Дорухонаи Тоҷикистон: 90%+10%=100%афсӯс
Афсонаи ду корхонаи дорусозӣ
Соли 1979 академик Юсуф Нуралиев пешниҳод намуда буд, ки як дастгоҳи дорусозӣ дар назди Академияи улуми Тоҷикистон сохта шавад. Доруҳое, ки сохтанаш дар назар буд барои бемориҳои қанду ҷигар буданд. Юсуф Нуралиев бовар дошт, ки бо ин роҳ ҳар сол ба ҳисоби миёна 25 милион рубл даромад ба даст овардан мумкин аст. Он замон захираи молии академия 3,5 милион рублро ташкил медод. Дар ин сурат академия фақат бо истеҳсоли доруворӣ худашро таъмин карда метавонист. Ба ин дархости Юсуф Нуралиев зид баромаданд…
Соли 1980 вазири саноати дорусозии СССР Биков А. А. вакил интихоб шуда ба ноҳияи Ҳисори Точикистон омад. Аз раиси КМ ҶШС Тоҷикистон Ҷаббор Расулов мепурсад, ки доир ба соҳаи тиб чӣ пешниҳоде доред?
Мувофиқи тақозои Ҷаббор Расулов олимони Академияи илмҳо муваззаф гаштанд, ки аз намояндаи марказ дархости дуруст кунанд. Мактуби беҷавобмондаи академик Юсуф Нуралиев ба хотирашон меояд. Мактубро аз сандуқи мактубҳои беҷавобмонда ёфта ба ӯ пешниход мекунанд. Аммо ин пешниҳод на ба хотири амалӣ шудани нақшаи Юсуф Нуралиев буд, балки ба хотири он буд, ки «мо ҳамеша пешниҳоде дорем!». Ғайричашмдошти эшон ду ҳафта пас 15 мутахассисони баландихтисоси Маскав ба Точикистон омаданд. Баъди омӯзиши захираи ашёи хоми доруи Тоҷикистон ба чойи як дастгоҳи хурди дорусозӣ нақшаи ду заводи калонтарини дорусозиро кашиданд…
Аз соли 1985 то 1989 ду институти нақшакашӣ дар бахши дорусозӣ; Институти биотехнологияи Маскав ва Институти нақшакашии Петербург барои рушди саноати дорусозии шӯравӣ дар Тоҷикистон кор карданд. Барои сохтумони корхонаҳои дорусозии Тоҷикистон аз буҷаи Ҳукумати Шӯравӣ 3 милиард рубл ҷудо шуда буд. Муттаассифона ба бахти мадуми Тоҷикистон охири солҳои шӯравӣ буд ва сохтумони ду корхонаи калони дорусозӣ дар Точикистон чун сохтумони нотамоми дигар иншоотҳои бузург бозмонд…
Агар афсонаи ду заводи дорусозии Тоҷикистон воқеияти худро пайдо мекард, яке аз ин заводҳо дар назди заводи яхдонбарории шаҳри Душанбе сохта мешуд, ки мувофиқи нақша 40 гектор замин дар ин ҷо ҷудо шуда буд. Ва корхонаи дигари дорусозӣ дар шаҳри Хоруғ бояд бунёд мегашт. Дар сохтумони нотамоми заводи дорусозии шаҳри Хоруғ алакай се миллион рубли шӯравӣ масраф шуда буд. Баъди пошхӯрии СССР ҳам имкони идома додани он сохтумон буд, аммо иқдомҳо ба назар гирифта нашуданд…
Дар замони нав ба даст омадани Истиқлолияти Тоҷикистон боре дар Шӯрои Олии Тоҷикистон академик Юсуф Нуралиев гуфта буд, ки аз ҳамин лаҳза сар карда бояд сохтумони ду заводи дорусозиеро, ки Вазорати тандурустии СССР дар Тоҷикистон ба нақша гирифта буд худамон сар кунем. Аммо тақозои ӯ ин навбат ҳам беҷавоб монд. Ниҳоят як нафар покистонӣ хост ин заводи сохтумонаш нотамомро бо сарпарастӣ бунёд намуда ба кор дароварад. Аммо ин завод давлатӣ буд ва он покистонӣ мехост ин завод моликияти шахсии як нафар бошад. Мумкин буд, ҳуҷҷатгузории заводро ба номи як нафар хусусӣ кунонида бо истифода аз саховати он соҳибкори покистонӣ Заводи дорусозии Хоруғро бунёд мекардем. Аммо он замон касе ҷуръат накард, ки ин заводро шахсӣ кунад. Ҳоло дар ҷойи ду заводи дорусозии нотамоми Тоҷикистон иншоотҳои дигар бунёд гашта истодаанд, вале 20 ҷилд лоиҳаи ин ду завод ҳанӯз дар хазинае маҳфуз будааст…
Хиёнати академикҳои бемор
Ҳадафи дигаре, ки Юсуф Нуралиев дошт таҷрибаи бисёрасраи тибби суннатии миллати худро аз Авестову Мухаммад Закариёи Розиву Ибни Сино сар карда то Шоҳзода Муҳаммади Бадахшӣ (соли вафоташ 1937) ва то тибби Мавлавӣ Муҳаммад Ҳусейни Сурхиёнӣ (соли вафоташ 1940) зинда кардан буд. Аммо дар даврони шӯравӣ, ки гӯё имконияти рушд додани ҳамаи илмҳо вуҷуд дошт, Юсуф Нуралиев ва ҳамроҳонаш натавонистанд, ки осори бисёрасраи халқи худро дар соҳаи тиб рӯйи кор оваранд.
Академик Юсуф НУРАЛИЕВ мегӯяд, иштибоҳи асосӣ дар ҷуҳурӣ он буд, ки роҳбарони баланмақоми давраи шӯравӣ фарқияти фарматсевтика ва фармакологияро надонистанд. Фармаколог дору ихтироъ мекунад. Тамоми доруҳое, ки дар ҷаҳон ихтироъ шудаанд, фарматсевтҳо ихтироъ накардаанд, балки мактабҳои бузурги фармакологӣ ихтироъ намудаанд. Синову Закариёи Розӣ ҳамчун табиб не, балки ҳамчун фармаколог дору ихтироъ намудаанд. Барои ҳамин ҳам замоне, ки ман донишҷӯи Донишкадаи тиббӣ будам ният доштам, ки касби формакалогияро интихоб намуда доруҳои қадимаро ҳаёти дубора диҳам. Ҳамон замон зиёда аз сад гиёро омӯхта чандин дору ихтироъ намудем. Дар замони шӯравӣ барои дорусозӣ маблағи зиёд ҷудо мешуд. Ва мо барои ривоҷи формакалогия аз Кумитаи илм ва техникаи шӯравӣ ба ғайр аз корҳои нақшавии худ ба ҳафт мавзӯъи дигар ҳам маблағ гирифта будем, ки ин барои бунёди Институти формокологӣ кифоя буд. Аммо системаи академии онвақта имконият надод ки мо аз ин маблағ истифода бурда Институти формокологияро ташкил намоем.
Дар замони шӯравӣ Юсуф Нуралиев чандин маротиба мактуб навишта будааст, ки барои Институти формакалогӣ сохтан масъулин бетафовут набошанд, зеро ин барои Тоҷикистон хеле зарур аст. Аммо аз тарафи совети вазирони Кумитаи Марказии Ҳизби Комунист мактубҳояшро ба академия мефиристониданд. Ягон академик мегуфт, ки дар холати Институти гастеринтерналогия будан Институти формакалогӣ чи даркор? Ва ҳамин гуна имконият надоданд, ки Институти фармакалогӣ таъсис дода шавад.
Академик Юсуф Нуралиев мегӯяд, академикҳо то замони академик шуданашон барои илм хизмат мекунанд, пас аз ин ба илм хиёнат мекунанд. Он замон дар муҳити академикие кор мекардам, ки онҳо ба ғайр аз соҳаи худашон як қадам берунро ҳис намекарданд. Фақат мехостанд, ки худашон бошанд. Аз сабаби набудани Институти фармакология мо натавонистем, ки аз номгӯи ду ҳазор, се ҳазор доруҳое, ки дар тибби қадим гуфта шудааст баҳраманд шавем. Ин ҳам яке аз сабабҳои қафо мондани мо дар саноати дорусозӣ буд. Ва аз ҳамин сабаб мо натавонистем, ки аз олами бойи гиёҳҳои шифобахши ҷумҳурӣ истифода барем. Зеро мувофиқи талаботи илм ва меъёрҳои ҷории имрӯза танҳо мутахассисони Институти фармакологӣ метавонанд, аз гиёҳ дору созанд, доруи сохташударо ҳаматарафа омӯзанд, баъд барои кадом беморӣ даво буданашро пешниҳод кунанд.
Ғайр аз ин Юсуф Нуралиев пешниҳод карда будааст, ки бояд барои ҳаёти дубора бахшидани доруҳои тибби кадимаи мо-доруҳое, ки Ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розиву дигар донишмандони тибби шарқ ихтироъ намудаанд, як Формакапеяи тибби қадима ҳам сохтан зарур аст. Дар ин маврид академики тоҷик ба Вазортаи тандурустӣ ва маркази илму пизишкии Эрон ва ба Академияи улуми Афғонистон мурочиат мекунад, то се давлати хамзабону хамдин муштаракан Формакапеяи дорухои тибби қадимаи худро бо стандартҳои тибби муосир бунёд намоянд. Аммо ба қавли номбурда зиддиятҳои замона имконият надод, ки академики тоҷик ба орзуяш расад…
Тибби халқӣ рушд мекунад?
Баъди шикаст хӯрдани Давлати Шӯравӣ имконият пайд гашт, ки дар баробари муассисаҳои илмиву амалии давлатӣ муассисаҳои шахсӣ низ кушода шаванд. Баробари фароҳам омадани чунин шароит Юсуф Нуралиев тасмим гирифт, то орзуҳои дар замони шӯравӣ амали нашудаи худро ба амал оварад. Яке аз орзуҳои академик Юсуф Нуралиев ва шогирдонаш ин буд, ки гиёҳдармонӣ, ки табобат бо ин усул камхарҷ ва боаҳамият аст дар Тоҷикистон рушд ёбад.
-Дар замони шӯравӣ барои ривоҷ додани тибби халқӣ имкониятҳо маҳдуд буд-мегӯяд мутахассиси ин соҳа Зебо Баҳромова-Зеро дар он замон гиёҳпизишкони ғайрикасбӣ ин усули табобатро бадном карда буданд. Бемориҳое ҳастанд, ки бо усули гиёҳдармонӣ табобат намешаванд ва бемориҳое ҳастанд, ки барои табобаташон гиёҳдармонӣ дар навбати аввал меистад. Гиёҳпизишк шахсе аст, ки чашмашро банди аз бӯю маззааш гиёҳро шиносад. Гиёхпизишк бояд тамоми иллатҳои вуҷуди инсонро донад ва ҳангоми табобат ба назар гирад, ки табобаташ ба як тараф фоида ва ба тарафи дигар зарар нарасонад. Гиёҳро дар макони мувофиқ нигоҳ дорӣ се сол мӯҳлат дорад, вагарна дар як сол ҳам хусусияти табобатиаш аз байн меравад. Ин хусусиятҳои гиёҳдармониро табибони халқии замони шӯравӣ намедонистанд. Барои ҳамин ҳам дар он замон имконият дода намешуд, то олимони соҳа ба ин усули табобат таваҷҷӯҳ кунанд.
Соли 1997 Маркази ҷумҳуриявии тибби шарқ (ҳоло Марккази ҷумҳуриявии тибби халқӣ) таъсис дода шуд. Соли 2004 «Қонун дар бораи тибби халқӣ» ба имзо расид ва ба табибони халқӣ имконият васеъ ба роҳ монда шуд. Академик Юсуф Нуралиев аз фурсат истифода бурда ҳамроҳи шогирдонаш Институти байнулмиллалии омӯзиши осори Ибни Сино ва фармалокологияро таъсис дод.
25-ноябри соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгохи тиббии Тоҷикистон оиди кушодани марказҳои гиёхдармонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дастур дод. Имрӯз дар пойтахт 18 дармонгоҳ дар таркиби худ шӯъбаҳои гиёҳдармониро боз кардаанд.
-Пас аз пошхӯрии Ҳукумати Шӯравӣ дар тибби халқӣ мо тавонистем, ки соҳиби дастовардҳо шавем ва он орзуҳое, ки сӣ-чил сол доштем амалӣ гардид. Имрӯзиён бояд мӯътақид бошанд, ки тибби гузаштаи тоҷик як бахши бузургтарини осори тиббии ҷаҳониён аст-мегӯяд академик Юсуф Нуралиев.
Ба қавли мутахассисони соҳа гиёҳдармонӣ дар шароити Тоҷикистон усули беҳтарини табобати бемориҳост. Аммо ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки эътимоди мардум ба ин усули табобат кам аст. Сабаби нобоварии мардумро мутахассисон боз ҳам аз натиҷаи табобатҳои гиёҳпизишкони ғайрикасбие медонанд, ки дар кӯчаву бозорҳо гиёҳфурӯшӣ мекунанд. Дар бозорҳо гиёҳҳои шифобахшро дар зери шӯълаҳои офтоб нигоҳ доштаанд, ки дар натиҷаи чунин тарзи нигаҳдорӣ гиёҳ хусусияти табобатиашро гум мекунад. Даҳҳо ҳазор одам аз он ҷо мегузаранд ва гарду чангу микробҳо ба гиёҳҳои шифобахш часпида дар натиҷа он метавонад ба ҷойи дармон ба вуҷуди бемор зиён расонад.
Роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ Зебо БАҲРОМОВА мегӯяд, дар вилояти Суғд шахсеро вохӯрдам, ки худро табиби халкӣ муаррифи намуд. Ин шахс сокини ноҳияи Конибодом(кӯчаи Зарбед-43А) Бозоров Неъмат Самиевич мебошад. ӯ ба ман иҷозатномаи рақами АА015102, ки корманди Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафолов Д. Т. додааст ҳамчун далели табиби мардумӣ буданаш нишон дода даъво дошт, ки ҳамагуна бемориҳоро бо усули гиёҳпизишкӣ дармон бахшида метавонад. Аммо баъд аз имтиҳони мо маълум гашт, ки ин шахс на дар бораи бемориҳо тасаввурот дораду на дар бораи узвҳои бадани инсон. Маълум гашт, ки ин мард дар соҳаи сохтумон собиқаи корӣ дошта дар гузашта майзада ҳам будааст. Назар ба қавли худаш ин сохтумончӣ дасташро ба тани беморон гузошта бемории онҳоро муайян карда ба онҳо ҳар гуна гиёҳ мефурӯхтааст. Гуё барои ин сохтумончӣ вуҷуди инсон бинои таъмирталаб бошад.
Маълум аст, ки ин ҷо қонуншикании Кумитаи андози Тоҷикистон фош мешавад. Ин табиби гиёҳшинос дафтарчаи андозсупориро дар дӯконаш овезон карда мардумро бо ҳамин санад фиреб медиҳад, ки гӯё ӯ беморонро табобат карда метавонад ва ба кор ин хуҷҷат дорад. Ҳамин гуна сохтумончиҳои «гиёҳшинос» имрӯз дар бозорҳои мо кам нестанд. Баъзеашон мегӯянд, ки кадом алаферо ки истеъмол намоед, шифобахш аст. Аммо ин «маслиҳати тиббӣ» билкул хатост. Гиёҳ ҳам метавонад чун доруҳои тибби муосир ба вуҷуди инсон зиён орад, ё фоидааш кам бошад. Аммо кормандони Кумитаи андози Тоҷикистон ба ин гуна гиёҳфурӯшони бозорӣ «диплом» медиҳанд ва роҳбарони бозорҳо онҳоро бо ҷойи кор таъмин мекунанд. Дар натиҷа эътимоди мардум ба беҳтарин воситаи табобат коста мегардад.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло САЛИМОВ мегӯяд, гиёҳфурӯшони бозорӣ иҷозатномаи Вазорати тандурустии Тоҷикистонро надоранд ва шахсоне, ки ба гиёҳфурӯшони бозорӣ кӯмак мекунанд аз ин манфиатдоранд. Набояд ба хотири манфиатҳои шахсӣ саломатии миллатро зери хатар гузошт. Чанде пеш дар ин мавзӯъ мо ҳатто бо намояндагони Кумитаи амнияти Тоҷикистон гуфтушунид доштем. Ба хотири он ки имрӯз ба ғайр аз гиёҳпизишкони бозорӣ табибони халқии дигаре низ пайдо шудаанд, ки ҳатто бемориҳои саратонро ҳам гӯё табобат карда метавонанд. Дар ҷомеа психологҳое ҳастанд, ки мардумро ба худ ҷалб карда метавонанд. Ин хеле ташвишовар аст. Ҳамаи онҳоро Хадамоти назорати фаъолияти тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар танҳоӣ аз байн бурда наметавонад. Вақте, ки дар ҷомеа тавассути ВАО корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад, вақте ки мафкураи мардум дар ин мавзӯъ дигар мегардад, вақте ки ҷомеа ба ин мубориза мебарад, табибони бозорӣ худашон ҷойяшонро холӣ мекунанд…
Назар ба гуфтаи мутахассисони ин соҳа хориҷиён шавқманданд, ки гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистонро ҳамчун маҳсулоти хом ба кишварашон интиқол дода дар он ҷо бастубанд намуда пешниҳоди харидор намоянд, ё худ аз он ҳар гуна доруворӣ тайёр кунанд. Аммо набояд мо ба ин роҳ дихем. Дер ё зуд мо ҳам метавонем дар саноати дорусозӣ ва гиёҳдармонӣ муваффақ шавем. Ба қавли мутахассисон кушодани табобатгоҳҳои гиёҳдармонӣ ва дар санаторияҳо бештар ба кор бурдани ин усули табобат барои Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат манфиатнок аст. Бо ин роҳ мо метавонистаем таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷиро ба кишвар ҷалб кунем ва бо харҷи кам даромади зиёд ба даст оварем.
Роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ Зебо БАҲРОМОВА мегӯяд, дар як беморхонаи гиёхдармонии Чин будем, ки он табобатхонаи халқӣ дар як сол $27милион фоида ба даст меовардааст. Дар ин беморхона гиёҳҳои шифобахш аз Эрон, Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи миёна оварда мешавад. Як қисми гиёҳҳои шифобахшро дар парваришгоҳашон мерӯёнанд. Дар мо бошад гиёҳҳои шифобахш худрӯянд. Вақте, ки мо наворҳои табиати Тоҷикистонро ба гиёҳпизишкони чинӣ нишон додем, онҳо тахмин карданд, ки барои нигоҳубин ва сабзонидани ин гиёҳҳо шояд чандин ҳазор тоҷик кор кунад. Бехабар аз он, ки мо табиати худро он қадар ҳифз намекунем ва ба хотири манфиатҳои худ рустаниҳои худрӯю шифобахши кишварро ҳар лаҳза нобуд менамоем…
Гиёҳшиносон мегӯянд, ки гиёҳи ғозичой(бесмертний) дар Тоҷикистон хеле фаровон аст. Вале то имрӯз мо натавонистаем, ки онро чида бо коғазе бастубанд карда ба бозор бароварем. Ин гиёҳро ба кишвари мо то ҳол аз Русия меоваранд ва дар дорухонаҳои мо як бастаи хурдаш 12 сомонӣ нарх дорад. Ҳоло кормандони Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ ин гиёҳро аз ноҳияҳои кӯҳистони кишвар ҷаъмоварӣ намуда истодаанд, то онро аз Русия накашонем.
Ғайр аз ин бо 5-7 ҳазор гиёҳҳои шифобахше, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мерӯянд, мо метавонем саноати дорусозиро рушд диҳем. Ба ақидаи мутахассисон ривоҷ додани гиёҳдармонӣ дар шароити Тоҷикистон метавонад заминаи рушди саноати дорусозӣ бошад.
Дорухонаи Тоҷикистон: 90%+10%=100%афсӯс
Дар замони шӯравӣ дар ҷумҳурии мо як корхонаи дорубарорӣ кор мекард, ки он ҳам Фабрикаи форматсевтии шаҳри Душанбе буд. Дар он фабрика қисман аз гиёҳҳои шифобахш дору тайёр мекарданд ва қисми зиёди доруҳое, ки аз он фабрика ба мардум пешниҳод мегашт аз берун оварда мешуд. Дар он ҷо факат доруҳои тайёри аз берун овардашударо бастубанд мекарданд ва доруҳои моеъро бошад аз зарфҳои калон ба шишаҳои хурд мерехтанду халос. Имрӯз дар кишвар аз шаш ширкате, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчун ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору муаррифӣ мекунад, панҷтоаш ба истеҳсоли зиёда аз 55 маводи доруворӣ ва амволи тибби машғуланд: «АнисФарм»-и шаҳри Турсунзода, «Тиб барои шумо», ҶММ «Ҳаким», ҶММ «Шабнам»-и шаҳри Душанбе, Корхонаи «Помир»-и шаҳри Хоруғ.
Бояд гуфт, ки бештар аз 3500 ҳазор номгӯи маводи доруворӣ дар дорухонаҳои Тоҷикистон ба мардум фурӯхта мешаванд. Аз ин рақам тавре қайд кардем 55 номгӯи дорувориро корхонаҳои мазкур истеҳсол мекунанд.
Сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Салим АБДУЛАЗИЗОВ мегӯяд, зиёда аз 10%-и доруҳое, ки истеъмол мекунем истеҳсоли Тоҷикистон ва 90%-и дигарашро аз Русия, Ҳиндустон, Украина, Венгрия, Лаҳистон, Белгия, Фаронса, Чин, Шветсия, Олмон ва дигар кишварҳои дар саноати дорусозӣ муваффақ ворид мешавад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ширкати «Ачанта Фарма Лимитед»-и Ҳиндустон як корхонаи муштарак дошт бо номи
«Тоҷик Аҷанта Фарма Лимитед». Ин корхонаи дорусозиро 14 сол қабл бо ном кушоданд, аммо кор накард. Ҳоло Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаи дорусозии Мисри араб «ДелтаФарма» кӯшиш карда истоааст, ки ин корхонаро ба кор дароварад. Ба қавли вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов моҳи ноябри соли равон дар назар аст, ки «ТоҷДелФарма» пурра ба кор оғоз кунад.
Академик Юсуф НУРАЛИЕВ мегӯяд, саноати доусозӣ ва доруфурӯшӣ дар ҷаҳон яке аз бахшҳои даромадноктарин ба ҳисоб меравад. Агар мо гузашта аз ин фармакалогияро ривоҷу равнақ медодем саноати дорусозиамон имрӯз рушд карда буд. Агар мо саноати дорусозӣ медоштем, назар ба пахтакориву чорводорӣ ва дигар соҳаҳое, ки ҳоло мардуми мо бо ҷабру ситам даромад ба даст меоваранд, як даромади осонтар ва бештар ба даст меовардем. То ҳол, ки ба ин муваффақ нашудем, имрӯз бояд талош намоем. Ин кор сармоя ва фурсат талаб мекунад…
Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло САЛИМОВ мегӯяд, соҳибкорони дохиливу хориҷӣ метавонанд дар рушди саноати дорусозии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Аммо яке аз сабабҳои дар Тоҷикистон то имрӯз кушода нашудани корхонаҳои муқтадири дорусозӣ набудани бозор аст. Мисоли оддӣ ин аст, ки мо метавонем дар кишвар заводи сӯзандору созем, аммо барои бунёд намудани чунин завод бозори калон даркор аст. Чунин завод дар даҳрӯз талаботи яксолаи Тоҷикистонро мебарорад. Фикр кунед, ки ҳар як соҳибкор ин қадар пули калонро дар куҷо монданаш мумкин? Ғайр аз ин имрӯз дар соҳаи форматсия кор кардан дар шароити Тоҷикистон хеле мушкил аст…
Табар ба решаи дарахти саломатӣ
Дар замоне мутахассисони тибби тоҷик ба рушди саноати дорусозӣ кӯшиш доранд, ки алакай номгӯи зиёди растаниҳои шифобахши Тоҷикистон рӯ ба нестӣ овардаанд. Яке аз ин растаниҳо камол аст, ки шифобахш буда, аз даврони қадим дар тибби халқии Чину Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои табобати бемориҳои хоришак, сармохурӣ, захмҳои дершифоёбанда, сил ва бемориҳои узвҳои нафаскашӣ истифода мешуд. Дар Тоҷикистон 36 навъи ин намуди гиёҳ, ки маводи пурарзиши саноати дорусозӣ ба ҳисоб меравад, мавҷуд будааст. Ҳамватанони мо чанд соли ахир шираи камолро ҷаъмоварӣ намуда ба афғонҳо ҳар килоашро $50 мефурӯшанд, ки бинобар маълумоти расмӣ танҳо дар як сол 450-500 тонна шираи камол аз кишвари мо ғайриқонунӣ ба Афғонистон интиқол дода шудааст. Номгӯи чунин растанҳои шифобахш, ки ҳамватанонамон дидаву дониста шумораи онҳоро кам мекунанд, хеле зиёд аст.
Масъалаи дигари шигифтангез нобудкунии ҷангалҳо аст; «Сайёҳоне, ки бори аввал ба дараи Варзоби Тоҷикистон омадаанд, навиштаанд, ки аз ҳозира боғи Айнӣ сар карда ҷангалзори торике то деҳаи Зиддӣ доман густурда буд. Барои расидан то деҳаи Харангони ин дара беш аз сӣ рӯз ҷангал буридаанд. Агар он сайёҳон Варзоби имрӯзаро медиданд, шояд бовар намекарданд…»(барномаи «Ҳамнафас»-и Радиои «Озодӣ» 15.03.2005).
Дар шароити Тоҷикистоне, ки гирифтори бӯҳрони энергетикӣ аст, дар ҳифзи ҷангал, ки он манбаъи асосии доруворӣ ба ҳисоб меравад, мардум манфиатдор будани худро дарк кунанд ҳам зимистони сарду торикро бе истифодаи ҳезум паси сар карда наметавонанд. Ба ақидаи соҳибназарон ҳамон вақт ҳукумат ба зидди бурида шудани ҷангалҳо ва несту нобуд гардидани гиёҳҳои шифобахш иқдоми сахт мегирад, ки Тоҷикистон аз бӯҳрони энергетикӣ барояд ва талаботи мардумаш ба ҳезум кам гардад. Агар мо дар вазъияти ноилоҷи энергетикӣ ба нобуд кардани манбаи саломатамон даст зада бошем, узр дорем ва новобаста ба ин табиат рӯзе ҷазоямонро хоҳад дод.
Вале масъалаи дигар:
а) Гузашта аз ин ҳатто дар замони шӯравӣ Русия маҳсулоти ҷангалашро муфт ба мо намедод ва имрӯз ҳам бо нархи ҳангуфт мефурӯшад(ош шавад!);
б) Агар дар натиҷаи машқҳои ҳарбии артиши Русия дар Тоҷикистон ду-се нафар тоҷикистонӣ ҷони худро аз даст дода бошанд, «боке нест». Зеро мо ба теғи эшон кайҳо одат кардаем;
в) Аммо дарахтон ва гиёҳҳои шифобахши даҳҳо гектор замини кӯхистони Тоҷикистон, ки дар ҷараёни машқҳои ҳарбии нерӯҳои Русия нобуд мегарданд, кай ҷуброн мешаванд?
-Стоп! Тихий час!
Соҳибёр ОЛИМПУР
«Фараж», 2 сентябри 2009 Саҳифаи мақолаҳо»

Добавить комментарий