1001 мушкилоти деҳот
$18 милион барои Cуғд
Департаменти рушди байналмиллалии Британияи Кабир, Барномаи рушди СММ(Созмони миллал мутаҳид), Агентӣ оид ба ҳамкориҳои техникии Тоҷикистон ва Олмон лоиҳаи нави сесолаеро бо номи «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» дар Тоҷикистон рохандозӣ кардаанд. Ин барнома бо сарфи 18 милион доллари ИМА(Иёлоти муттаҳидаи Амрико) дар 14 ноҳияи вилояти Суғд амалӣ мешудааст. Муассисон ҳадафи корашонро аз байн бурдани як қатор мушкилоти шаҳрвандони деҳнишини Тоҷикистон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ муаррифӣ карданд.
Роҳбари дафтари Департаменти рушди байналмиллалии Британияи Кабир Боб Левирингтон, ки лоиҳаи мазкурро дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, «Барномаи рушди иқтисодии деҳот»-ро яке аз калонтарин барномаҳо дар Тоҷикистон унвон кард:
«Чунин барномаро дар дигар кишварҳо надоштем ва аввалин бор дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунем. Усули роҳандозии «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» аз дигар барномаҳо фарқкунанда аст. Масалан, ҳамкории созмонҳои хориҷӣ бо ҳукумат дар амалишавии лоиҳаҳо кам сурат мегирифт. Аммо мо ҳангоми роҳандозии барнома аввал тасмим гирифтем, ки бо ҳукмат забони умуми ёбем ва фикри Ҳукумати Тоҷикистонро пурсем».
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур зимни сафари дувумаш ба вилояти Суғд аз ҷараёни амалиёти «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» огоҳ шуда ба хулосае омадааст, ки мушкилоти асосие, ки бояд дар доираи барнома ҳал шавад, ба вуҷуд овардани шароити дурусти кишоварзӣ мебошад:
«Соли гузашта моҳи декабр зимни сафари аввалинам ба раиси вилояти Суғд аз таҳияи ин барнома хабар дода будам. Ин дафъа аз ҷараёни тадбиқи барнома хабар дода тавонистам. Оиди амалиёти «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» пешравӣ ба назар мерасад».
Тавре сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур қайд кард, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни мулоқоташ бо сафир тақозо кардааст, ки дар ҷарёни амалӣ намудани барнома лоиҳаҳо нусхабардорӣ нашаванд, яъне ҳар ноҳия вобаста ба мушкилоти мавҷудаи худ лоиҳаҳои мувофиқ таҳия ва пешниҳод кунад.
Нобовариҳо ба сарфи маблағ
Баъзе соҳибназарон ба шаффофияти кори амалдорони «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» шубҳа доранд. Коршиноси тоҷик Дилбар Самадова, ки худ сокини шаҳри Хуҷанд аст, чунин ақида дорад, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ҳамеша коре мекунанд, ки маблағ тибқи нақшаи таҳияшуда босамар истифода намегардад:
«Мутаасифона ман бовар надорам, ки ин маблағҳои ҳангуфт бомақсад истифода шаванд. Агар дар Тоҷикистон маблағҳои аз ҳукумат ва ташкилотҳои ёрирасон ҷудошуда бомақсад истифода мешуданд, кайҳо мо аз бӯҳронҳо мебаромадем ва дигар ниёзе ба чунин барномаҳо надоштем»
Аммо ба қавли Боб Левирингтон ба хотири роҳ наёфтани фасод дар ҷараёни амалиёти «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» қабл аз он ки ҳукуматҳои маҳалӣ лоиҳаҳои худро меоранд, ҳисоби хароҷоти онро бояд пешакӣ таҳия кунанд:
«Мо ҳамаашро санҷида мебароем, зарурати лоиҳаро муҳокима намуда аудит мегузаронем баъд қарор қабул мекунем»
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз муассисони барнома тақозо кардааст, ки тақсимшавии маблағҳо ба мардум барраси шавад ва дигар маълумотҳо низ махфи намонад. Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бошад мегӯяд, шаффофиятро дар ҷараёни амалиёт имрӯз фaқат рӯзноманигорон метавонанд нигоҳ доранд:
«Дастрасии иттилоъи заруриро барои рӯзноманигорон пинҳон накунанд. Ин метавонад, монеъи роҳ ёфтани фасод дар кори амалдорони барнома гардад. Ғайр аз ин гурӯҳҳои корӣ муаррифӣ карда шаванд, то маълум гардад, ки онҳо бо барномаҳои байналмиллалӣ дар сатҳи зарурӣ кор карда метавонанд ё не?»
Муассисони «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» мутмаинанд, ки бо фаъол намудани робита байни мардум ва дастгоҳи марказии тадбиқи барнома камбудиҳои ба вуҷуд омада бартараф карда мешавад. Аммо баъзе фаъолони вилояти Суғд бовар надоранд, ки мардуми деҳот бо истифода аз ҳуқуқашон шикоят мекарда бошанд. Ҳуқуқшиноси тоҷик Файзинисо Воҳидова мегӯяд, мардум барои шикоят накардан дар мавриди истифодаи маблағҳои ҷудошуда аз мақомоти маҳал огоҳонида мешаванд:
«Ҳатто пеш аз сафарҳои сарвари мамлакат, раиси вилоят ва роҳбарони созмонҳои байналмиллалӣ огоҳ карда мешавад, ки ҳеҷ кас шикоят накунад. Раисони мо аз ҷонашон метарсанд».
Таҳлилгари ҷавон Солеҳ Алимов бошад, ба созмонҳои байналмиллаие шубҳа дорад, ки «Барномаи рушди иқтисодии деҳот»-ро матраҳ кардаанд. Номбурда мегӯяд, созмонҳои хориҷӣ пеш аз роҳандозӣ намудани барномаҳояшон ҳадафҳои созандаи худро муаррифӣ карда ҳукуматро дилпур мекунанд, дар ҷараёни амалиёташон маълум мешавад, ки ғаразашон дигар аст:
«Ташкилотҳоеро дидем, ки дар деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон мардумро бо баргузор намудани чорабиниҳоҷаъм карда сурат гирифтанд, навор гирифтанд ва ба маблағгузоронашон ҳисобот доданд, ки корашон анҷом ёфтааст. Масалан Созмони даниягии «Миссияи Шарқ» ҳадафашро ба ҳукумат паст кардани хавфи офaтҳои табии муаррифӣ кард. Чаро дар Кӯлоб кор накард? Ба Панҷакент рафт, дар деҳаҳое, ки он ҷо хавфи сел таҳдид намекард байни наврасон бо тақсим намудани рифола ва тарғиби секс машғул шуд»
Аммо ба қавли мушовири Раёсати барномаи рушди СММ Сафия Азизова 60 фоизи ҳайати тадбиқкунандаи барномаро кормандони боэътимоди ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бар ӯҳда доранд:
«Ҳар кас аз фаъолони ҳукумат ва ҷамоатҳо метавонад бо хоҳиши худ озодона ба гурӯҳҳои корӣ дохил шавад ва агар хоҳиш надошта бошад хориҷ шавад»
Дар Сафорати Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ҳадафи барномаашон баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аст, на таъсиррасонии фарҳангӣ.
Талош барои истифодаи маблағ
Аз раванди тадбиқи «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» дар вилояти Суғд шаш моҳ сипари шудааст. Ба хабарнигори IWPR муяссар шуд, ки ҷараёни амалиёти барномаи мазкурро фақат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод мушоҳида кунад.
Дар доираи «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» фондҳои боварӣ таъсис дода шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд аз он қарз гиранд ва бо тиҷорат машғул шаванд. Бо Бахтиёр Эшматов, сокини Ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шудем, ки ӯ бо гирифтани қарзи хурд ба тиҷорати аграрӣ машғул шуда муваффақ шудааст:
«Соли 2006 аз дуто гов саркардам, ҳоло 21 гов дорам. Боз қарз мегирам»
Насимҷон Ғафоров, директории иҷроияи Фонди «Феникс+» ба шаҳрвандоне, ки бо тиҷорати аграрӣ машғул мешаванд, эътимоди бештар доштааст. Аммо ӯ мегӯяд, 0,9 фоизи қарзҳои додаашро баргардонида натавониста истодаасту халос:
«Ҳаштоду панҷ фоизи қарзҳоямон ба агробизнес аст. Мардум, ки ҳамарӯза ба гӯшту шир ниёз доранд, чорводорон ҳам вақти баргардонидани қарз он қадар мушкилӣ намекашанд»
Аммо фаъолони ноҳияи Зафаробод масъалаи истифодаи маблағи ҷудошудаи «Барномаи рушди иқтисодии деҳот»-ро мавриди муҳокима қарор додаанд.
Ҷонишини мудири маорифи ноҳияи Зафаробод Зулола Маъмурова мегӯяд, мушкилоте, ки аввалин шуда дар ноҳияи Зафаробод бояд ҳал шавад, дар соҳаи маориф аст:
«Имрӯз дар мактабҳои Зафаробод мизу курсӣ, китобҳо ва дигар лавозимоти хониш намерасанд. Аксари мактабҳо таъмирталаб буда дар ҳолати садамавӣқарор доранд. Омӯзгорон аз набудани шароити корӣ рӯҳафтода гашта тарки вазифа мекунанд»
Кормандони соҳаи тиби ноҳия даъво доранд, ки вазъи тандурустии зафарободиҳо мавриди нигаронӣқарор дорад. Ба қавли сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод Исмоил Раҳматуллоев таҷҳизоти тиббӣ ба ин ноҳия солҳои 1970-80 ворид шуда то ҳол истифода мешаванд. Номбурда мегӯяд, дар ноҳияи Зафаробод 58 ҷойи холӣ барои духтурон дорад:
«Дар ноҳияе, ки диаметраш 80 километр асту радиуси хизматрасонӣ 40 километр ҳамагӣ ду автомашинаи санитарӣ истифода мешавад. Баъзе таҷҳизоти сахту нарм солҳои 1990 ворид шуда баъди соли 2000 умуман ворид нашуд. Соли 2009 бо дастгирии ҳукумат бо маблағи 700 ҳазор сомонӣ беморхонаи марказӣқисман таъмир шуд, аммо вазъ дар соҳа нигароникунанда боқӣ монд»
Аммо зафарободиҳо тақозо доранд, ки маблағҳои дар доираи «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» ҷудошуда бештар ба соҳаи кишоварзӣ масраф шавад. Зеро асоси иқтисодиёти ноҳияи Зафаробод аз пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва дигар зироати кшоварзӣ мебошад. Ноҳия манбаъ ва захираҳои обӣ надошта пурра ба таври сунъӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва ду канали магистралӣ бо об таъмин мешавад. Пойгоҳҳои обкашӣ ибтидои солҳои 1960 сохта шуда мӯҳлати истифодабарии онҳо гузаштааст. Канали ТМ-2, ки аксари хоҷагиҳои ноҳия аз оби он истифода мебаранд дар ҳоли басо ногувор қарор дорад. Барои таъмири ин канал аз рӯйи ҳисоби пешакии мутахасисон бештар аз 210 ҳазор доллари ИМА зарур аст. Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод Сулаймон Зиёев мегӯяд:
«Дар ҳолати таъмир намудани канали ТМ-2 2898 нафар бекорон бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Ҳамчунин таъмири чоҳҳои амудии ноҳия низ зарурат дорад. Аз 190 чоҳҳои амудии мавҷудбуда 140 ададаш корношоям гардида барои таъмири 1 чоҳи амудӣқариб 15 ҳазор доллари ИМА даркор аст»
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ба кор даровардани як чоҳи амудӣ 20 гектар замин бо оби полезӣ таъмин мешудааст. Дар ин ҳол даромади заминдорон зиёд гардида дар як сол ба ҳисоби миёна аз як ҳосил ғайр аз хароҷотҳо 12 ҳазор доллари ИМА ба даст овардан мумкин аст, даъво доранд кишоварзони Зафаробод.
Заҳри Ӯзбекистон ва захми Суғд
Дар вилояти Суғд агар деҳае аз офати табиӣ зарар бинад ё хавфи офати табиӣ таҳдид кунад, мардумашро ба Зафаробод мекӯчонанд. Ин ноҳия минтақаи эҳтиётӣ низ ба ҳисоб меравад.
Зафаробод ноҳияи сарҳадӣ буда наздик ба шаҳри саноатии Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Корхонаҳои саноатии Бекобод ва нерӯгоҳҳои ҳароратии Ҷумҳурии ӯзбекистон миллионҳо метри мукааб газҳои гулхонаиро ба фазо партоб мекунанд, ки сокинони Зафаробод ва дигар ноҳияҳои наздик аз таъсири он ранҷ мекашанд. Дар ҳоле, ки ӯзбекистон мунтазам тақозои бастани Корхонаи алюминии тоҷик “Талко”-ро мекунад, аз ҷониби Тоҷикистон дар мавриди партоби кимиёвии корхонаҳои ӯзбекистон вокунише нашудааст.
Сокини Ҷамоати “Ҷомӣ”-и ноҳияи Зафаробод, ки худро Мирзо муаррифи кард, шикоят дорад, ки бар асари вайрон будани боду ҳавои атроф аҳли оилааш ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд:
“Нафаси одам мегирад, сар дард мекунад, барги дарахтҳо пажмурда шудагӣ, ҳосили нағз гирифта намешавад. Илтимос, аввал ҳамин мушкилот ҳал шавад”
Дар Ҳукумати ноҳияи Зафаробод бошад, ҳеҷ кас намехоҳад, ки дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад. Раиси ноҳия Ҳомидхон Боиров гуфт, ки худро бардам ҳис мекунад:
“Корхонаҳои Бегобод ҳиччӣ таъсири бадаш нестас. Ҳама кори худаш қатӣ овора»
Дар ҳамин ҳол Муовини раиси Маркази тадқиқои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, мақомдорони имрӯзаи тоҷик ҷасорати сиёсӣ надоранд, ки ин масъаларо дар сатҳи байналмиллалӣ ошкоро матраҳ кунанд:
«Мансабдорони мо аз аввал тарсончак буданд ва ҳоло ҳам аксарияташон метарсанд ва ҳақиқатро гапи зиёдатӣ мешуморанд»
Назар ба қавли таҳлилгарон аз 7,5 миллион тонна заҳраҳои истихроҷие, ки дар минтақа партов мегардад, 2, 152 милион ё (28,7%), он ба корхонаҳои саноатии ӯзбекистон тааллуқ дорад. Таҳлилгари тоҷик Ибодуллоҳи Оқилпур чунин хулоса мекунад, ки паҳну партови заҳраҳои корхонаҳои саноатии ӯзбекистон нисбат ба Тоҷикистон 18 маротиба зиёдтар муҳити зистро заҳролуд месозад:
«Агар ба таври возеҳ бингарем, шимоли Тоҷикистон, ки беш аз 2,5 миллион аҳолӣ дорад, дар зери таъсири корхонаҳои тавлидотии кимиёӣ, фулузистеҳсолкунӣ, саноати коркарди кӯҳӣ ва муҷтамаҳо ва неругоҳҳои истеҳсоли барқу гармии ӯзбекистон қарор дорад»
Ҳуқуқшиноси тоҷик Файзинисо Воҳидова мегӯяд, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣӯзбекистон бояд зарари кимиёвии корхонаҳояшро ҷуброн кунад:
«Афcӯc, ки ӯзбекистону Тоҷикисон узви Суди байнулмиллалӣ нестанд то ин масъаларо дар шоҳидии ҷаҳониён муҳокима кунанд. Ҳар ду ҳақ доранд ки корхонаҳои саноатиашонро фаъол кунанд. Аммо агар таъсири манфии ба ҳамдигар расонидаашонро ҷуброн кунанд, Тоҷикистон аз ӯзбекистон зарари бештар дидааст»
Сардухтури Маркази назорати давлатии санитарии эпидемологии ноҳияи Зафаробод Ёрибек Назиров мегӯяд, яке аз сабабҳои зиёдшавии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Зафаробод вазъи нохуби экологӣ мебошад. Аммо Назиров аз гуфтани таъсири манфии заҳрачаҳои кимиёвии аз ҷониби Бекобод меомада худдорӣ кард:
«Як сол бо хадамоти назорати санитарию эпидомолигии ҷумҳурӣ аз он ҷумла бо комиссияи муҳити зисти вилоят тадқиқотҳои радиатсионӣ гузаронидем. Аз ҷиҳати радиатсионӣ таъсир надорад»
Зохиран чунин менамояд, ки масъулини ноҳия мушкилоти асосии Зафарободро, ки марбут ба вазъи экологӣ мебошад эътироф мекунанд. Рӯзноманигор Абдулазизи Восеъ, ки ба таҳлили вазъи иҷтимоии сокинони вилояти Суғд машғул буд, мегӯяд:
«Баёни зарари ӯзбекистон ба муносибати ҳасанаи ду миллат он қадар таъсири шадид надорад, аммо ин метавонад сабаби аз мансаб барканор шудани мақомдорон гардад»
Барои ҳамин гуфта мешавад, ки то дар бора зарари кимиёвии корхонаҳои Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон эътирози расмӣ нашавад, дар доираи барномаҳои байналмиллалӣ ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонад.
Соҳибёр Толиб
Дар “Имрўз News” наш шудааст

Добавить комментарий