Забони тоҷикӣ ва хойидани хасу хошок
“Ба бандагони ман бигӯй, ба якдигар бо беҳтарин ваҷҳ сухан гӯянд…” –омадааст дар сураи «Бани Исроил”-и Қуръони карим, ки ин каломи Ҳақ талқинест ба покизагии забон ва таъкидест ба умматони Ҳазрати Муҳаммад(с).
Аз аввал забони тоҷикӣ забони илму адаб, забони шеър ва забони давлатдорӣ будааст. Рӯдакӣ, Балъамӣ, Форобӣ, Фирдавсӣ, Румӣ, Закариёи Розӣ ва дигар намояндагони илму адаб бо асарҳои бадеии худ хазинаи адабиёти тоҷикро ғанӣ гардонида забони тоҷикиро ҳамчун забони илму адаб ва сиёсат дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда будаанд. Қабл аз ҳазор сол забони тоҷикиро ҳамчун забони коргузории давлат пазируфтани ходимони давлати абалқудрати Сомониён, ки ин давра дар саҳифи таърихи миллати тоҷик ҳамчун асри тиллоии забон ва фарҳангу тамаддуни тоҷик сабт ёфтааст, аз як тараф худшиносӣ ва милатдӯстии ходимони сомониро нишон диҳад, аз ҷониби дигар хидмати пурсамар ва ёдгориҳои бағоят пурғановати абамардони миллати тоҷикро далел аст. Оё дар марҳилаҳои таърихӣ ва асрҳои тилоии забони тоҷикӣ ягон нафар номзади илми забонро мешинохтанд? Оё алломаҳои ширинзабони классики мо ҳам суффиксу префикс, семасиологияву лексикография, ассимилятсияву диссимилятсияву метатезаву дигар хасу хошоки илми забони адабии ҳозираи тоҷикро омӯхта буданд? Маълум аст, ки сарфу наҳве, ки бузургони мо мавриди омӯзиш қарор дода буданд дар баробари аҳамияти хуб доштанаш мушаххас буд ва омӯзандаро дилгир намекард ва тоҷикона буд. Оё сухани бемантиқу бемаънои бузургони классики моро метавонед мисол оваред, ки омӯзиши сарфу наҳвро барояшон нокифоя будааст гуем?
Бале, онҳо ҳам инсон буданд, хато мекарданд, иштибоҳи онҳоро низ ҷустан гуноҳ набудагист. Аммо ба андозаи мо хато намегуфтанду хато наменавиштанд.
Ин замон соати зиёди ҷадвали дарсии 11 соли таҳсили ибтидоиро дарси забони тоҷикӣ ташкил медиҳад ва 5 сол дар мактаби олӣ ҳам забони тоҷикӣ мехонем. Аммо кай бехато сухан гуфтему кай бе хато навиштем? Дар ҳар ҷумлаи худ хато мекунем, зеро 16-20 сол(!) дарси забон хондаем. Ин магар кам нест? Хеле аламовар аст, ки баъди 16-20 соли таҳсил ҳам имрӯз устодони забон Муҳаммадҷон Шакуриву Баҳриддин Камолидинов ба журналистони тоҷик услуби баён ва дарси забон меомӯзанд.
Ҳар сол дар ин соҳа чанд унвонҷӯ кӯшиши ҳимояи рисолаи илмӣ мекунад. Унвонҷӯ як китоб қоидаву мисолҳои печдарпечро аз чанд асар ҷаъм меоварад ва дигарон онро ҳамчун навоварӣ дар илм эътироф мекунанд. Баъд аз ҳимояи рисола ва унвон гирифтани «забоншинос» рисолаи илмӣ ҳамчун дастури таълимӣ дар рӯйхати адабиётҳои дошишчӯ ворид мешавад ва новобаста ба мазмун ва арзиши илмиаш донишчӯ онро аз дасти устодаш харидорӣ намуда маҷбур меомӯзад. Ҳол он, ки барои донистани забони тоҷикӣ омӯхтани ин дастурамалҳо ҳеҷ муҳим нестанд. Аммо агар наомӯзанд, таъна мешунаванд; ҶАВОНОН БА ЗАБОНИ ТОҶИКӣ ЭҲТИРОМ НАДОРАНД!!!(Ба забони тоҷикӣ ё ба китоби Шумо?) Бехабар аз он, ки кӯр-кӯрона азёд кардани даҳ ҳиссаи нутқ бо чанд мисоли дигар, ки аҳамият ва хусусияти худро ҳам дошта бошанд, хоси забони тоҷикӣ нестанд, маънои онро надорад, ки эҳтиром ба забон ва миллати худ дошта бошӣ. Забони тоҷикӣ, ки таърихи зиёда аз сеҳазорсоларо доштааст, гузашта аз ин дар худ чунин қоидаҳои печидаву чигилро надошт, аз ин рӯ забони шевою зебо буд.
Дар 11 соли таҳсили ибтидоӣ ва 5 соли таҳсили олӣ дарсе, ки дӯст намедоштам забони адабии ҳозираи тоҷик буд, ҳол он, ки тахассуси ман ин аст. Ҳамсабақон қоидаву мисолҳои ин дарсро «хасу хошок» мегуфтанд, ва иҷборан азёд мекарданд. Чанд, китоб қоидаву мисолҳое, ки азёд кардам фақат чанд GB(гигабайт) хотираамро пур карданду халос, аҳамияти онҳоро баъди таҳсил надидам. Барои ҳамин ҳам ҳамагӣ фаромӯш шуданд. Шояд табиби рӯҳшинос дуруст гуфт, ки итилооти нозарур зуд фаромӯш мешавад ва дар сурати азхуд кардани матнҳои бемаъниву нозарур майнаи сар қобилияти худро тадриҷан гум мекунад. Пас маълум аст, ки ин дарс бароям аз аввал шавқовар набуд ва ҳамсолонамро агар бо қоидаву мисолҳои ин фан саргарм бубинам ба завқашон, ба вақти зоэърафтаистодаашон таассуф мехӯрам.
Агар ин ҷо аз китобҳои таълимии забон ва лексияҳои навиштаам иқтибос оварам худи хонанда муҳим набудани омӯзиши ин гуна қоидаҳоро тасдиқ мекунад:
«Пешоянди то ба муносибатҳои масоҳагӣ ва замониро ифода намуда, интиҳои равона кардани амал ба ягон сӯй ва замонро нишон медиҳад: Халқ бурдааст роҳи оҳанро то ба шаҳри ман(М. Турсунзода). Баъд беморро ба он ҷо кӯчонида болояшро то ба китфаш кӯрпа пӯшонид(Ҷ. Икромӣ). Хайрият омада мондед, тағоича, биёед, мана то ба ҳавлии оймуло бурда монед(Ҷ. Икромӣ).
Пешоянди то ба барои нишон додани интиҳо ва ё ҳадди охирини ҳодиса ва ё ҳолат истеъмол карда мешавад: Наход, ки кас то ба ҳамин дарача монад?(Ҷ. Икромӣ).
Пешояндҳои ба ҷуз, ҷуз аз истисноро мефаҳмонад: Вай ба ҷуз як ҷуфт барзагов ва як таноб замин чизи дигаре надошт(А. Деҳотӣ). Давлат ба ҷуз Даша ва Пётр аз санғелонӣ ва ба подоши амал гирифтани тапонча ба касе даҳон накушод(Р. Ҷалил). Ба ҷуз кӯят, ба ҳар ҷое ки рафтам,-Маро ронданд нодода ҷавобам(А. Лоҳутӣ)…»
Ба ҳамин монанд қоидаву мисолҳои забон даҳҳо дафтари бисёрварақаро пур кардаам. Ҳамсабақонам маҷбур азёд мекарданд монанди ман. Эътироз ҳам мекардем. Муаллим ба посухи эътирозҳо мегуфт, ки барномаи таълимӣ чунин ба роҳ монда шудааст ва мо ба таъғир доданаш ҳақ надорем. Аниқтараш худи устодон қоиланд, ки барномаи таълимиашон бемаънист ва ба ҷойи чунин мисолҳо чанд пора шеър азёд намудан аҳамият дорад, аммо ки мехоҳад, ки бо мухтасар гардидани барномаи таълимӣ ва кам шудани соати дарсиаш нонаш нимто шавад?
Наход тоҷик бе ҳифзи чунин дарси дилгиркунанда надонад, ки кадом ибораро дар куҷо истифода бубарад ва кадом калима чӣ маъни дорад? То кай омӯзанда маҷбур аст, ки бо тӯтивор азёд кардани ин қоидаҳо майнаи худро шах кунад? Дар асри бисту як домани насли навро бо чормағзи пуч пур кардани устодони забон чи маъни дорад? Онҳое, ки даъвои забоншиносӣ доранд, ба ҷойи эҷод намудани чунин қоидаву мисолҳои нозарур «лучше» афсона эҷод кунанд, зеро кӯдаконро фиреб додан осонтар аст.
Шояд устодон гӯянд, ки ин масъаларо яктарафа баҳо додам, ё бо ин андеша маро густох баҳо диҳанд, аммо худ қазоват кунед, магар мо ба забони модариамон хизмати хирсона намекунем?
Бубинед, ки омӯхтани забон ва хатти чинӣ басо мушкил аст. Зеро алифбои мо аз 35 ҳарф иборат бошад, алифбои чинӣ бештар аз 60 000 ироглифро дар бар мегирад, ки содатар тавзеҳ диҳем, ҳар ироглиф ҳиҷоеро ифода мекунад ва бо пайваст кардани ҳиҷоҳо калимаҳои чинӣ ба вуҷуд меоянд. Азхуд кардани ироглифҳои мураккабу печидаи (чун одамони Чин) ба ҳам монанд ба омӯзанда басо мушкил аст. Аммо донишҷӯёни тоҷикеро мешиносам, ки дар як соли таҳсил зиёда аз 1000-1500 ироглифи чиниро азхуд намуда бо забони чинӣ озодона ҳарф мезананд. Барои омӯхтани забони ҷопониву итолёвӣ, арабиву англисӣ, ҳиндиву фаронсавӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ ҳам солҳои зиёди умри гаронмояи мо сарф намешавад. Мо бошем 16-20 сол забонеро меомӯзем, ки бо он моро алла гуфтаанд. Оё метавонем баъди чанд соли тахсил бо забони модарии худ панҷ дақиқа мусоҳибаи ҳалол диҳем, ё ду саҳифа бехато нависем? Марҳамат, ҳамин мақолаи маро хонед, аз як сархат шояд 10 хато пайдо кунед. Зеро ман ҳам дар зери дасти устодони худ зиёда аз 16 сол дарси забон хондаам! «Давно надаело мне…»
Ростӣ, бароям омӯхтани забони хориҷӣ нисбат ба забони тоҷикӣ осонтар ба назар менамояд. Акнун фаҳмидед, ки чаро баъзе ҳамсолони ман дар Тоҷикистон бо забони модари неву бо забони дигар гуфтугӯ мекунанд?
-Айби кист?
-«Айби ҷавонон!..»
Иллати асосиро дар қоидаомӯзиҳои дилбазан мебинам. Агар соати дарси забони тоҷикиро дар мактабҳои оливу миёна кам кунем ва соати алифбои ниёгонро зиёд намоем, агар ба ҷойи қоидаҳои дилбазан дарси луғат омӯзем, мутмаинам, ки миллат ба забони давлатӣ аз ин беҳтар арҷгузорӣ мекунад. Агар имрӯз бо забони тоҷикӣ озодтар ҳарф бизанӣ мардум туро эронӣ гумон мекунанд. Зеро саргарми азхуд намудани қоидаву мисолҳои забон гашта боре ҳам «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва луғатномаҳои дигарро варақ назадаанд, то бидонанд, ки забони модариашон фақат аз чанд калима иборат нест. Маҳз омӯзиши илми луғат ва мутолиаи асарҳои пурмаънии бузургонамон захираи луғавии забономӯзро бой намуда ӯро забондону забоншинос мекунад, на кӯр-кӯрона азёд кардани се, чор қоидаи илми забон. Ё Вазорати маорифи Тоҷикистон агар омӯзиши хатти форсиро бидуни ҳарос дар мактабҳо ба таври васеъ ба роҳ монад, таъсираш ба рушди чанд соҳа мерасад. Масалан имрӯз тарҷумаи асарҳои илмии олимони ҷаҳон дар Тоҷикистон гоҳе ба назар мерасад, аммо тарҷумонҳои Эрон ҳар рӯз китобҳои муҳимтарини ҷаҳонро ба форсӣ тарҷума мекунанд. Агар ҷавони тоҷик хатти форсиро донаду дар омӯзиши илм аз адабиёти Эрон истифода барад оё «хатар дорад»? Агар «хатар» надошта бошад, пас чаро соати дарси алифбои ниёгон дар мактабҳо кам аст?
Бубинед, ки имрӯз хонандаи тоҷик дар мактаби ибтидои даҳ ҳиссаи нутқро меомӯзад ва ҳамин гуна дар мактаби олӣ дубора ҳамон барномаи мактабӣ ба роҳ монда шудааст. Магар беҳтар нест, ки ба ҷои ин ба донишҷӯи иқтисодчӣ луғати иқтисодӣ, ба муҳандис луғати сохтумон, ба низомён луғати ҳарбӣ ва ба донишҷӯёни соҳаҳои дигар истилоҳоти соҳаи худашонро омӯзем? Зарурати омӯзонидани луғати тоҷикӣ кайҳо даррасида буду мо бошем ҳанӯз саргарми амалиёти либоси ягонаи мактабӣ, дар мавзӯъи манъи ҳиҷобу аҳамияти гарстук муҳокима меронем. Магар мо дер накардем?
Кунун замони маҷбуран омӯзонидани калимаҳои русӣ-интернатсионалӣ, суффиксу префикс ва дигар мавзӯъҳои беаҳамияти илми забон, ки имрӯз дар факултаҳои филологию ғайрифилологӣ роиҷ аст ва ин гуна усули таълим касро на ба таърихи забони худ наздик мекунад, балки касро мутаваҷҷеҳи илми забонҳои бегона мекунад, гузаштааст. Бигузор китобҳо ва рисолаҳои илмие, ки аз қоидаву мисолҳои қолабии илми забон иборатанд, ҳамчун экспонад дар хона-музейи забоншиносон нигаҳдорӣ шавад. Барои омӯхтани даҳ ҳиссаи нутқу даҳ аломати китобатӣ бо ҳифзи садҳо китоби илмӣ 16 сол дарс хондан дар асри бисту як айб аст. Биёед омӯзиши суфиксҳои «фаччу фуч»-ро ба охир расонида асли забонро биёмӯзем.
Устодони азиз, дигар нагӯед, ки ҶАВОНОН ЗАБОНИ ТОҶИКИРО НАМЕДОНАНД! Бигӯед, ки ДАРСИ МО ДИЛБАЗАН АСТ! Агар китоби Шумо ва дарси Шумо шавқовар бошад, завқи ҷавонони асри бисту як чандон паст нест! Маро густох нагӯед…
Усули таълими забонро дар муассисаҳои таълимии кишвар Академияи илмҳои педагогӣ бо Вазорати маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд. Аммо олимони ин даргоҳ, ки то ин дам таҳаввулоти чашмгире дар ин соҳа накардаанд, меъёрҳои қонуни нави забон метавонад, онҳоро водор (балки маҷбур) ба ин бознигарӣ кунад. Мавзӯъ ин аст, ки усули таълими забон кайҳо кӯҳна гаштааст, ё худ аз замони роҳандозиаш ин усул хоси омӯзиши забони мо набуд. Барномасозони Вазорати маориф бошанд, дар ин мавзӯъ дер боз хомӯшанд. Шояд таҳияи барномаи замонавӣ барояшон мушкил бошад? Аксари онҳо, ки забоншиносанд, шояд худашон намехоҳанд, эҷодиёташонро бо раъйи худ аз барномаи таълими забон ихтисор кунанд?
Умеди мо ба қонуни ҷадиди забон аст. Шояд бо тасвиби ин қонун ва меъёрҳои дигар, забономӯзон аз хоидани «хасу хошок» халос шаванд…
Соҳибёр Олимпур
«Озодагон», 27 августи 2009

Добавить комментарий