Шеъри дардолуди Сонӣ
Ба суроғаи электронии ман(sohibyor@mail.ru) тез-тез аз Сонӣ мактуб меояд: “Ба барномаи “Шабзиндадор” мефиристам”. Мактубашро накушода медонам, ки шеъри тозаеро аз эҷодиёти дӯстам Сонӣ хоҳам хонд. Мекушояму шеърашро мехонам. Аммо онро дар барномаи худ истифода намебарам. Зеро “Шабзиндадор” барномаи тафреҳӣ буда дар бахшҳои хоса шеърҳое қироат мешаванд, ки нишотангез бошанд. Шеърҳои Сонӣ бошад ғарқи дард аст. Наметавонистам бо дардномаҳои Сонӣ фароғати шунавандагонамро ба лаҳзаҳои ғамангез табдил диҳам. Инак 2 моҳ инҷониб дар Маскав ҳастам ва аз барномаи “Шабзиндадор”, ки дар ними шаб(аз соати 00:00 то 03:00) шунавандагони бешумореро мустақиман ба Радиои “Тоҷикистон” ҷалб мекард, садое нест. Аммо аз дӯстам Сони пайиҳам мактуб мерасад, фақат сарлавҳаи мактубҳояш дигар шудааст: “Аз Сонӣ ба Соҳибёр”…
Вақте Сонӣ расмашро бароям ирсол намуд, ӯро шинохтам. Намедонам дар кадом маҳфиле хоксоронаву бо тамкини зебандае шеърашро қироъат мекард. Шеъраш косаи дард аст, ки бо таъсираш дардҳоро метавон муолиҷа кард.
Касалмусалмонем?
Гарчи мо сар ба сар мусалмонем,
Раҳрави навсафармусалмонем,
Дар алифбои кӯйи имонем,
Гаштаи ғарқиҷармусалмонем.
Гаҳ нигаҳ афканӣ ба чашми дил,
Некӯ бингар: башармусалмонем.
Пешвомон, ки “Мухтасар”-хон аст,
Мардуми мухтасармусалмонем.
Нафсамон беш аз ин ба мо гӯяд:
Мо ҳаме пухтагармусалмонем.
Ғарқаи ширку ташнаи бидъат,
Шабгарони қамармусалмонем.
Даври хоки мазор мечархем,
Мурдапарварнафармусалмонем.
Ай салаф, зан табар ба бидъатмон,
Мо, ки аҳли табармусалмонем.
Душмани дин азизи мост, аммо,
Мушт барҳамдигармусалмонем.
Соя афканда баҳри ҳам аз шарр,
Ҳамҷаворони шармусалмонем.
Дар Урупо адӯи Ҳақ моро,
Хаҷв созад: батармусалмонем.
Расми покӣ Расул иҳонат гашт,
Мо чаро хап? Магар мусалмонем.?!
Аз саҳар то ба шаб ба гап андар,
Гӯйи шаб то саҳар мусалмонем.
Ё зи сар то камар баимонем,
Ё зи по то камар мусалмонем.
Не ғами даъвати башар дар сар,
Не ҳаво аз Хабар* мусалмонем.
Зӯҳдамон шуд ба моҳ андоза,
Гаҳ раҷаб, гаҳ сафармусалмонем.
Не ба тан сурати мусалмонӣ,
Сирате чун? Назармусалмонем.
Муфтиӣ дар сатр дод фатво муфт,
“Дар малобис дигармусалмонем.”
Ҳам вакилон бигуфта: ҳамдуллаҳ,
“Шасту се нафар – мусалмонем.”
Рағми Ҳақ рой додаву гӯянд:
“Мо ҳама мӯътабармусалмонем”.
Иштиёқе ба илму суннат ку?
Андар исму шумар: мусалмононем.
Дар риё ғӯтавармусалмонем,
Пас хабар шав: хатармусалмонем.
Сонӣ худ баъд аз ин ҳамефармо:
Аҳлаке гунгукармусалмонем.
Эзоҳ: агар калимаи “салаф” вазнинӣ кунад, метавонед бо “халаф” иваз кунед Яъне: “Ай халаф зан табар ба бидъатмон…”
Хабар* – Қиёмат
Гурдадори мурдабеморем мо
Сар ба сар мо мардикору халқи бекорем мо,
Гул ба домон, хок бар сар, мардуми хорем мо.
Мо гаранги дар ҳавои нафс хушёрем бас,
Хуфтагон, аммо ба дидан чашми бедорем мо.
Бо таманои кафан аз дори дунё меравем,
Гарчи то рӯзи қиёмат пунба мекорем мо.
Мардуми олам ба дуриҳо назар афкандаанд,
Дур аз бинӣ надида дидаи чорем мо.
Дар харита гарчи моро нест дарёи кабир,
Дар талоши ғайбати ҳам баҳри саршорем мо.
Дар ғами барқ аз саҳар то шом мегардем ғарқ,
Мамлакат барқафкану дар кулбаи торем мо.
Он ки моро дар талоши Ҳақ каси бегурда гуфт,
Ай табибо, гурдадори мурдабеморем мо.
Кӯ ба кӯ дар шаҳри русҳо баҳри ноне саргарон,
Аз муҳоҷирҳои гардонандабозорем мо.
Бори маънӣ аз бисоти мо даме н-ояд бурун,
Чун сабукборон гаҳе бар дӯши худ борем мо.
Мо ҳама мӯъмин ба ному дар амал афтода ланг,
Тӯдаи даъвомусалмонон ба гуфторем мо.
Суннати Аҳмад куҷо шуд, кори бидъат мекунем,
Аз кадомин олу мазҳаб хеш бишморем мо?


Ин дарди миллати точик буду хаст