Нодонӣ айб аст!

Саҳифаи мақолаҳо»

Илм агар андак бувад, хораш мадор

Ҳазрати Муҳаммад(с) дар як ҳадиси худ мефармояд: «Илм болотар аз ибодат аст». Ин ҳадис далели он, аст, ки илм дар Ислом мақоми баланд дорад. Ба ҳамин мазмун аҳодиси таъсиргузори Расули акрам(с) хеле зиёд аст. Аз он ҷумла:

«Махфили илм богистони бихишт аст», «Олим ва толиби илм дар хайр шариканд», «Олимон дар миёни халк амин, яъне амонатдори худоянд», «Ҳар, ки илм талаб кунад Худо ризкашро кафолат диҳад», «Ду кас аз ду чиз серӣ надоранд: ҳарис аз мол ва олим аз илм»…
Муҳаддисон ва муфассирон ин ҳадисҳои Паёмбари Ислом(с)-ро ҳар гуна тафсир мекунанд ва ҳар гуна маънӣ аз он пайдо менамоянд.
«Зи гавхора то гур дониш би
ҷўй» мефармояд ҷои дигар Муҳаммад(с). Аз ин ҳадиси Паёмбари Ислом(с) Ҳаким Фирдавсӣ ба таври зайл мисраҳои мавзун эҷод кардааст:

Чунин гуфт: Пайғамбари ростгӯй:
«Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ
й!»
Ба тафсири муфассирин маънии аслии ҳадиси мазкур ин будааст, ки инсон аз рӯзи таваллуд то рӯзи марг дар ҷараёни омӯзиш бошад ҳам наметавонистааст, ки худро нобиға шиносад. Илм уқёнуси беканор будаасту илмомӯз шиновар. Шиновар бошад, наметавонад, ки аз соҳили уқёнус дур шино кунад.

Шоирони классики тоҷику форс низ мухлисони ашъорашонро ба омӯзиши илм талқин кардаанд:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост, илм.
Қулфкушои ҳама дарҳ
ост, илм.
Дар талаби илм камар чуст кун.
Даст зи ашғоли дигар суст кун.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Имрӯз бикун чу метавони коре,
Фардо чӣ куни чун натавони кард.
Абӯалӣ Ибни Сино

Илм агар андак бувад, хораш мадор,
З-он ки дорад илм қадри бешумор.
Фаридаддини Аттор

Чу ранҷонидани кас ҳаст осон,
Ба даст овардан, набвадат ба-дон сон.

 

Биёмӯз он чи нашносӣ ту зинҳор,
Ки бар кас нест аз омӯхтан ор.
Носири Хусрав

Коре ки туро ба хак расонад илм аст!

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст!
Ҷ
уз илм макун, талаб дар дори љахон,
Роҳе, ки ба мақсуд расонад, илм аст!

Имом Ғазолӣ (р) дар «Мукошифат ул қулуб» аз Расули Акрам (с) ҳадиси зеринро ёдовар шудааст: «Ҳалокати умматӣ фил ҷаҳл», яъне, ҳалокату нобудии уммати ман дар ҷоҳилию бесаводист. Аммо омӯзиши ҳамаи илмҳо камоли доноӣ набуда инсонро аз вартаи ҷахолат намераҳонидааст.

Пешгӯиҳои илмӣ

Раммолон, ки мо фолбинашон меномем аз қадимулайём дар байни мардум ва ҳатто дар дарбори шоҳон будаанд ва имрӯз ҳам чунин афрод дар ҷомеа фаъолият доранд. Фолбинҳо даъво мекунанд, ки илми ғайбро ба онҳо Худо омӯхтааст ва ҳатто барои таблиғи корнамоиҳои худ имрӯз аз нашрияҳо, шабакаи Интернет ва дигар технологияи муосир истифода мебаранд. Агар дар давлатҳои мусалмоннишин фолбинҳо бо истифода аз Ислом муштарӣ ҷаъм кунанд, дар давлатҳои дигар дину мазҳабҳои хоси ҳамон ҷоро истифода мебаранд. Онҳо мардумро мутмаин мекунонанд, ки илми пешгӯиро медонанд. Аммо Ислом ҳамкорӣ бо ин афродро камоли беимонӣ медонад. Аммо ба қавли уламо ҷоиз будааст, ки олимон дар асосои илм оиди ин ё он ҳодисаи табиат, ояндаи ҷомеа, таъғирёбии иқлим ва таъсиррасонии сайёраҳо пешгӯи кунанд. Албатта чуноне, ки аҳли нубуват пешгӯӣ мекарданд, мо наметавонам ба он сон дар ҷомеа ояндабинӣ кунем.

Дар мавзӯъи илм хикоёт ва ривоёти фаровоне ҳаст, ки аксари онҳо воқеият ҳам надошта бошанд, ҷамбаи тарбиявӣ доранд. Аз сомонаи интернетии «Миллат»(www.millat.tj) ҳикояеро пайдо намудам:

«Олиме гуфтааст: «Дар кӯҳ гиёҳест, ки онро ба мурда об карда бирезӣ, мурда зинда мешавад». Шахсе ба фики пайдо намудани он гиёҳ афтодааст. Пас аз чанде донишманди 90-солае ба ӯ гуфтааст: «Ман муддати 60-сол ин гиёҳро кофтам, аммо наёфтам». Танҳо баъдтар маълум мешавад, ки мурод аз «кӯҳ» илм будаасту «мурда» одами бесавод».

Ба ҳамин маънӣ байте ҳаст:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст.

Ҳар ойина сарчашмаи сухан ҳам илм аст. Одами нодон чи гуна метавонад сухани тозае бигӯяд? Ба ҳамин хотир мегӯянд, ки нодонӣ айб аст…

Олими беамал, занбӯри беасал

Дар роҳи мусалмонӣ амал аз илм бартарӣ доштааст. Чуноне гуфта мешавад, олим шудан осон, одам шудан душвор. Ислом динест, ки пеш аз ҳама амалҳои некро талкин мекунад. Паёмбари Ислом зимни як ҳадисаш ҳасад бурдан дар роҳи илмро раво донистааст. Аммо чунин ҳасад набояд монеъи пешравии дигарон бошад. Ҳасад чун нияти пок безарар бошад, ки боиси рушди шахс гардад ва мусобиқаи дурустеро байни донишомӯзон ба бор оварад, на ин ки бухлу кинаро шиддат диҳад. Бахил будан номуваффақ будани олимро нишон медиҳад. Олими бахил кист? Шахсест, ки илмашро ба касе намеомӯзад ва ба рушди дигарон халал мерасонад.

Муҳаммад(с) чунин таъкид мекунад: «Беҳтарин садақа барои мусулмон касби илм ва омӯзонидани он ба бародари мусулмонаш аст». Ба ҳамин маъни Низомии Ганҷавӣ чунин гуфтааст:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

«Ҳалол нест бастани дари илму пӯшидани ҳақиқат» гуфтааст Ҳазрати Муҳаммад(с). Ин ҳадисро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чунин ба назм даровардааст:

Эй гаронмоя марди донишвар,

Гар туро илми дин бувад маълум.

Мустаъидро аз он машав монеъ,

Мустаҳиқро з он макун маҳрум.

Бигӯ: «Оё мехоҳед Худоро аз диндории худ огоҳ кунед? Ҳол он ки Худо аз ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, огоҳ буда ба ҳар чизе олим аст!» Сураи ҲУҶУРОТ, ояти 16

Аввалин ояти нозилшудаи қуръонӣ дар сураи «Алақ» низ бо калимаи «Иқроъ» яъне «Бихон!» оғоз мешавад. Пас амри асосии Худованд ба бандагонаш аввал талаби илм будааст. Ғайр аз ин дар сарчашмаҳои Ислом гуфта мешавад, ки Худованд аввал қаламро офаридааст, ки яке аз аёнияти асосии рушддиҳандаи илм аст. Дар «Тафсири Анвор ул Қуръон» зикр шуда, ки: «Агар қалам намебуд, на дине пойдор мегардид ва на зиндагие сару сомон меёфт. Худованд мардумро ба воситаи қалам аз торикии ҷаҳлу нодонӣ ба сӯи нури илм ҳидоят кардааст…»
Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) дар ҳадиси худ мефармояд: «Талаби илм барои ҳар як фарди мусулмон фарз аст». Яъне фарз амали ҳатмист, тарки он гуноҳ, иҷрои он савоб ва натиҷаи он осоиши ду дунёст. Пас хуш ба ҳоли онҳое, ки ҳаёти хешро ба илм бахшидаанд. Ҳар оина Худованд донотар аст. ӯ дар роҳи ҳифзи илм мову шуморо муваффақ гардонад.

Соҳибёр Толиб

Саҳифаи мақолаҳо»

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers