Ойини тағодорӣ ва аҳамияти он

1 сару 2 хаёл

Бе тағо намешавад…

7 тағо доштам. Хурдиаш, ки Сафар ном дошт дар як муҳорибаи хунини ҷанги таҳмилии Тоҷикистон ҳалок шуд. Ҳоло 6 тағо дорам. 2 тағоям омӯзгор ва 4 тағоям мардикоранд. Онҳоро дӯст медорам, аммо афсӯс, ки ягон тағои мансабдор надорам…

Бе тағои мансабдор намешавад. Барои он, ки ман рушд кунам, бояд дар сояи шахси муваффақе бошам. Мебинам, ки баъзеҳо системаи кори худро намефаҳманд, аммо шароити хуби корӣ ба онҳо таъмин аст, соҳибвазифаанд, эркаанд…  Ман бошам на тамаъ дорам, на ҳаракат. Чунки тағо надорам. Меҳнат ҳам кунам, аз ду сар раҳмат намешунавам…

Бе тағои мансабдор намешавад. Дар тамоми дунё чунин ҳол аст ва дар тамоми давру замон чунин буд. Мисоли оддӣ: агар дар ягон коргоҳ тағо не, як шиносаки дуре дошта бошӣ корат бо як занги телефонӣ тез буд мешавад. Аммо вой бар ҳолат, агар туро нашиносанд…

Лаҳзаи аввал:

-Салом Раис. Ман омадам, ки дар муассисаи Шумо кор кунам…

-Мо ҷои холӣ надорем… Баъдтар биёед, маслиҳат мекунем. Ҳоло вақти сӯҳбат ҳам надорам.

Лаҳзаи дуввум:

-Ало, салом дӯстам. Як ҷиян дорам, ба кор намегиред?

-Албатта мегирем, садақаи суханатон…

Лаҳзаи ғамангез:

-Ҳама ба сарам мушт мекӯбанд?

-Чаро?

- Охир, пушт надорам, ки ба пуштам зананд…

Ана ҳамин хел, агар тағо ё пушту паноҳ дошта бошӣ касе туро намепурсад, ки оё корро метавонӣ ё наметавонӣ? Ба хотири сухани дӯст ба кор мегиранд ва ба ягон шӯъба, лагад мекунанд. Ин аст ойини тағодорӣ

Бе тағо намешавад. Ҳатман барои худ тағои пуштибон меёбам!

 Бе тағо мешавад!

Маро ба кӯмаки ягон тағо эҳтиёҷ нест ва миннатпазир буданро дӯст намедорам. Худованд ба ман ақлу ҷисми солим додааст ва ба сатҳи зарурӣ бо заҳмати худ расидан бароям имконпазир ва шавқовар аст. Касе тағо мекобад, ки ба нерӯи зеҳниву ҷисмонии худ бовар надорад. Пас, чаро ман тағо кобам?

Шахсе, ки бо ойини тағодорӣ соҳибунвону соҳибвазифа мегардад, ба оддитарин суоли зердасташ посух гуфта наметавонад. Оё ин эътибори ӯро меафзояд? На, баръакс, ин шармандагист ва ман аз чунин мақом безорам!

Шахсе, ки муваффақиятро бо нерӯи дигарон ба даст меорад, ниҳоят шикаст мехӯрад. Зеро дастрас намудан хеле осон аст, нисбат ба он ки нигоҳ дорӣ. На ҳама тағои мансабдор бародари модарат аст, ки ҳамеша сояашро бар сарат нигоҳ дорад. Тағоят бар ивази манфиати худ туро ба мақоме мерасонад, он тарафаш аз истеъдоди ту вобаста аст. Басо тағодорони баландмақомро мешиносам, ки ниҳоят ҷояшонро дар паси панҷара ёфтаанд. Ва басо донишмандони бетағоро мешиносам, ки дар сатҳи муайян рушд карда истодаанд ва зиндагии осуда доранд.

Барои ҳамин ҳам ман орзу намекунам, ки тағо дошта бошам ва бо мусоидати ӯ дар муддати кӯтоҳ ба мақоми идеалӣ бирасам. Ман бояд, заҳмат кашам ва то он ҷо(!) зудтар зинаҳои пастро тай кунам. Муваффақияти бузурге, ки дар як рӯз бо роҳи ҳаром ба даст меояд, хосият надорад.

Баъзе ҳамсолонам сабаби номуваффақии худро дар он мебинанд, ки тағо надоранд. Аммо ин як намуди баҳона ва худсафедкунӣ аст. Онҳо тағо не, дониш, ҷасорат ва ҳаракат надоранд. Агар андак дониш ҳам дошта бошанд, онро дар амал истифода бурда наметавонанд. Тағо онҳоро бо кор таъмин кунад ҳам, фардо онҳо бекор мемонанд ё дар як сатҳ 50 сол кор мекунанд. Хуб, мисоли оддӣ ин аст, ки чаро тағоҳо ба ҳама ҷиянҳои худ лутф карда наметавонанд? Онҳо низ ба ҷиянҳое даст дароз мекунанд, ки ҳаракат ва ҷасорати кор кардан доранд.

Ман дастовардро фақат аз Худованд металабам. Ва ҳатто ба хиради худ такя намекунам, фақат онро босамар истифода мебарам, то рушд кунам…

Агар дар назди мансабдоре даст пеши бар бошам, ба хотири эҳтиром ва муҳаббати инсонист, на ба хотири тамаллуқ ва тамаъ. Тағо ба ман даркор нест. Ман бе тағо ҳам метавонам!

Соҳибёр Толиб 

 1 сару 2 хаёл

  1. мухаммадюсуф

    Офарин, ана ин гапи дигар!

  2. Сохибёри гироми, дафтари фазоият муборак!!! Бовар дорам, ин дафтарат дар наздиктарин фурсат аз серхонанда мешавад, зеро барои варак задани он таго низ зарур нест. Худо нигахбонат!

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers