ДОДО ШИФО ЁФТ
Мухолифи Ҳукумат аз тасмими ВКД Тоҷикистон истиқбол намуд
То он даме, ки ба ҷони Додоҷон Атовулло сӯйиқасд карданд ва номи ӯ дигарбора мавзӯи хабарсози расонаҳо гашт, дар зери даъват ва латифаҳои ӯ, ки дар «Фейсбук»(facebook.com) менавишт, ду-се нафар дӯстонаш ҷуръат намуда андеша менавиштанду халос. Боқимонда, ҳама хонанда буданд…
Дар чанд рӯзе, ки Додо дар шӯъбаи эҳёгарӣ буд, девори «Фейсбук», пур аз аксҳои ӯ гашт. Рӯзи 19 январ, соати 15:52 дар сомона рамзи ӯ сабз гашт ва Додо чунин навишт:«Дуруд бар хама азизон! Ҳазорон ташаккур барои ҳамдардӣ ва ҳамдилиҳо. Барои дуоҳо… Барои ашкҳо… Барои интизориҳо… Ман омодаам, дилеро, ки Парвардигор зинда бидошт, пояндозе барои ҳар яке аз шумоён бисозам… …Рӯзи офтобӣ…»
Зери ин паём андешаборон гашт.
Баъд аз ин Торнамои мустақили Осиёи Марказӣ «Ferghana.Ru» навори кӯтоҳеро дар «You tube» гузошт, ки дар он Додо аз шифо ёфтани худ, навид дод:
Навори баъд:
Ӯ нахуст дар сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори нашрияи русии “Новая газета” ба асли воқеа рӯшанӣ андохта гуфт: “Рӯзи ҳодиса ман бо чанд тан аз дипломатҳои хориҷӣ вохӯрӣ анҷом додам. Шоми ҳамон рӯз вохӯрии дигар бо яке аз ҳамватанонам дар нақша буд. Тахминан соатҳои 21:00 аз хона берун шудам ва вақте аз дари гузаргоҳи арк, ки торик буд мегузаштам, шахси ношиносе намоён шуд ва ӯ сӯйи ман меомад. Дар ҳол фаҳмидам, ки тоҷик аст ва фикр кардам аҳволпурсӣ мекунад. Аммо ӯ хомӯшона ба сӯйи ман омад ва бо задани ду зарби корд паси деворе фирор кард. Пас он афтодаву хеста то ба даре расидам (ки ба қаҳвахонае монандӣ дошт) ва аз ашхоси онҷо ҳузур дошта хостори мошини ёрии таъҷилиро шудам” -гуфт, Додоҷон Атовулло.
Ҳамла ба ҷони Додоҷон Атовулло шаби 12-уми январ рух дода буд, ки аз зарби ду кор ӯ ҷароҳати вазнин аз ҷигар бардошта, дар беморхонаи ба номи Склифосовский ҷарроҳӣ карда шуд. Кормандони полиси Россия, Бахтиёр Раҳимбердиев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро ки ба қавле дастонаш хунолуда буд, ҳамчун гумонбар дастгир карданд. Аммо баъдан сабти дурбинҳои дидбонӣ исбот намуд, ки шахси гумонбаршуда ба Додоҷони Атовуллоло ҳамла накардааст ва хуни худаш дар дастонаш олуда будааст. Гумонбарро раҳо намуданд.
Табибон маълум карданд, ки корд чанд сантиметр ба дили журналист наздик бархӯрда, аммо ба он осеба нарасонидааст. Тавре Додоҷон Атовулло ба «Тоҷикони Россия» гуфт, чанд рӯз инҷониб эҳсос мекард, ки афроди ношинос ӯро сахт таъқиб мекунанд, аммо аз ин бепарво буд. ӯдар мусоҳибаҳояш, ки пайиҳам нашр шуданд, гуфт, ки «сӯйиқасд ба ҷони ман, ки кори ноҷавонмардона меҳисобам, фармоиш аз Душанбе аст…»
То ин дам бисёриҳо мегуфтанд, ки агар зиндагии Додо барои рақибонаш хатарнок ва маргаш муҳим мебуд, дар замоне ин корро анҷом медоданд, ки «Чароғи рӯз» нашр мешуд.
«Додоҷон имрӯз чӣ дорад? Ҳаракати «Ватандор»? Дафтари кориаш куҷост? Аъзоёнаш киҳоянд? «Чароғи рӯз» имрӯз нашр намешавад, сомонаи ҷолибе дар Интернет надорад, он нерӯ ва мавқеъе, ки дошт имрӯз аз даст додаст. Баъди ба Ислом Каримов «таъзим» карданаш, ихлоси аксарияти мухлисонаш аз ӯ гаштааст, ҳатто аксарияти мухолифони Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба ӯ эътимод надоранд. Кори ӯ танҳо таҳқири Президент аст, дигар нерӯе ва ҳаросе аз ӯ нест. Оё Эмомалӣ Раҳмон аз чунин мухолиф ҳарос дошта бошад? Президент садҳо мухолифони ташнаи хунашро бахшид, Додоҷонро бахшида наметавонад? Сӯйиқасд ба ҷони ӯ кори ҳукуматест, ки мехоҳад, барои ноором сохтани Тоҷикистон боз як «галочка» гузорад. Ё агар фармоиш аз Душанбе ҳам бошад, метавонад, ин кори гурӯҳи ҳукуматхоҳе бошад, ки Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро бо ин кор бадном намояд. Аҷаб не худи Додоҷон ин корро ба хотири дубора вирди забонҳо шуданаш, ташкил карда бошад. Чанд муддат буд, ки ба ӯ касе аҳамият намедод…»-гуфт, як ҳаводори Ҳукумати Тоҷикистон, ки аслан намехост, ин андешааш нашр шавад, аммо мо бидуни зикри номаш онро нашр намудем.
«Тоҷикони Россия» аз Додоҷон Атовулло пурсид, ки бо чӣ далел, сӯйиқасд ба ҷонашро фармоиш аз Душанбе меҳисобад?
«Гуфта наметавонам, ки ин кори разилона фармоиши Ҳукумати Тоҷикистон аст, аммо ман дар ин Ҳукумат як душман дорам, ки ӯро ҳама медонанд. Номи ӯ Эмомалӣ Раҳмон аст.»-гуфт, Додоҷон Атовулло.
Муовини Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар посух ба мусоҳибаҳои Додоҷон Атовулло мегӯяд, имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон ба мухолифини худ ҳамчун ба душман муносибат надорад, зеро чунин муносибат бар зарари манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст: «Тамоми оппозитсионерони дар дохили кишвар буду бош дошта озодона фаъолият доранд. Додоҷон Атоулло барои Ҳукумати кишвар ҳеҷ хавфе надошт ва надорад, зеро то ҳоло ҳеҷ таъсири сиёсие дар ҷомеаи Тоҷикистон надошту надорад. Он гурӯҳе, ки баъзан аз номи онҳо Додоҷон гап мезанад, то ҳол дар кишвар муаррифӣ нашудааст. Аз ин сабаб дар бораи қувваи муайяни сиёсӣ будани ӯ ва ташкилоташ ҷуз гумону ҳадс чизи дигареро наметавон тасаввур намуд. Албатта шаҳрванди оппозитсионер ҳам ҳуқуқи зери ҳимояи қонунҳои давлаташ буданро дорад. Ҳар гуна оппозитсияи сиёсӣ ин қисми ҳамин ҷомеа мебошад ва давлат дар муқобили онҳо назари душманона дошта наметавонад. Хоҳ узви ягон ҳизби сиёсӣ бошад ва хоҳ ба таври фардӣ фаъолият намояд. Фақат онҳое, ки узви созмонҳои аз тарафи давлат манъшуда бошанд ва бо фаъолияти худ ба амнияти давлат ва шаҳвандон таҳдид менамоянд, метавонанд ба Суд кашида шаванд. Онҳое, ки дар берунанд, ба Тоҷикистон биёянд. Агар дар муқобили онҳо парвандаи ҷиноӣ боз нашуда бошад, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ҳуқуқи онҳоро маҳдуд намояд.»-афзуд, Сайфулло Сафаров.
Соли 2008 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Додоҷони Атовулло парвандаи ҷиноӣ боз шуда аз Федератсияи Россия боздошти ӯ дархост шудааст.
Хуршеди Атовулло, ки аксарият ӯро ҳамчун бародари Додоҷон Атовулло «гунаҳкор» мешуморанд, аммо дар асл ҳеҷ хешутаборӣ бо Додоҷон надорад, гуфт, «парвандае, ки аз болои Додоҷон Атовулло кушода шудааст, барои даъвати сарнагунсозии Ҳукумати қонунӣ ва таҳқири Президент муаррифӣ гаштааст, на барои анҷом додани амалиёти террористӣ ё таъсиси дастаҳои мусаллаҳ. Аз ин рӯ, фикр мекунам масъулин маҳз ин нуктаро дар назар доштаанд, яъне Додоҷон наметавонад исёни мусаллаҳона ба роҳ андозад ва ё гурӯҳи мусаллаҳ таъсис диҳад. Ва агар хато накунам, худи Додоҷон ҳам хостгори боз як нооромӣ дар Тоҷикистон нест ва бо роҳи осоишта ба сари қудрат омаданро чун хатти маши сиёсии худ интихоб кардааст.»
Боз бармегардем ба чистони сӯйиқасд ба ҷони Додо. Он шахсе, ки журналист ва оппозитсионерро шаби 12-уми январ ба мулоқот даъват намуд кӣ буд?
«Шахсе, ки маро ба мулоқот даъват кард, як ҳамватани худамон буд. Муфаттишон аз ман хоҳиш намуданд, ки ба хотири ба тафтишот халал ворид нашудан, номашро эълон накунам. Ба ҳамин хотир аз гуфтани номи ӯ худдорӣ менамоям. Бедалел, гуфта наметавонам, ки ҳамин одам, ҳам дар ин дасиса иштирок дошта бошад»-гуфт, Додоҷон Атовулло.
Ҳоло тафтишоти ин қазия идома дорад. Вақте Додо дар расонаҳо изҳорот пахш кард, ки қасд ба ҷони ӯ дар Душанбе тарҳрезӣ шудааст, як нафар корманди масъули Сафорати Тоҷикистон дар Федератсия Россия, зимни сӯҳбати бидуни микрофон бо «Тоҷикони Россия» изҳори таассуф карда гуфт; «умед доштем, журналисти тоҷик шифо ёфта ба воқеа рӯшанӣ меандозад ва онҳое, ки дар ин чанд рӯз кӯшиш карданд, номи Тоҷикистонро доғдор кунанд, лол мемонанд. Аммо афсӯс… Бо вуҷуди ин алайҳи Тоҷикистон гуноҳе ёфта наметавонанд, чун Ҳукумати мо ҳеҷ гоҳ сӯйиқасд ба ҷони мухолиф накардааст»
Додоҷон Атовулло мегӯяд, баъди шифо ёфтанаш ҳарчанд тахминашро гуфтааст, аммо ин хулосаи ниҳоии ӯ нест: «Ҳоло наметавонам, ки тахмину ташреҳҳоро тасдиқ ва шарҳ диҳам ва бовар намоям. Натиҷаи тафтишотро интизорам».
Гуфта шудааст, ки шахси ба журналист сӯйиқасдкунанда чеҳраи осиёӣ дошт, аммо тоҷик будани ӯ маълум нашудааст. Ба ақидаи баъзе соҳибназарон агар таҳиягарони асосии ин ҳодиса кори дасти хориҷиён бошад, метавонад, воқеияти ҳол ҳамоно пинҳон ва асроромез боқӣ монад. Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар тафтиши ҳодисаи сӯйиқасд ба ҷони Додоҷон Атовулло омода аст, ки ширкат кунад.
Додоҷон Атовулло дар сӯҳбат бо «Тоҷикони Россия» аз ин иқдоми вазири нав-Генерал Рамазон Раҳимов истиқбол намуда гуфт, ба ҳама гуна ҳамкорӣ ва ҳамёрие ки барои кушодани ҷиноят, агар мақсад ва маромномаи воқеан хуб бошад, мувофиқ аст ва зид нест.
«Ягона силоҳе ки дорам қалам аст, ба ғайр аз қалам ва сухан қуроле надорам. Зидди ҳама гуна зӯроварӣ ҳастам. Дар расонаҳо садҳо мақола ба зидди ман нашр шуд. Аммо ба онҳо ҷавоб нагуфтаам. На ба хотири он посух нанавиштаам, ки вақт надорам, ё онҳоро беарзиш меҳисобида бошам, балки ба он хотир ҷавоб намегӯям, ки ҳар як Инсон барои гуфтани андеша ва мавқеъи худ ҳақ дорад. Суханони вазиреро мисол меорам, ки ба ман мегӯяд, зидди ақидаи Шумо ҳастам, аммо барои дифоъ аз ақидаатон омодаам, ки ҷони худро фидо кунам.
Орзуи ман ин аст, ки дар Тоҷикистони азизам барои ақидааш ба сӯйи Инсон тир накушоянд, фишор наоранд, душман эълон накунанд, лату кӯб накунанд, ба маҳбас набаранд. Балки бо ӯ баҳс кунанд. Баҳс тавассути матбуот, Парлумон, телевизион. Ҷомеае дошта бошем, ки дар асри бисту як боиси шармамон набошад…»-гуфт, дар ниҳоят Додоҷон Атовулло.
Ёдовар мешавем, ки сӯйиқасд ба ҷони журналист ва оппозитсионери тоҷик Додоҷон Атовуллоро Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум намуд ва умедвори ҳарчӣ зудтар ошкор шудани омилони ин сӯъиқасд шуд. Сухангӯи ин вазорат Давлат Назриев ба «ИТАР-ТАСС» гуфт, дар Душанбе шеваҳои муҷозоти худсаронаро қатъиян қабул надоранд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон(CPJ), як қатор ташкилотҳои журналистии Тоҷикистону ҷаҳон ва шахсиятҳои саршинос аз мақомоти Федератсия Россия хостори ҳар чӣ зудтар ошкор намудани сарчашмаи ин ҷиноятро шуданд.
Соҳибёр Толиб
Бознашр аз “Тоҷикони Россия”


Добавить комментарий