Иттифоқи нависандагон ё девонахона
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон калонтарин иттифоқи эҷодии кишвар буда, дар сафҳои худ анқариб 350 нафарро гирд овардааст. Ин иттифоқ 3-июли соли равон дар шаҳри Душанбе Анҷумани навбатии худро баргузор менамояд. Мебоист ин анҷуман як сол қабл баргузор мегашт, аммо бо сабабҳои гуногун баргузориаш соле ба таъхир уфтод. Дар ин Анҷуман бубояд раиси нави иттиҳодия ва самтҳои фаъолияти иттиҳодия барои панҷ соли оянда аз ҷониби адибони тоҷик интихоб ва муайян гардад. «Нигоҳ» наметавонист ин мавзӯъро пайгирӣ накунад ва анқариб бо 40 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) сӯҳбату гӯфтугӯҳои махфӣ дошт. Чаро махфӣ? Маълум гашт, ки назари адибони тоҷик ба имрӯзу ояндаи иттиҳодияашон яксон набудаасту аксарияташон намехостаанд бо ибрози назарашон пеш аз баргузории Анҷуман дилҳои ҳассоси ҳамқаламонашонро хун кунанд. «Нигоҳ» ваъда дод, ки номи онҳоро махфӣ нигоҳ медорад, вале гуфтаҳои эшонро ҳаргиз…
Иттиҳодияи нависандагон бошад ё набошад?
Эҷодкори тоҷик _________* мегӯяд, фаъолияти Иттиҳодияи нависандагон барои ман ягон аҳамият надорад ва ҳузури ман ҳам дар ин иттиҳодия бенатиҷа аст. Ин мавзӯъ барои эҷодкори замонавӣ кайҳо кӯҳна шуда буд. Барои шоир ё нависандаи маҳбуб ҷоизаву мукофот ва имтиёзҳои Иттиҳодияи нависандагон кофи ҳам нест, нақш ҳам бозида наметавонад. Имрӯз оё нависандае дорем, ки асари ҷаҳонӣ офарида бошад ё офарида тавонад? Маликушшуаро аз мост, аммо асари кадоме аз ворисони Рӯдакии бузург сазовори ҷоизаи Нобел гашт? Гӯиё дар дунё мавзӯъи гуфтор набошад, шоири тоҷик мунтазир аст, ки кай сохтумончиёни чинӣ кӯпруке месозанд, то ӯ дар васфи он шеъру қасида гӯяд.
Ба андешаи шоир _________* узви Иттифоқ фаъолияти чунин боргоҳи эҷодӣ дар замони муосир, бахусус дар вазъияти кунунии Тоҷикистон зарур нест. Дар ҳуҷраҳои тангу тор аз саҳар то шом нишаста тамаъ доштан маънӣ надорад. Эҷодкори асил бе мавҷудияти чунин муассиса ҳам метавонад, эҷод кунад. Адабиёти форсу тоҷик бе Иттиҳодияи нависандагон ташакул ва бузургӣ ёфт. Биёед аз баҳри чунин иттифоқ мегузарем…-мегӯяд ӯ.
-Халқи мо аз қадим шоирпарвар буду мемонад. Шоиру нависандагони тоҷик то замони маликушшуаро ҳам дар дарбори шоҳон ва берун аз дарбор иттифоқҳои худро доштанд. Адабиёт дар ҷомеаи форсу тоҷик воситаи асосии рушди фарҳанг аст. Ду се муддаӣ инро инкор намоянд ҳам, вале аз миён бурда наметавонанд, -мегӯяд _________*.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон БАХТӢ мегӯяд, мо ҳам дар айёми ҷавони даъват мекардем, ки барои адибон мавҷудияти иттиҳодияи эҷодӣ зарурат надорад. Аммо ин хулосаи хато буд. Имрӯз мебинем, ки ҳамин гуна ташкилотҳои эҷодӣ метавонанд корҳоеро дар якҷоягӣ анҷом диҳанд, ки онро дар танҳоӣ ба сомон расонидан ғайриимкон аст. Нақши иттиҳодияҳои эҷодиро нодида гирифтан аз нотавонбинист. Дар роҳи зиндагӣ, давлатдорӣ ва эҷод марказгурезоне ҳастанд, ки даъвии дигар доранд.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар КЕЛДӣ ҳам бо раиси иттиҳодияаш ҳамфикр аст. ӯ мегӯяд, ҳамонҳое, ки фаъолияти Иттифоқи нависандагонро нозарур мешуморанд, дар сурати набудани ҳамин гуна ташкилоти эҷодӣ аввалин шуда эътироз мекунанд, ки мо минбар надорем! Дар ҳоле, ки чунин минбар ҳаст ҳадс мезананд, ки нозарур аст. Инҳо кофироне ҳастанд, ки аз ғараз мегӯянд. Касе ки дар бораи ИНТ сухани ноҷо мегӯяд кофир аст! Иттифоқи нависандагон даргоҳест, ки мо эҷододкоронро ҳар вақт ба ҳам меоварад ва ҳамкории аҳли қаламро вусъат мебахшад. Миллате, ки соҳиби фарҳанги бузург ва адабиёти қадим аст, наметавонад бе маҳфилҳои эҷодӣ рушд кунад.
Тавре нависандаи тоҷик Ато ҲАМДАМ зикр кард, эҷодкорони як қатор давлатҳои минтақа аз баҳри чунин боргоҳи эҷодӣ гузашта таҷрибаи талх ҳосил кардаанд. Дар миёни як гурӯҳ эҷодкорони Тоҷикистон ҳам ҳамин гуна хулосаҳо вуҷуд дорад, аммо ҳадафашон, ки нодуруст аст, воқеияташ ба амал намеояд. Меҳмон БАХТӣ низ кишварҳоеро мисол меоварад, ки барои аз байн бурдани ташкилотҳои эҷодӣ талош намуда ноком гашта буданд. ӯ мегӯяд, таҷрибаи талхи Қирғизистон, кишварҳои соҳили Балтика, бахусус Украина ва Молдовия, ки эҷодкоронашон дар аввал муттаҳид набуданду баъд аз нокомиҳои эҷодӣ кӯшиши аз нав эҳё кардани Иттиҳоди нависандагонро карданд, ба марказгурезони тоҷик сабақ бошад. Ғайр аз ин дар Туркманистон вақте, ки Туркманбошӣ ба сари қудрат омад, натанҳои Иттифоқи нависандагон, балкӣ Академияи улумро ҳам барҳам дод. Аммо имрӯз ҳокимон ва эҷодкорони ин кишвар дубора кӯшиши бунёд кардани Академияи улум ва Иттиҳоди нависандагонро доранд.
Иттифоқ муассисаи идеологӣ ё мустақил?
Аз давлатҳои минтақа дар Белорус ду Иттиҳоди нависандагон бо аҳли қалам корҳои эҷодӣ мебарад; давлатӣ ва мустақил. Ба қавли озмудагон байни ин ду иттиҳодияи эҷодӣ ихтилофи нозарур вуҷуд надорад ва баръакс ба рушди адабиёти муосири кишварашон ин ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо ҳам саҳм мегузоштаанд.
Дар кишвари мо ҳам агар ду ташкилоти бонуфузи эҷодӣ фаъолият мебаранд гӯем, иштибоҳ намекунем. Агар яке Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бошад, дигаре Маҳфили эҷодии «Боргоҳи сухан» аст, ки қисми аъзами сармояи ин боргоҳ ба чопи асарҳои бадеии шоиру нависандагони тоҷик ва оростани маҳфилҳои эҷодӣ масраф мешавад. Муасиси ин созмон Бӯрӣ КАРИМОВ тавонист дар як муддати кӯтоҳ мавқеъи «Боргоҳи сухан»-ро ба аҳли қалам ва дӯсторони каломи бадеъ нишон диҳад. Ҳарчанд дар ду соли охир саҳмияи «Боргоҳи сухан» ба рушди адабиёти тоҷик назар ба чанд соли пешин кам ба назар мерасад, аммо маълум аст, ки ин маҳфили эҷодӣ дар шароити Тоҷикистон замонавӣ ва қобили қабул аст.
Шоири шинохтаи тоҷик _________* мегӯяд, фаъолияти имрӯзаи ИНТ ним шӯравию ним муосир аст. Агар гӯем, ки ин иттифоқро замонавӣ эҳё кунем, бо ин гуна мардуми шоиртарош намешавад. Ба ин роҳбари Иттифоқ гунаҳкор нест, балки ин нокомӣ аз мафкураи адибони мо вобастагӣ дорад. Мутмаинам, ки бо иваз шудани роҳбар ҳам мафкураи эҷодкорони мо тағйир намеёбад.
Нависандаи тоҷик _________* мегӯяд, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили дарборӣ ва идеологӣ аст. Бояд ин иттиҳодия ғайридавлатӣ ва мустақил гардад, то эҷоду фаъолияти адибони мо аз тақозои Ҳукумат вобаста набошад. То он даме, ки ин иттиҳодия муассисаи давлатист, адабиёти муосири тоҷик рушд намекунад. Натиҷаҳои интихоботашон ҳам маълум аст: Меҳмон Бахтӣ ба хотири шахсияти сиёсӣ буданаш мемонад, Камол Насруллоро ба хотири ҳамшаҳрии Рудакӣ буданаш нигоҳ медоранд. Абдулҳамид Самадовро бошад боз як маротиба бар хилофи Оинномаи Иттифоқ «интихоб» менамоянд. Дигар вассалом.
Аммо Меҳмон БАХТӣ мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ояндаи ИНТ некхоҳ аст ва то имрӯз ба мо супориш надодааст, ки фалон мавзӯъро пайгирӣ намоед ва аз фалон мавзӯъ чашм пӯшед. Интихоб ва пайгирии мавзӯъ баъди ба даст омадани Истиқлолият ба шоиру нависандаи тоҷик озод гашт. Фазое, ки ба эҷодкорон дар Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, хеле мусоид аст.
Дигар адибони тоҷик ҳам қоиланд, ки дар замони Ҳукумати Шӯравӣ Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон муассисаи идеологӣ буд ва берун аз хостаҳои комунистон пой намегузошт, аммо имрӯз фазои эҷодӣ билкул фарқ мекунад. Фақат ин гуна шароитро кам адибон истифода мебаранд.
Ато ҲАМДАМ мегӯяд, дар ҳамкорӣ будани Иттифоқи нависандагон ва Ҳукумат ҳеҷ ҷои бадӣ надорад. Эҷодкор дар баробари мустақилона мавзӯъ интихоб кардан, сиёсати ҳукмрон ва заҳмати бунёди иншоотҳои давлатиро ҳам дар саҳифаи таърих инъикос менамояд.
Ба ақидаи аксарият ИНТ бо аҳли қаламаш метавонад робитаи худро бо мардум густурдатар ба роҳ монад, аммо барои ин сармоя ва идораи хуб лозим аст. Тавре гуфта мешавад агар ин иттиҳодия ҳамин рӯз ғайридавлатӣ шавад, сарпарастони зиёде мутаваҷҷеҳанд, ки дар рушди адабиёт саҳмияи худро гузоранд. Вале хуб аст, ки Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба ҳама гуна мушкилиҳо тоб оварда дар ихтиёри Ҳукумати кишвар аст, манфиатҳои миллиро инъикос мекунад ва мутеъи хостахои хоҷагони хориҷӣ нест-мегӯянд адибон.
Интихобот! Кӣ зӯр?
Тавре дар боло зикр намудем, Анҷумани навбатии ИНТ пас аз чанд рӯзи ангуштшумор роҳбари нави онро интихоб мекунад. «Нигоҳ» интихоботи расмиро интизор нашуда, тасмим гирифт, ки дар байни адибони тоҷик овоздиҳии пинҳонӣ гузаронад. Интихоботи ғайринавбатии «Нигоҳ» натиҷаи гуногун нишон дод:
-Як овоз дорам, ки дар Анҷуман мегӯям.
-Меҳмон Бахтӣ корашро идома диҳад, зеро марди хоксору бекина аст.
-Ато Ҳамдам обрӯи байналмиллалӣ дорад. ӯ метавонад, адабиёти тоҷикро ба хориҷиён ва адабиёти хориҷаро ба тоҷикон муаррифӣ кунад.
-Номзади арзанда надорем.
-Бозор Собир!
-Гулрухсор! ӯ бонуи шуҷоъ ва якрӯст. Наздикшавиаш ба ҳукумат ҳам аз фоида холӣ нахоҳад буд.
-Меҳмон Бахтӣ инсони хуб аст, маҳалгаро нест…
-Муаллифи суруди миллӣ Гулназар арзандаи ин мақом аст.
-Аскар Ҳаким марди корчаллон буд.
-Абдулҳамид Самадов хуб нест-мӣ?
Хуллас овоздиҳии пинҳонӣ хеле аҷиб буд ва натиҷа дод. Дар Интихоботи ғайринавбатии «Нигоҳ» овозҳои бештарро Гулрухсор Сафӣ, Меҳмон Бахтӣ, Ато Ҳамдам ва Гулназар Келдӣ соҳиб гаштанд.
«Нигоҳ» бо ғолибони интихоботи ғайринавбатӣ сӯҳбат дошт. Гулназар Келдӣ гуфт, то замони омадани Меҳмон Бахтӣ ба мақоми роҳбарӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳоли табоҳе дошт. Ба идораи ИНТ касе намеомад. Меҳмон Бахтӣ навовариҳое кард, ки адибони тоҷик дар ин гуна шароити замон мунтазир набуданд. Бигзор Меҳмон Бахтӣ дигарбора роҳбари ин даргоҳ бимонад. ӯ дар давоми фаъолияташ таҷрибаи бештар ҳосил кард ва ояндаи Иттифоқ бо ӯ дурахшон аст. ӯ гуфт, айни ҳол вакили халқам ва то ҳанӯз ваколатам ба анҷом нарасидааст. Гузашта аз ин ба мардум ваъдаҳо дода будам ва то он даме, ки мӯҳлати масъулиятам ба итмом нарасад, ҳеҷ гуна вазифаи дигарро қабул карда наметавонам.
Меҳмон БАХТӢ гуфт, агар дигарбора раиси Иттифоқ интихоб гардад, барномаи дигареро рӯи кор меоварад. Аммо шахсони арзанда дар ин мақом зиёданд, ва натиҷаи Анҷумани навбатиро интизор бояд шуд.
Ба андешаи Ато ҲАМДАМ дар замони шӯравӣ адибони мо бо адибони шинохтаи ҷамоҳири бародарӣ ҳамкории эҷодии хуб доштанд. Бо барҳам хӯрдани Ҳукумати шӯравӣ робитаҳои эҷодӣ ба якборагӣ қатъ гаштанд. Агар дар анҷумани навбатӣ маро ҳамчун роҳбари Иттифоқи нависандагон интихоб намоянд, пеш аз ҳама робитаҳои байналмиллалиро ба роҳ мемонам. Зеро мавзӯъи асарҳои адибони моро ҳамкориҳои эҷодӣ метавонанд тағйир диҳанд. Ҳамчунин дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомона ва китобхонаи электронии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бо забонҳои гуногун кушодан айни вақт аст. Зеро муаррифии асарҳои тозанашри адибони тоҷик ба ҷаҳониён мавқеи фарҳанги моро дар сатҳи байналмиллалӣ устувортар мекунад.
Барои бону Гулрухсор Сафӣ сӯҳбат кардан дар ин мавзӯъ ҷолиб набуд. Тавре маълум гашт шоири машҳури тоҷик ба ишғоли ин вазифа эҳтиёҷ ва хоҳиш надорад. ӯ фақат гуфт: -Меҳмон бачаи хуб аст, бигзор ин масъулият ба дӯши ӯ бимонад.
Дар ҳамин ҳол аҷибтарин тақозоро шоир _________* кард. ӯ гуфт, барои Иттифоқи нависандагон роҳбаре бошад, беғараз ва бетараф чун роҳбари девонахона.
___________* Хоҳишмандон метавонанд худ пур кунанд.
Латифаи зӯр:
Шоири иҷоранишине то охири умр дар навбати хона менишаст. Вақте вазир ҳиммат карду калиди хонаро овард, шоир дар дами марг буд. Баъди аҳволпурсӣ ва муайян шудани ҳол вазир гуфт: -Устоди бузург, акнун ба шумо хона чӣ лозим? Шумо дар рушди фарҳанги миллати мо хизматҳои бузург кардаед. Беҳтараш ман шахсан аз ҷаноби Убайдуллоев хоҳиш мекунаму як кӯчаи калонро ба номатон мегузорем!
Соҳибёр ОЛИМПУР
«Нигоҳ», 25 июни 2009

Добавить комментарий