Академияи улуми Ислом: кай ва дар куҷо?
Уламои исломӣ унвон меҷӯянд
Олимони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дер боз мақсади таъсис додани аспирантураро доштанд, аммо кам будани шумораи устодони соҳибунвон дар ин донишкада боиси мушкилоти ин иқдом будааст. Мударрисони ин муассисаи мазҳабӣ ҳарчанд аз илми илоҳиёт бархурдоранд, аммо устодони соҳибунвони илмҳои дигаранд. Дар роҳи шариат муҳим нест, ки илоҳиётшинос номзад ё доктори илм бошад, аммо шароити имрӯза ва низоми мактаби олӣ тақозо мекунад, ки устодони дин ҳам рисолаҳои илмии худро дар мавзӯъҳои фиқҳ, ақида, аҳодиси набавию Қуръон ҳимоя кунанд.
Зайниддин НАБОТОВ, мудири кафедраи фалсафа ва илоҳиёти Донишкадаи исломии Тоҷикистон тақозо дорад, ки аввалан шароит муҳайё шавад, то унвонҷӯён дар илми илоҳиёт рисолаҳои илмии худро ҳимоя карда тавонанд. Номбурда мегӯяд, он шахсоне, ки дар роҳи дин соҳибунвон шудан мехоҳанд, маҷбуранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамолики исломӣ рисолаҳои илмиашонро ҳимоя намоянд. Аммо олимони мо ба ин шароити иқтисодӣ надоранд. Ғайр аз ин ба онҳое, ки илми илоҳиётро дар хориҷа ҳифз мекунанд, андаке шубҳа дорем. Зеро баъзеи онҳо аз меъёрҳои фаҳмиши диниву миллии мо лағжидан мехоҳанд. Инро мо намехоҳем. Аммо агар ақидаҳои мазҳабиро бо асосҳои илмӣ муқоиса кунанд, боиси пазируфтан аст. -Дар донишгоҳҳои олии мо мавзӯъҳоеро ба монанди калому тасаввуф пайгирӣ кардан мумкин аст, вале инҳоро мавзӯъҳои сирф динӣ гуфта наметавонем, -мегӯяд ӯ ва меафзояд: дар дин мавзӯъҳои муҳиме ҳастанд, ки ҳанӯз омӯхта нашудаанд. Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон аспирантура ифтитоҳ гардад, то мушкилоти кадриро худамон ҳал намоем.
Мударриси дигари ҳамин донишкада Маъруф НАЗАРОВ мегӯяд, то он даме ки ин муассисаи мазҳабӣ ғайридавлатӣ буд, донишҷӯёни мо ҳуҷҷати расмӣ надоштанд ва фаъолияти ояндаашон дар Тоҷикистон норӯшан буд. Имрӯз Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо мақоми давлатӣ гирифтанаш имкониятҳои васеъро соҳиб гардид. Ҳоло хатмкунандагони донишкада дар Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо корҳои илмӣ машғуланд. Номзадҳои илм ҳам ҳастанд, аммо дар илмҳои дигар рисола ҳимоя намудаанд, на дар илми ислом. Ба ин мо зид нестем. Мо метавонем, бо ёрии ҳаминҳо ҳам аспирантура кушоем. Аммо мушкилиҳои дигаре дорем, ки ҳалли онҳо муҳимтар аст. Барои панҷ факултаи донишкада ҷой ва бинои танг дорем, барои донишҷӯёнамон хобгоҳ надорем. Бо вуҷуди ин мо дар фикри аспирантура ҳастем.
Дар як гуфтугӯи сарироҳӣ аз вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор РАҲМОНОВ пурсидам, ки оё ӯ аз кушодани аспирантура дар Донишкадаи исломӣ дастгирӣ мекунад? Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, барои кушодани кафедраҳои нав ва аспирантура дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳатман мусоидат хоҳад кард, аммо ҳамаи мушкилиҳои ин донишкадаи навтаъсисро дар як рӯз ҳал кардан номумкин аст.
Зарурати исломшиносии илмӣ
Вале аҳли уламо ва донишмандони диншинос фақат бо ният қонеъ намешаванд. Онҳо мехоҳанд барномаи таълимии исломшиносии илмӣ на танҳо дар муассисаҳои мазҳабӣ, балки дар дигар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҳам ба роҳ монда шавад.
Ба ақидаи диншиносон, кушодани кафедраҳои диншиносӣ дар системаи маорифи Точикистон зарур аст. Аммо гурӯҳе аз файласуфон диншиносиро илм не, балки як шохаи илми фалсафа дониста, намехоҳанд онро аз фалсафа ҷудо шиносанд. Ба қавли эшон, ҳама гуна мавзӯъҳои мазҳабиро дар кафедраи фалсафа пайгирӣ намудан мумкин аст. Вале диншиносон дар навбати худ мавҷудияти ин илмро бо тақсимбандии шохаҳои таърихи дин, фалсафаи дин, равоншиносии дин, ҷомеашиносии дин ва падидашиносии дин собит кардаанд ва шинохти ин илмро дар шароити кунунии Тоҷикистон зарур медонанд. Муовини директори Маркази исломшиносии назди президенти Точикистон Шерзод АБДУЛЛОЕВ мегӯяд, мо дар шинохти дин кайҳо дер кардаем. То ҳол дар ягон донишгоҳи мо чунин кафедраҳо вуҷуд надорад ва барои омӯзонидани Ислом ва дигар динҳо дар мактабҳои оливу миёнаи мо мутахассис намерасад. Диншиносӣ илми шохадор аст ва ин илмро ҳар кас таълим дода наметавонад. Агар кафедраҳои диншиносӣ кушода, диншиносонро таълим диҳем, он гоҳ метавонем насли ояндаро дар роҳи шинохти дин дуруст тарбия кунем. Ин метавонад ҳисси таассуб ва фузунхоҳиро аз байн бубарад. Кишвархои ғарбӣ аз охири асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ сар карда дар тамоми донишгоҳҳои худ кафедраҳои диншиносӣ доштанд. Таърихи дин ва ахлоқи динро меомӯхтанд. Нашрияҳои динӣ нашр мекарданд ва вобаста ба адён чопи маводи таълимӣ ба роҳ монда шуда буд. Аврупо медонист, ки дин рукни муҳими фарҳанг ва шакли омавии шуури мардум аст. Барои он ки ҷаҳонбинии динии мардум дар сатҳи олӣ бошад, бояд дин аз нуқтаи назари илмӣ омӯзонида шавад на аз нуқтаи назари ақидавӣ. Дине, ки дар пояи илм омӯзонида намешавад, пайравонашро ба ҷаҳолат мебарад. Карл Маркс динро «афюни халқ» гуфта буд ва бубинед, ки то ҳол баъзеҳо ба ин ақида мутақоиданд. Аз ин рӯ кушодашавии кафедраҳои диншиносӣ дар донишгоҳҳо метавонад, фаҳмиши нодурусти диниро аз афкори насли ҷавон бизудояд.
Баъзе коршиносон таъсиси кафедраҳои улуми ислом, улуми Қуръон, улуми аҳодиси набавиро ҳам муҳим мешуморанд.
-Шӯъбаи фиқҳ ва аҳодиси набавӣ ҳам бояд бошад, мегӯяд исломшинос Зайниддин НАБОТОВ. Ба ақидаи номбурда, азбаски қисми аъзами мардуми Тоҷикистон мусалмонанд, омӯзиши исломшиносии илмӣ аз диншиносӣ муҳимтар аст. Ҳатто Ислом дар баробари дини бузург буданаш худ илми диншиносӣ будааст ва метавонистааст толибилмро бо ақоиди динҳои дигар ошно кунад. Дар давраи шӯравӣ кафедраи диншиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Ленин (ҳозира ДМТ) ва якчанд донишгоҳи дигар буд, ки онро кафедраи диншиносии атеистӣ мегуфтанд. Ҳатто комунистон медонистаанд, ки бояд дар бораи дин ба мардум маълумот дод, ҳарчанд барнома таълимиашон хилофи ақоиди динӣ таҳия гардида ба роҳ монда мешуд. Дар мактабҳои миёна ҳам атеизми илмӣ, аниқтараш дарси бехудоӣ таълим дода мешуд. Динро мутобиқ ба идеологияи нодурусти ҳукумати он замон аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо медоданд. Баъди барҳамхӯрии СССР ин кафедраро бастанд.
Шерзод Абдуллоев мегӯяд, мутахассисони ҳамон давра ба ҳар хол диншинос буданд. Мо ҳам мутахассиси соҳаи диншиносии маркисистӣ будем. Намедонам имрӯз чӣ монеае ҳаст, ки чунин кафедраҳо кушода намешаванд. Онҳое, ки диншиносиро ҳамчун илм намешиносанд иштибоҳ мекунанд. Аввалан диншиносӣ объект ва мавзӯъи баҳси худро дорад. Дуруст аст, ки то давраи Гегел қисмати фалсафаи дин буд ва қисмати таърихи дин дар илми таърих омӯхта мешуд, аммо ҷаҳонбинии муосир дигар аст ва мо бояд бо ин мувофиқ бошем. Бояд ҳарчӣ зудтар кафедраҳои диншиносӣ таъсис дода шаванд. Аққалан шӯъбаҳои диншиносӣ ва исломшиносӣ дар таркиби кафедраҳоии фалсафа кушода шавад.
Воизи шинохтаи Тоҷикистон Ҳоҷӣ МИРЗО мегӯяд, барои кушодани кафедраҳои улуми Ислом ва диншиносӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон олимони боқуват дорем. Имконият ҳам ҳаст, аммо дар ин бора ҳеҷ кас то имрӯз фикр накардааст ва ин барои мардуми мо гапи нав аст.
Аз Ҳоҷи Мирзо мепурсем, ки агар дар Тоҷикистон Академияи улуми Ислом кушода шавад, барои гирифтани унвонҳои номзади илм, доктор, профессор ва академик кӯшиш мекунад?
Ҳоҷӣ Мирзо:-Ба ин шояд қувваю қудрати ман нарасад. Аммо алҳол вазифаи ман даъвати мардум ба Ислом аст ва шавқманди гирифтани унвони баланд нестам. Агар мардумро ба роҳи рост ҳидоят карда тавониста бошам, ҳам дар ин дунё ҳам дар охират барои ман бас аст. Дар роҳи Ислом унвон муҳим нест.
Аммо ҳангоми мусоҳибаҳо коршиносон боз ҳам таъсиси аспирантураро дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар мавриди аввал мегузоштанд. Зеро ба мушоҳида мерасад, ки қисми аъзами донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон чун аксар донишҷӯёни дигар мактабҳои олӣ тасодуфӣ не, балки бо хоҳиши худ ин самтро интихоб кардаанд. Аниқтараш ишқи илоҳӣ ҷавононро ба ин даргоҳ меоварад ва сафи донишҷӯёни босавод дар ин муассисаи таълимӣ сол ба сол меафзояд.
Имконият дода дар бало намонем
Аммо баъзе соҳибназарон бар он андешаанд, ки имкониятҳои васеъ додан ба рӯҳониён ва донишмандони дин боиси нигаронист.
Зиё Абдулло:-Кушодани Академия ва кафедраҳои мазҳабӣ ба ҳеҷ ваҷҳ зарурат надорад, зеро то ҳол Академияи илмҳои табииро ба роҳ намондаем. Боз ҳам дар ин замони бӯҳронӣ. Маблағи давлатро бо кушодани Академия ва кафедраҳои мазҳабӣ сарфи беҳуда кардан чӣ лозим?
Соҳибёр Толиб:-Агар ба рӯҳониён имконият диҳем барои бунёди Академияи улуми ислом маблағ пайдо кардаанашон мумкин аст…
Зиё Абдулло:-Дар ин сурат мо ба як оламе ворид мешавем, ки аз ин поёнтар аст. Худ илми табииро кашф кардан ба манфиати илми рӯҳонӣ аст. Агар мисол оварем мамолики пешрафтаро бо роҳи кашфи илмҳои табии ва далелҳои бомаънитар тараққӣ карда истодаанд. Бо кушодани Академияи улуми Ислом ё кафедраҳои мазҳабӣ минбари сафсата бунёд мекунем. Дар ҳоле ки ҳар кадоми мо як сафсатахонем…
Чеҳраи фарҳангии Тоҷикистон Зиё Абдулло дар ҳоле чунин хулосарони мекунад, ки Ислом бо ҷанбаи ахлоқию фарҳангии «Қуръон»-и муқаддасаш ақли ҷаҳониёнро тасхир мекунад. Ҳар оина ба ин хулосаи шоир вокуниши исломшинсон ҷолибтар аст.
Нақши хосаи Маркази исломшиносӣ
Қорӣ Наимҷони ХУҶАНДӢ мегӯяд, дар замоне ки гароиши ҷавонон ба созмонҳои сиёсӣ ва экстеремистӣ зиёд аст, воқеияти динро ба мардум омӯзонидан чӣ хатар дорад? Ба ғайр аз кушодани кафедраҳои диншиносӣ кушодани кафедраҳои мазҳабшиносӣ ҳам муҳим аст, то бадхоҳон андешаи ҷавонони моро бо таблиғи мазҳабҳои дигар заҳролуд карда бо ин Исломро бадном накунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба он хотир Маркази исломшиносиро дар таркиби дастгоҳи Ҳукумат таъсис дод, ки ҳамин гуна ниёзҳои олимони Ислом ва мардуми мусалмони Тоҷикистонро ба Ҳукумати Тоҷикистон маълум кунанд. Аммо дар ин ҷо шахсиятҳое кор мекунанд, ки собиқ атеистон ва материалистони замони шӯравӣ ҳастанд. Онҳо дар он даврон ташвиқу тарғиб ва пропагандаи зиддидинӣ мебурданд, имрӯз рӯ ба исломшиносӣ ва диншиносӣ овардаанд…
Аммо баръакси ақидаи Қорӣ Наимҷони Хуҷандӣ коршиносони ин ҷо мегӯянд, зимни муаяйн кардани самтҳои асосии фаъолияти Маркази исломшиносӣ ниёзҳои рӯҳониёни унвонҷӯ ҳам мавриди таваҷҷӯҳи коршиносони ин ҷо будааст. Ба қавли коршиносони ин ҷо ҳадафи ин марказ паҳлӯҳои гуногуни дини Исломро аз нуқтаи назари исломшиносии илмӣ ва ниёзҳои имрӯзаи ҷомеа омӯхтан аст. Ҳоло марказ фаъолияти худро густурда ба роҳ намонда, балки дар марҳилаи ташаккулёбист.
Бояд гуфт, ки 4-марти соли равон таҳти фармони 630-и Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ ба фаъолият оғоз намуд, ки алҳол дар ин марказ корҳои бунёдӣ рафта истодааст.
Соҳибёр ОЛИМПУР
«Нигоҳ»,18 июни 2009

Добавить комментарий