Ҳоли Қаззофӣ ба шоҳон бод огаҳномае

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шеъри нави Сонӣ:

Боз деҳотӣ ба зулми “Барқи тоҷик” ғарқ шуд,

Боз миллат субҳу шому шаб ба фикри барқ шуд.

Барқ чашмак мезанад бори дигар з-он сӯйи Панҷ,

Боз мардум мекашад аз иллати бебарқӣ ранҷ.

Боз рӯшантар шавад анҷоми ҳар худкомае,

Ҳоли Қаззофӣ ба шоҳон бод огаҳномае.

Дар ҳавои нағмаҳо рақсад ҳар он кас бо яҳуд,

Мекунад кошонааш ҳамроҳи тиллоҳо-ш дуд.

IRS бошад дар ғами сарват ба ёди роҳҳо,

Мебарорад ғорати раҳ роҳравро оҳҳо.

Боз адиби кӯи мо кӯре суханпардоз шуд,

Роҳи минбар бар хатиби маҳдгӯ нав боз шуд.

Боз вақти ҳаҷ басо гарм аст бозори фасод,

Кай бигӯяд чуз зино дунёнамо[1] аз фаҳш дод?

Дар ғами миллат диле ку, дидае пуроб ку,

То ба рӯзи интихобот ахгаре з-аҳзоб ку?.

Хонуми[2] амрик ҳамечархад ба Вустоосиё,

Бозии наззора дорад боз бо мо Русиё

Ай бузак, дай бигзарад, мебинӣ, гар боши сабур,

Боди аъробӣ вазад бар Осиё аз роҳи дур.

Эзоҳ аз муаллифи шеър Сонӣ:

1. Ғараз аз дунёнамо – телевизион

2. Хонум Клинтон

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers