурми даст доштан ба қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар боздошт шудааст. Ҳодиса ҳафтае қабл рух додааст ва аввал дар байни мардум ба сурати овоза паҳн шуда буд ва ниҳоят дирӯз хабаргузории РБК Россия истинодан ба манбаъҳои мӯътамади худ дар шаҳри Душанбе онро расонаӣ кард. Тибқи иттилои расида, Фаридун Умаров дар ҳайати як гурӯҳи муташаккил боздошт шудааст, ки мураттаб аз шахсони соҳибмансаб дар мақомоти ҳифзи тартибот мебошад. То ба ин соат, ки ин хабар омодаи чоп мешуд, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия изҳори назари расмие дар ин замина накарда буд. Аммо хабаргузории ёдшудаи русӣ дар ҳошияи боздошти Фаридун Умаров аз дастгир шудани майори милитсия Зафар Мирзоев, сардори шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати умури дохилӣ бо 2 кило ҳероин дар моҳи сентябри соли гузашта ва подполковники милитсия Тоҳирхон Шеров, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе низ ёд кардааст. Кормандони фаврӣ Умаровро баъди боздошти қочоқчии машҳур Рустам Ҳаитов таъқиб карданд. Рустам Ҳаитов аввали моҳи январ бо 8,7 кило ҳероин ва 33 кило афюн дар шаҳри Душанбе дастгир шуда буд. Тибқи иттилои мақомот, маҳз Ҳаитов ба кормандони фаврӣ гуфтааст, ки мухаддиротро аз Фаридун Умаров гирифтааст. Гуфта мешавад, Фаридун Умаров ахиран сардори бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД ноҳияи Фархор буд. Манбаъҳои наздик ба Агентии ёдшуда, ки аз ифшои номашон худдорӣ мекунанд, мухаддироти аз Фаридун Умаров мусодирашударо 42 кило эълон кардаанд. Аммо ин аввалин боздошти шахсиятҳои соҳибмансаб бо маводи мухаддир нест, ки аз оғози соли ҷорӣ сурат мегирад. 19 январи соли равон аз дастгир шудани корманди 61-солаи Кумитаи андози кишвар бо 8 кило ҳероин хабар дода шуд.(манбаъ: tojnews.tj)
Ин нохуштарин хабаре, ки субҳи 24 январ хотири моро озурд. Масъулине, ки бояд амнияти моро таъмин намоянд, ба вазифаи ҷонии худ хиёнат кардаанд! Басо шармовар аст…
«Хабари каме хуш»: Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабари боздошти бародари муовини аввали Кумитаи амнияти миллиро тасдиқ кард.(манбаъ: ozodi.tj). Браво, акаи Фаттоҳ! Аз мафияҳо натарсед, бо шиори деҳқонии «хишова»(чидани алафҳои зарарнок) фақат ба пеш! Аммо таассуфовар ва барои огоҳон на он қадар аҷибаш ин аст, ки чаро хабари дастгир шудани гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар Тоҷикистонро, баъди ҳафтае аввалин шуда Хабаргузории РБК-и Россия мегӯяд? Мақомоти Шумо ин иттилоъро аз рӯзноманигорони тоҷик шояд дареғ дошта бо «чӣ сабабе» ин хабар тавассути хабаргузории хориҷӣ паҳн гаштааст, оё дар ТВ барномаи протоколӣ надоред? Намедонем, шояд мушкилоте доштед. Муҳимаш гунаҳкорон дастгир шудаанд, бояд Шумо ва кормандонатонро табрик кард!
Бардошти кӯтоҳ: Дигар шунидани хабари он, ки мансабдори тоҷике бо хешу таборонаш ба қонуншиканиҳо даст доранд, ҷомеаи моро ба ҳайрат намеорад. Зеро мардум шоҳиди ҳоланд ва мебинанду дар маҳфилҳои худ ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд. Вале дастгир шудани онҳо барои ҷомеаи мо ҳайратовар аст, зеро шубҳае, ки онҳо ба адолати мақомдорон доранд, фақат як лаҳза ба «боварӣ» табдил мешавад. Аммо бо дастгир шудани ду ё се масъуле, ки ба вазифаи муқаддаси ҷаъмиятиашон хиёнат мекунанд, боварии мардумро намеафзояд. Зеро дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мавзӯъи дастгир шудани гурӯҳҳо ё афроди алоҳида муҳокима мегардад ва бовар кунед, хулосае ба вуҷуд меояд, ки «Бом» дар боло сустӣ карда истодааст. Яъне чӣ? Чун бо тақозои касб бо мардум зиёд ҳамсӯҳбат мешавем, аз хулосаҳои бештари ҳамсӯҳбатон бармеояд, ки «зиёданд ва зиёданд, мансабдорони мо, ки дар ҷиноятҳои вазнинтарин даст доранд». Аз номи мардум ҳарф задан кори мо нест, аммо агар донистани афкори ҷомеа барои манқомдорони мо зарур бошад, ба сифати камтарин омӯзандаи андешаҳои гуногун дар ҷомеа, гуфта метавонем, ки мардум ба тоза будани аъмоли аксарияти мансабдорон бовар надоранд. Мутаасифона аъмоли ин гуна масъулини хиёнаткор ба обрӯйу нуфузи мансабдорони поквиҷдону дилсӯз бетаъсир намондааст ва кам одамон мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонанд.
Бо вуҷуди ин ба оянда умед ва бовар дорем, омин!
Соҳибёр Толиб,
“Тоҷикони Россия” (№ 3- 19. 01. 2012)

Добавить комментарий