оилаДОР мешавАМ:тез аст ё дер?
Дер оиладор шавед!
1 дӯсти донишҷӯям дар синни 21 солагӣ оиладор шуд. Ҳамон сол завҷааш ҳомиладор шуд. Дӯстам таҳсилро тарк карду ба Русия рафту мардикор шуд…
1 ҳамсоядухтари мо бошад дар сини 19 солагӣ ба шавҳар баромад. Акнун ӯ соҳиби 2 фарзанд, шавҳари меҳрубон дорад, дар қиёс ба дугонаҳояш хушбахт, аммо истеъдодаш мурдааст. Агар ба ӯ имкон медоданд, ки баъди хатми мактаби ибтидоӣ таҳсили олӣ менамуд, аз ӯ муҳандиси сатҳи олӣ мебаромад ва шояд бо кӯшиши ӯ шаҳрҳои мо симои миллӣ мегирифтанд. Дилам ба истеъдоди мурдааш месӯзад, охир аввалин лоиҳаҳои ҷолиби диққати ӯро ман медидам, ки ба фарҳанги меъмории миллӣ мувофиқ буд…
Аксарияти ҳамсолони ман дар бунёди оила саросема ва “тавакалхоҷаанд”. Онҳо пеш аз оиладорӣ фикр намекунанд, ки фардо фарзандонро чӣ гуна таъмин менамоянд. Онҳо булҳавасанд ва пеш аз ҳама дар фикри ором намудани нафси саркаши худ ҳастанд. Афсӯс, ки ҳамсолонам дар айни ҷӯшу хурӯш қурбони оғӯш мешаванд…
Инсон муҳимтарин чораҳоро дар бораи худ то замони оиладориаш меандешад. Шахсе, ки то оиладорӣ маълумот, мавқеъ, ҷойи кор ва дигар дастовардҳои асосиро комём мегардад, дар зиндагӣ мӯҳтоҷи касе намешавад. Балкӣ фаъолияташ ба осонӣ маҷрои дурусти худро пайдо мекунад. Шахсе, ки тез оила бунёд мекунад, 99%-и андешааш ба сӯйи оила, 1%-и хаёлаш ба сӯйи кор аст. Ӯ фақат ба хотири музд кор мекунад, на ба хотири мавқеъ. На ҳамаи шахсони оиладор ба мақсадҳои бузурги худ ноил мешаванд. Оила истеъдодро мекушад!
То оиладорӣ:
-Шумо бояд, соҳиби маълумоти олӣ, ва дониши мукаммал(агар имкон бошад соҳибунвон) бошед!
-Шумо бояд ҷойи кор дошта бошед. Агар ҷойи коратон ояндадор бошаду маоши хуб надиҳад, тиҷорати хурде созмон диҳед. Зеро то ноил шудан ба дастовардҳои дигар он бароятон манбаи даромад аст.
-Манзил мушкилоти асосиест, ки то оиладорӣ бояд ҳалли худро ёбад. Агар дар замони мустақилият барои харидани манзил пул кор накунед, баъди оила бунёд кардан ҳамаи даромадҳои Шумо барои таъмини фарзандон сарф мегардад. Ҳар моҳ қисми зиёди маоши худро ба иҷорапулӣ дода баракаи киссаатонро напаронед. Барои духтароне, ки манзил доранд шавҳар пайдо кардан осон аст.
-Мошин кори Шуморо осон мекунад. Арзон ҳам бошад, 1 мошинча харида калидашро дар қабати панҷаҳо бозӣ доронед. Ин бозӣ ба Шумо илҳом мебахшад…
Агар то оиладорӣ шароит ва дастовардҳои аз ин беҳтарро комёб шуда бошед, бароятон комёбиҳои бузургтарро таманно мекунам! Насиб кунад!
Фақат 1 маслиҳат: ДЕР ОИЛАДОР ШАВЕД!
Тез оиладор шавед!
1 дӯстам дониши баланд дорад. Ба мақсади мардонааш истода донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард, соҳибунвон шуд, соҳибкор аст, ширкати тиҷоратии худро дорад, хулоса муваффақ аст… Аммо 1 айб дорад, …рости гап марди суст будааст… Ба фикрам ӯ ғарқи донишандӯзиву кор дар назди компутар зиёд нишаста ба саломатии худ бетаваҷҷӯҳи зоҳир карда ба чунин ҳол гирифтор гаштааст. Иллати саломаташ монеъи бунёди оила гаштааст. Ба дӯсти 35 солаам дилам месӯзад…
1 духтараки шиносам дар бонк кор мекунад, мансабдор ва пулёб аст. Аммо бахташ бастагӣ. Ҳарчанд синнаш аз 30 гузаштааст, аммо то ҳол шавҳар надорад. Ба ин худашро гунаҳкор медонад. Мегӯяд, дар аввал харидорон буданд, аммо ба хотири таҳсил ва ишғоли мавқеъ аз онҳо рӯй тофтам…
Акнун ин духтари пулдор омода аст, ки аққалан зани дуюм шавад…
Ман ҳайронам, ки чаро ҳамсолони ман дар бораи муҳим будани оила дер фикр мекунанд? Дар як китоб хонда будам, ки оила аз давлат муҳимтар аст! Агар инсон соҳиби оилаи обод набошад, ҳеҷ гоҳ кораш пеш намеравад.
Оғӯш, бӯса, суханҳои ширин, гиряи кӯдак, сари баланд… Магар бе ин метавон зиндагиро тасаввур кард? Не, албатта…
Имрӯз дар ҷангҳои мудҳиш, корхонаҳои кимиёвӣ ва аз таъсири мавҷҳои радиактивӣ бештар мардҳо талаф меёбанд. Рӯз аз рӯз нуфузи мардон коҳиш ёфта нуфузи занони бешавҳар зиёд шуда истодааст. Духтарон инро нодида гирифта дар айёми ҷавонӣ нозу нуз мекунанд, ниҳоят аксарият бешавҳар мемонанд ё розӣ мешаванд, ки аққалан зани дуюм шаванд. Пас, мавқеъ муҳимтар будааст, ё шавҳар?
Ҷавонмардон ба муҳоҷират мераванд, ба корҳои вазнин машғул шуда гирифтори бемориҳои гуногун мешаванд, бо духтарони бероҳа ҳамхоба шуда нерӯи худро аз даст медиҳанд, сипас оиладор мешаванд. Баъд ба сари завҷаи худ дод мезананд: Ту нозой ҳастӣ!
Савол ба ҷавонмардони ҳамсолам:
Чанд соати умри худро дар назди КОМПУТАР мегузаронед? Дар як рӯз чанд дақиқа бо телефон сӯҳбат мекунед ва мобилатон дар кадом киссаи шиматон меистад? Дар бораи мавҷҳои радиактивӣ, ки муҳити моро фаро гирифтанд чӣ медонед?
Фаромӯш накунед:
Дар замони компутаризатсия дер зан гирифта зиндагии пурмоҷароро интизор шавед. Маълумот, мавқеъ, мансаб, манзил, мошин ва дигар дастовардҳои Шумо барои завҷаатон даркор нест, агар аз ӯҳдаи 1 бӯса кардан набароед.
Ба ҷавондухтарони ҳамсолам:
Ба хотири мавқеъ, манзил, мошин ва дигар дороиятон аз шавҳаратон муҳаббати сунъиро интизор шавед, агар ҳуснатон коставу пир шуда оила барпо карда бошед.
ТЕЗ ОИЛАДОР ШАВЕД, ки дер мешавад!
Соҳибёр ТОЛИБ



Хубтарин андеша дар бунёди оила… 100%
lol, Sohibyor ofarin, navishtai oli
навишти эчодии туро хонда ба окилии ту коил шудам. Рахмат ба Домуло Алимкул нони ефтагешон холол будааст.