СӮЙИҚАСД БА ҶОНИ ДОДО

Сафорат ба аёдати мухолифи ҳукумат рафт!

Ба ҷони журналист ва мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон Додоҷон Атовулло сӯйиқасд намуданд. Шоми 12 январ, тахминан соати 21 то 22 дар назди тарабхонаи итолёвии “Виадҷио”, воқеъ дар хиёбони Комсомолскии пойтахти Россия-Маскав шахси ношиносе ба Додо ҳамла намуда ба ҷисми ӯ ду корд мезанад. Ҳоло журналисти захмӣ дар беморхона ҷарроҳӣ шудааст ва атрофи ҳодисаи ба сари ӯ омада ҳадсу гумонҳои зиёд вуҷуд дорад.

Ба хабарнигори «Тоҷикони Россия» як манбаъи мӯътамад аз миёни табибони беморхонае, ки ҳоло дар он ҷо Додоҷон Атовулло хобидааст, гуфт, намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Россия, ки дар чунин ҳолатҳо масъули кор бо шаҳрвандони мо дар кишвари иқомат мебошад, барои дидорбинӣ ва донистани вазъи саломатии номбурда ба бемористон омадааст. Ба қавли табибон вазъи бемор тадриҷан беҳ мешавад.

Ронандаи Д. Атовулло, ки Амонулло ном дорад, ҳамсӯҳбат шудем, ки гуфт: «Ростӣ, ҳоло дар ин мавзӯъ аз чизе гуфтан худдорӣ менамоям.»

Шахсе аз пайвандони Д. Атовулло бо номи Доро мегӯяд: «Аҳволашон аз пештара беҳтар шудааст. Мо сӯҳбат кардем, ҳоло фақат чанд нафар шахсони наздикашонро иҷозат медиҳанд, ки аёдат кунанд, рӯзноманигоронро иҷозат намедиҳанд. Барои дидорбинии мо ҳам фурсати кӯтоҳ ҷудо шудааст. Имрӯз баъд аз зӯҳр бояд ҳамроҳи Додоҷон Атовулло гуфтугӯ кунанд. Мавзӯъ чӣ гуна ранг мегирад, ба наздикӣ, баъди тафтишот маълум мешавад.

Қатъӣ гуфта наметавонем, ки аз фалонӣ гумонбарем. Ҳар чӣ бошад, ба фаъолияти сиёсиашон дахл дорад. Сарватманд набуданд, ки ба хотири пул сӯйиқасд шуда бошад, бо касе кашмакашӣ ё моҷаро надодоштанд.  Додоҷон Атовулло шахси боғайрат ҳастанд ва ҳарос надоранд. Ҳамон вақт ронанда ин касро дар назди бинои истиқоматиашон фароварда рафтааст. Шахси ношиносе, ки тариқи телфон Додоро ба мулоқот даъват мекунад, ин кас аввал розӣ намешаванд. Баъде ки пай дар пай занг зада даъват мекунад, ин кас розӣ мешаванд. Дар сӯҳбати кӯтоҳ гуфтанд, ки ҳамон одаме, ки корд зад, дидам. Ношинос, аммо аз рӯйи чеҳрааш мардуми тарафи худамон будааст. Он кас бори дигар афташро бубинанд, шинохта метавонистаанд. Аммо пеш аз ин надида будаанд. Бо дидани ӯ аввал қафо баргаштан хостаанд, баъд «одами худӣ-ку» гӯён салом кардан мехоҳанд, ки  корд мезанад. Ин ҳодиса дар беруни тарабхонаи итолиёии “Viaggio” мешавад. Баъд ин кас худро ба дохили тарабхона зада ёрӣ металабанд. Ин ҳолатро ба мо бо мушкилӣ нақл карданд. Мо ҳам вазъияти он касро ба назар гирифта зиёд пурсуҷӯ накардем»- мегӯяд Доро.

Татарбхонаи "Виаҷио", ҷойи ҳодиса

Бояд гуфт, ки ин ҳодисаи хунин мавриди баҳсу гуфтугузорҳои зиёд дар Россия низ шудааст. Бештар аз ҳама ҳамватанони мо –аҳли диаспора ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик байни худ атрофи ин фоҷиа паст-паст сӯҳбат мекунанд.  Вақте мухбири «Тоҷикони Россия» аз муҳоҷири ҳамватане, ки дар  фӯрушгоҳи канори Москва боркаш аст, дар ин маврид суол кард, ҷавоби хубе шунид: «Мо камбағалҳо аз куҷо медонем чӣ гапу чӣ кор аст? Аз ката-катаҳои тоҷикон пурсед…». Беҳтарин ҷавоб!

Мавзӯъ сарбаставу пурмуаммост. Воқеъан, шахсони саршиноси тоҷики муқими Москва дар мавриди ин ҳодиса чӣ назаре доранд?

Каромат Шарипов- роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки одатан дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассос баъзан аз ҳад зиёд «фаъол» аст,  як навъ «пауза» гирифта буд. Танҳо рӯзи дигар, дар сайти Ҷунбиш матни суханронии  Додоҷон Атовуллоев дар Анҷумани 11-уми ғайринавбатии он аз 17 ноябри соли 2009 бидуни ҳеҷ як ишора ба табъ расид, ки дар поёни матн хоҳиш мешавад, ки агар нафаре дар бораи ин фоҷиа маълумоте дошта бошад, ба хатти телефони рӯшани Ҷунбиш ба алоқа барояд.

Ба алоқа мебароем. Рақами Каромат Шариповро каси дигар мебардорад ва мегӯяд, ки Шарипов ба тозагӣ аз сафари хориҷӣ баргаштааст ва барои тамос рақами дигарро медиҳад. Занг ба рақами дигар бо нуқсони техникӣ бебарор манҷомад.

Бӯрӣ Карим- яке аз шахсиятҳои саршиноси тоҷик дар Россия мегӯяд: «Сӯйиқаст ба ҷони касе, ки набошад бад аст. Бо розигии Худованд инсонҳо ба дунё меоянд ва махлуқи офаридаи ӯ баъзан ба роҳи бад меравад. Бадбахтона, ба ин роҳ ӯро махлуқи дигаре равона месозад. Дареғо ва сад дареғо. Сӯийиқаст ба ҷони Додоҷон аз Душанбе буданашро фақат Ҳақтаъло медонад. Ман аз онҳое нестам, ки дурӯғ бигӯям ва касеро, ва ё Худо накунад, ҳукуматеро гунаҳкор бипиндорам.

Додоҷони Атовулло дар замонаш ва ҳоло ҳам рӯзноманигори варзида ҳаст. Афсӯс, ки баъзан аз чорчӯбаи воқеият берун меҷаҳад. Вале ин мазмуни онро надорад, ки ба ҷони ӯ сӯйиқаст кард. Ин камбудии ҷиддии ҷомеи мост. Бояд шахсоне ҳақиқат бигӯянд ва агар, онҳоро мо дами теғ мекунем, пас аз ҷомеаи ҳуқуқбунёду демакратӣ дараке нест, на дар кишвари мову, на дар кишваре, ки ин ҳодиса рух дод.

Ҷомеаи ҳуқуқбунёд, бояд ба ҳарфи ҳамагон гӯш бидиҳад, аз ҷумла ҳукуматдорон, агар даъвои раҳбарӣ доранд,- роҳбарии воқеӣ, баҳри рушду миллату мардуми хеш.

Тахминҳо: фармоиш, бадбинии онҳое ки ба ӯ  қасд доранд, қуваҳои беруна, давраи найрангҳои интихоботӣ, моҷарои бизнесӣ, кори онҳое, ки обро лой карда моҳӣ медоранд ва бо даҳҳо фарзияҳои дигар…

Як чиз яқин аст, сиёсатмадор ва рӯзноманигор будан кори ҳассос ва вазифаи хатарнок аст. Оё касе аз раҳбарон ва озодандешон дунболи фарзияи фавти рӯзноманигорони дар Масква ҷонсупорида ба монанди Искандари Хатлонӣ ё Муҳаммадраҳими Сайдар гашт?.. Не!!! Ҷуз ду се нафаре…

То замоне, ки мо ба қадри фарзандони фарзонаи миллати хеш намерасем, моро худиву бегонаҳо мавҳ месозанд, ҷомеаи мо бо таври дилхоҳ рушд намекунад.

Бо Додоҷон сиҳатӣ, умри бардавом ва ба «дӯстонаш» тавфиқ хоҳонам»- гуфт дар анҷом Б.Карим.

Дар ниҳоят Муассиси афтаномаи “Тоҷикони Россия”, роҳбари Медиахолдинги TAJINFO дар Россия Муҳаммад Эгамзод мавзӯъро ин тавр шарҳ медиҳад: «Аз се фарзияе, ки ахиран дар сӯҳбати оҷонсии «Азия плюс» гуфтам, тобиши сиёсии ин суйиқасд рӯз аз рӯз камрангтар мешавад. Зеро ҷанбаҳои дигари ин ҳодиса рӯй мезананд… Рӯзҳои наздик эҳтимол муаммои ин ҳодиса боз гардад. Банда наметавонам бо рӯзноманигори шинохтаи рус Аркадий Дубнов розӣ бишавам, ки рӯзи аввал бидуни ҳеҷ як санаду далел ин корро ба Ҳукумати Тоҷикистон рабт дод.

Хуб аст, ки дар ҳолатҳои аввал Вазорати умури хориҷии кишвар изҳороти хешро дар ин бобат пахш намуд ва хостори ҳарчӣ зудтари баррасии ин қазия гардид. Вагарна, агар боз мисли баъзе ҳолатҳо хомӯширо пеш мегирифтем, ин шубҳаро худамон тақвият мебахшидем. Хуб мешуд, дар пайгирии ин қазия мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо  мақомоти Россия ҳамкории густурдаеро ба роҳ андозанд, дар кушоиши гиреҳҳои он кӯмак кунанд.

Дар доираи ҷанбаи сиёсӣ, ҳамчунин пайи дасти қувваҳоеро метавон дид, ки алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон низ иқдомоти тарҳрезишуда доранд. Шояд, ин яке аз нақшаҳои  ин қувва бошад, ки метарсам,  дар як соли пешазинтихоботии Президенти Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд. Дар ин ҳолат, Россияро низ, ки ин ҳодиса бо шаҳрванди хориҷии паноҳандагии сиёсии Олмон дошта дар қаламрави ӯ ба вуқӯъ пайвастааст,  лозим аст, ки ҷинояткор ва ё фармоишгари ӯро ҳарчӣ зудтар пайдо ва муҷозот намояд.

Ҷанбаи дигар-муноқишаи байнихудии тоҷикон. Солҳои охир, ин гуна ҳодисаҳо зиёд ба назар мерасанд. Мегӯянд, тоҷикон дар Россия «разборчик»-ҳои худро доранд, ки ба ҳама кор қодиранд… Суханронии Д. Атовуллоро дар матбуот ва телевизионҳои Россия дар он шабу рӯзҳои муноқишаи лётчикҳои русу эстонӣ тоҷикистониҳо дар ин кишвар якхела истиқбол накарданд. Онҳое, ки бо гуфтаҳои Додоҷон розӣ нашуданд, низ буданд. Бахусус, яке аз сӯҳбатҳои Дододоҷон дар шабакаи телевизиони русии “Дождҷ” афкори ҳархеларо ба миён оварда буд…. Аҷаб не, аз миёни шахсони бо ин андешаҳо носозгор тоҷике қасди ҷони Додо карда бошад.

Ҷанбаи дигар- иҷтимоӣ (на бытовой почве). Шояд ягон муноқишаи ночизе (аз барои пул, ё ягон кори дигаре) ҷой дошта бошад, ки оқибат ба ин ҳодисаи мудҳиш оварда расондааст. Дар зиндагӣ, бахусус дар шаҳри Москва, ки басе гарону пурмоҷарову шулуғ аст, ҳар кор шуданаш мумкин. Дар чунин ҳолатҳо низ асосан «разборчикҳо» ба миён медароянд…. Ҳарчанд,  Додочон аз нафарони оромтабиат аст…».

Додоҷон Атовулло муассиси аввалин нашрияи мустақил дар Тоҷикистон-«Чароғи рӯз» ва пешвои Созмони ғайрирасии “Ватандор” буда, мунаққиди шадидлаҳни Ҳукумати Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1992 Тоҷикистонро тарк намуда, охирин сафараш ба Ватан дар соли 2004 буд.

Фарзияҳои боло, ки оиди сӯйиқасд ба ҷони Д. Атовулло аст, ҳанӯз исботшуда нест. Нуқтаи охиринро дар ин қазия тафтишот хохад гузошт.

Соҳибёр Толиб

Бознашр аз «Тоҷикони Россия»

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers