СЕКС барои наврсон

Саҳифаи мақолаҳо»

Ба таваҷҷӯҳи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоте, ки ба фарҳанги миллат бетараф нестанд.

Секси аврупоӣ ва маорифи тоҷик

1.Sexy гизалла

«Миссияи Шарқ»-ташкилоти ғайридавлатии Даниягӣ буда зиёда аз 10 сол инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Назар ба маълумоти ин ташкилот фаъолияти бисёрҷонибаи «Миссияи Шарқ» аз хизматҳои бахши тандурустӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ ва санитарию беҳдоштӣ иборат аст. Инчунин «Миссияи Шарқ» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ва Ширкати «Вавилон» барои паст кардани хавфи офатҳои табии дар қаламрави кишвари мо лоиҳаи худро дорад, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон ва мардумаш яке аз самтҳои асосии фаъолияташро ҳамингуна муаррифӣ кардааст. Аммо аз ҳама лоиҳаи гизалаи Ташкилоти Даниягии «Миссияи Шарқ» тарғиби секс ва таҳоҷуми фарҳангӣ дар байни наврасону ҷавонони тоҷикистонӣ аст, ки ин ҳадафашро аслан дар шаҳру навоҳии дурдасти Тоҷикистон амалӣ мекунад.

Китобе ба дастам афтод, ки «Гумону андешаҳо оид ба солимии репродуктивии наврасону ҷавонон» ном дошта онро «Миссияи Шарқ» нашр кардааст. Китоби нашрнамудаи «Миссияи Шарқ» бо теъдоди 6000 нусха нашр шудааст, ки дар кадом нашриёт нашр шуданаш маълум нест. Фақат дар саҳифаи охирини китоб навишта шудааст: «Таърихи иҷозати нашри ин китоб аз тарафи Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии (давомаш нест-С.Т.) 29. 11. 2007, №599»

Яқин бо ин мазмун ягон нашриёт ин китобро нашр накардаасту ин китоб бо принтери оддӣ нусхабардорӣ шудааст. Фақат ҳаминаш маълум, ки ин китоб моли «ҳалоли» Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ ба ҳисоб меравад, чун ин ниҳод иҷозати чопашро додаст…

2.Синфи 7 ба SEX бош тайёр!

Ин китоб байни хонандагони синфи 7 то 11-и мактабҳои деҳаҳои дурдасти ноҳияи Панҷакент тақсим шуда ба наврасони деҳотӣ усулҳои сексро меомӯзад. Дар бораи ҳаҷм ва инкишофи синаи духтарон ба писарбачагон ва дар бораи ғафсиву дарозӣ ва тарангшавӣ ё барангезиши олоти мардон ба духтаракони мактабхон китоб кушоду равшан маълумот додаст(метавонам аз ин гуфтаҳо шарм дорам, аммо китоб ҳаминро талқин мекунад, охир).

Ҳосилшавӣ ва инзоли манӣ, «возбуждат» шудани наврасон дар автобус ва дар назди тахтаи синф, шавқовар будани шаҳватронӣ дар ҳавз ё душ, бо даст паст кардани шаҳват(худтаъминкунӣ-мастурбатсия), чи тавр пӯшонидани рифола, машғул шудан бо секс дар аёми наврасӣ мавзӯъҳои оддӣ ва озоди ин китобанд, ки ба духтари 13 сола ва бачаҳои Тоҷик меомӯзанд.

3.Духтарро бӯй кашеду сипас ба бакораташ даст ёзед…

Китоб дар бораи бӯйи ғайриодии духтарон маълумот додаст, ки баъд аз хондани он беихтиёр иштиёқи бӯйидани тани духтар дар дили наврас ҷӯш мезанад. Ташкилоти ғайридавлатии «Миссияи Шарқ» дар китобаш ба хонандагони мактаб усули даронидани пардаи бакорати духтар, роҳҳои рози намудани духтарон ба муноносибатҳои маҳрамона, лаззат ва фалсафаи бӯса заданро низ меомӯзад. Ин китоб дар давоми мавзӯъи маҳрамонааш ба хонандагон маслиҳат медиҳад, ки «…Шумо метавонед ҳатто дар оилаи худ низ мустақилона зиндагӣ кунед ва нисбат ба кору бори худ (яъне секс-С.Т.) қарорҳо қабул намоед…» Назар ба маслиҳатҳои «Миссияи Шарқ» аз даст додани бакорат барои духтар набояд мӯҷиби нигаронии ҷиддӣ бошад. Ба саволи «Духтар чи тавр дар бораи нодухтар буданаш ба волидайн гуфта метавонад?» китоби нашр намудаи «Миссияи Шарқ» ба духтаракони боҳаёи тоҷик ҷасорат меомӯзад.

4.Талқини SEXи гурӯҳӣ ба хонандаи Тоҷик!

Шаби авали тӯйи арӯсӣ мабодо девона ба ҳузури арӯс шавад медонад, ки зиндагиро чи гуна оғоз кунад. Аммо китоб ба хонандаи синфи 7 маслиҳат медиҳад, ки шаби аввал корро аз чӣ бояд сар кунанд. Магар ҳаминро Тоҷик намедонад, ки як созмони даниягӣ онро ба наврасони мо меомӯзад? Ба суоли он ки «Оё алоқаи ҷинсии ғайриоилавӣ доштан мумкин аст?» Ташкилоти Даниягии «Миссияи Шарқ» ба наврасон маслиҳат медиҳад, ки «… аз рӯйи нақшаи физиологӣ ҳар шахс новобаста аз аҳволи оилавӣ (дар корҳои маҳрамона-С.Т.) метавонад якчанд шарик дошта бошад…» (!!!) Групповой секс???

Ё Оллоҳ! Ин ташкилотро бубин, ба фарзандони мусалмон фачтарин хулосаи илмиро меомӯзад, ки дар илми физиология чандон эътибор надорад. «Миссияи Шарқ» дар ҳоле секси гурӯҳиро маслиҳат медиҳад, ки дар поёни ҳамин маслиҳаташ аз якчанд зан гирифтани мусалмонон изҳори нигаронӣ кардааст.

Нишонаи баландтарини муҳаббати байни ду шахс будани шаҳват, бисёр форам будани машғулиятҳои шаҳвонӣ, чи гуна ба шаҳват одат кунонидани духтар, мувофиқи ҳиссиёти худ интихоб намудани шарики ҷинсиро наврасон маҳз аз китобҳо ва нишастҳои «Миссияи Шарқ» меомӯзанд. Ин ташкилоти даниягӣ ба наврасони мусалмон маслиҳат медиҳад, ки «…ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ҳал кунад, ки шаҳват дар зиндагиаш то чи андоза муҳим аст… »

5.Дар 18 солагӣ беваву мардак шавем?

Ба суоли он, ки «Аз чандсолагӣ ҷавонон ба алоқаи ҷинсӣ машғул шуда метавонанд?» Ташкилоти ғайридавлатии «Миссияи Шарқ» дар китобаш маслиҳат медиҳад, ки «…Аз сини 18 солагӣ Шумо метавонед ҷавобгари ҳамаи оқибатҳои алоқаи ҷинсӣ бошед…». Яъне тафсири ин маслиҳат ин аст, ки то никоҳ мунтазир будани шумо муҳим нест! Китоб ҷойи дигар ба наврасон маслиҳат медиҳад, ки «…ба як одам 1-2 бор дар як ҳафта, ба дигаре бошад 2-3 бор дар як шабонарӯз…» яъне бо шаҳват машғул шудан зарар надорад. Ба суоли он, ки «Ба алоқаи ҷинсии нахустин чӣ хел тайёр шудан мумкин аст?» ташкилоти даниягӣ ба наврасони мусалмон маслиҳатҳо дода аз он ҷумла навиштааст, ки «…беҳтараш, ки ҷойи хилват бошад…, …аз воситаҳои муҳофизат-рифола истифода баред…» ва ғайраҳо. Кадом мусалмон пас аз анҷоми ҷимоъ ғусл намекунад, ки як ташкилоти даниягӣ дар китоби фаҳшаш ба фарзандони мусалмон баъди кайф оббозиро маслиҳат додаст! Тфу бар ту эй Чархи Гардун тфу!!!

Ҳамакнун суоле посух мехоҳад, ки оё масъулини вазоратхонаҳои Тандурусти, Маорифва Фарҳанг омодаанд, ки писарони худро дар синфи 7 «худтаъминкунанда» бинанду духтарони худро дар синфи 11 нодухтар??? Албаттта не! Вале чаро аз таблиғи беҳаёӣ, беиффатӣ ва маро бубахшед, sex бо усули даниягӣ натанҳо ҷилавгирӣ намешавад, балки иҷозат медиҳанд, то ин китоби фаҳшо нашр ва дар мактабҳои Тоҷикистон тақсим гардад?

6.Порнофилм-мағзи илм!

Китоби нашрнамудаи «Миссияи Шарқ» тамошои филмҳои шаҳвониро «шаҳвати бехатар» унвон карда наврасони мусалмонро даъват кардааст, ки аз доштани алоқаи ҷинсӣ бо шахси ношинос тамошои филмҳои шаҳвонӣ беҳтар аст. Ҳол он, ки маҳз тамошои филмҳои шаҳвонӣ имрӯз боиси коста шудани ахлоқи наврасону ҷавонон гашта истодааст.

Расмҳои фаҳше, ки дар саҳифаҳои китоби «Гумону андешаҳо оид ба солимии репродуктивии наврасону ҷавонон» нашр шудаанд, беихтиёр шаҳвати наврасро бедор мекунанд(ба расмҳое, ки дар ин саҳифа нашр кардем нигаред).

«Оё мӯйи пойро тарошидан шарт аст?»,

«Барои чӣ ба ба писарон ҳама чиз мумкин асту ба духтарон не?»,

«Барои чӣ дар Тоҷикистон агар духтар бокира набошад, ӯро ба занӣ намегиранд?»,

«Барои чӣ зани аз 30 –сола болоро ба занӣ намегиранд?»,

«Барои чӣ писару духтар якдигарро мебӯсанд?»,

«Агар писару духтар ба якдигар ошиқ шаванд, метавонанд дар бораи чизи дигар(яъне секс-С.Т.) фикр кунанд?»,

«Барои диққатро ба худ ҷалб намудан чӣ бояд кард?»,

«Оё духтар метавонад дар бораи ҳиссиёташ якум шуда ба писар гап занад?»,

«Агар духтар бо писар хоб наравад, писар аз ӯ рӯ мегардонад?»,

«Чӣ бояд кард, агар волидайн бо ин ё он ҷавон гап заданро манъ кунанд?»

…ба ин ва дигар суолҳо ҷавонону наврасони мусалмонзодаи Тоҷик аз семинарҳо, китобҳо ва варақаҳои Ташкилоти Даниягии «Миссияи Шарқ» метавонанд маълумот гиранд.

Наврасе, ки дар сини гузариш қарор дорад, мутмаин бошед, ки бо истифода аз китоби мазкур бадахлоқ мешавад. Дар ин синну сол, ки ҳассостарин давраи умр ба ҳисоб меравад наврасро ба кадом роҳ, ки ҳидоят кунӣ ба ҳамон тараф меравад. Ва аҷиб аст, ки ҷойи ҳамвора сӯйи одобу тарбияи шарқиёна равона намудани кӯдакону наврасон, Мо ба «Миссияи Шарқ»- даниягӣ имкон ва ҳуқуқ додаем, ки наврасони Моро тарбияи шаҳвонӣ кунад. Мумтмаин нестам, ки баъди ин гуна тарбия дигар чанде аз наврасони мо дар оянда «сексуалный маняк» нашаванд.

7.Секс беҳтар аз «фарҳанги лаънатӣ» ё ҳама бехабар?

Вақте, ки дар бораи ин китобро ба намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат кардам, вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ изҳор кард, ки агар чунин бошад, қонуни таъбу нашр вайрон шудааст ва чопи чунин китоб ғайриқонунист. Дар мавриди фаъолият ва чорабиниҳои Ташкилоти Даниягии «Миссияи Шарқ» дар Тоҷикистон вазири фарҳанг изҳори бехабарӣ кард. Ҳамроҳи сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон Ноилшо Нуралиев низ дида баромадем, ки Вазорати маориф ягон маротиба бо «Миссияи Шарқ» ҳамкорӣ надоштааст. Пас бар ивази «чӣ» шӯъбаҳои маориф ин ташкилотро ба мактабҳо роҳ медиҳанд?

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон маълум гашт, ки иҷозати нашри китоби фаҳши «Миссияи Шарк»-ро яке аз мутахассисони қатори авали соҳа Шамсиддин Қурбонов додаст. Зимни сӯҳбати телефонӣ ӯ тасдиқ кард, ки яке аз муаллифони ин дастур худи ӯст ва исбот карда дод, ки омӯзиши секс ба хонандагон зарур аст. Гузашта аз ин Шамсиддин Қурбоновро натанҳо ба унвони табиб, балкӣ ба унвони шахсияти фарҳангӣ ҳам мешинохтам. Пурсидам, ки оё ин китоб бо корекатураҳо ва маълумотҳои фаҳшаш ба фарҳанги мо ҷавобгӯ аст? Аз он тараф «бар падари фарҳанг лаънат» шунидам. Акнун аз вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ мепурсам, ки падари фарҳанги миллии мо кист?..

Гузашта аз ин мо дар мактаб «Одоби оиладорӣ» мехондем, ки дарси хубу шавқоваре буд. Акнун ба ҷойи ин дарс ҷавонону наврасон китобҳои фаҳш мехонанд. Агар омӯзиши муносибатҳои маҳрамона муҳим бошад, чаро Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар доираи фарҳанги миллии мо дастури таълимие таҳия намуда дастраси хонандагон намекунаду ин корро ба ҷои мо ва барои мо як ташкилоти бадхоҳи аҷнабӣ анҷом медиҳад? Чаро мо талқин кунем, ки эътимоди мардум дар қиёс ба ҳукумат ба ташкилотҳои бадхоҳ бештар бошад? Намебинед, ки намояндагони ин гуна созмонҳои «башардӯст» дар кишвари Мо бо мошинҳои рақами сурхдор ин тарафу он тараф равуо намуда ниҳоят чӣ гуна хулосаҳо мебароранд? Оддитарин ғаразашон ин аст, ки ҳар куҷо кашолаеро бубинанд сурат мегиранд ва дар зери он «Tajikistan» менависанд…

8.Рифола аз собун чӣ фарқ дорад?

Ташкилоти «Миссияи Шарқ» зимни баргузории чорабиниҳояш дар деҳаҳои дурдаст озодона ба наврасон рифола тақсим мекунад ва маълумот медиҳад, ки он резинкаро ба сари чӣ мекашӣ ва ба куҷо мезанӣ!(маро бубахшед, ин маълумот воқеият дорад)

Як ҳамкори тоҷики «Миссияи Шарқ» гуфт, ки «мо рифолаҳои «Миссияи Шарқ»-ро собун гумон карда ба наврасон тақсим кардем…» Сокинони ноҳияи Панҷакент шикоят доштанд, ки баъди ҳамкориашон бо «Миссияи Шарқ» ахлоқи фарзандонашон бад шуда кӯчаҳои деҳа, сумкаи хонандагон ва даруни ҷӯйбори деҳа пур аз рифола гашт. Мо мардуми деҳотро, ки аз ҳадафҳои ғаразноки хориҷиён огоҳ нестанд ва ба хотири рӯзгузаронӣ бо ин гуна ташкилотҳо ҳамкорӣ мекунанд метавонем дар навбати аввал бубахшем. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистонро метавон бахшид, ки дар рӯйи китоби фаҳш нишони миллии Тоҷикистонро, ки муқаддасоти Ватани ман(!) ба ҳисоб меравад иҷозати нашр кардан додаст? Оё Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро метавон бахшид, ки аз таҳоҷуми фарҳангии «Миссияи Шарқ» ва ба ин монанд ташкилотҳо бехабар аст? Оё Вазорати маорифи Тоҷикистонро бахшидан мумкин аст, ки пеши роҳи ин гуна ташкилотҳои бадхоҳро дар мактабҳо намегирад?

9.Оби тоза барои ғусл

Аслан ҳамаи лоиҳаҳои Ташкилоти Даниягии «Миссияи Шарқ»-ро бад унвон намекунем. Аммо ҳаминаш маълум аст, ки соли сипаришуда аз амалаш таблиғаш(рекламааш) бештар буд.

Ташкилоти «Миссияи Шарқ» оид ба амалигардонии фаъолият дар соҳаи технологияҳои обтаъминкунӣ, санитария ва алтернативӣ дар водии Зарафшон барои солҳои 2008-2010 қарзи бебозгашти Комиссияи Аврупоро гирифта буд. Дар ин самт ин ташкилотро номуваффақ меҳисобам. Зеро аксар деҳаҳое, ки «Миссияи Шарқ» гӯё бо оби тоза таъмин кард, то ҳол оби лойолуд менӯшанд. Системаи обтаъминкунии ин ташкилот ба сармои зимистони Тоҷикистон тобовар нест ва қубурҳои пласмасии обгузар аз таъсири сармои кӯҳистон торс-торс мекафанд. Омореро дастрас намудем, ки тибқи он танҳо дар зимистони соли 2008 дар 11 деҳа системаи обтаъминкунӣ ба сармои зимистон тоб наовард. Нокомиҳои солҳои дигарро дар ин самт аз худашон пурсед…

Дигар ин ки ҳайати кормандони «Миссияи Шарқ» 80 фоиз аз мардуми маҳаллӣ иборат буда қубурҳои обгузар низ бо истифода аз қувваи мардум насб мешаванд ва маълум аст, ки дар ин ҳол кор тавакалӣ меанҷомад. Яъне мардум мутахассис нестанд, ки ҳаракати обро дар даруни қубур ба нақша гиранд. Аз сабаби он, ки дар даҳанаи қубурҳо ҳавзҳои калони обтаҳшинкунанда сохта нашудаанд, баробари омадани сел қубурҳои обгузар пури сангу қум мешаванд. Хулоса хароҷоти ин ташкилот бо сифати кораш мувофиқ нест. Дар самти паст кардани хавфи офатҳои табии ҳам кори ин ташкилот арзишманд набуд…

10.Дар ҳоҷатхона чӣ хел мешинед?

Ғайр аз ин намояндагони «Миссияи Шарқ» дар ба дар гашта ба мо тоҷикон тарзи рӯфтани ҳоҷатхона, тарзи шустани дасту пой, ба занони тоҷик тарзи шустани дегу табақ ва ғайраро меомӯзанд, дастшӯякҳои 50 дирамаи пламасӣ тақсим мекунанд, ки офтобаи тоҷикии мо аз он садҳо маротиб беҳтар аст!…

Як мисоли дағал, аммо воқеӣ; он предмете, ки занони Дания ба даҳон мегиранд, занони тоҷик аз шарм номашро талаффуз карда наметавонанд! Боз Шумо даниягиҳо ба занони мо покизагӣ меомӯзед?

Беҳтараш аз мудири шӯъбаи Ташкилоти «Миссияи Шарқ» дар Тоҷикистон хонум Мэридин Пурвес хоҳиш мекунем, ки дар бораи покизагӣ, бофарҳангӣ, боҳаёгӣ, хушбахтӣ, боэҳтиромӣ ва дигар ҷузъиётҳои хуби ҳаёти занони мусалмон китобҳо навишта занони Дания ва дигар давлатҳои ғайримусалмонро аз он огоҳ кунед! Занони мусалмони тоҷик вобаста ба шароит ва имконоти худ покизаанд ва дарси ташкилоти Шумо ба мо тоҷикон, ки фарҳанги бузург дорем ҷолиб нест. Замоне, ки Мо форсҳо аз коса об менӯшидем аҷдодони данигиҳо аз кӯлмак мелақиданд! Замоне, ки мо либос мепӯшидему ҳоҷатхонаву ҳаммом месохтем аҷдодони данигиҳо бараҳна мегаштанду либосашон чирк буд!(Искандари Мақдунӣ аввалин бор ҳаммомро дар сарзамини Мо дида буд!) Замоне, ки аҷдодони Ман инсонворона зиндагӣ мекарданд, аҷдодони данигиҳо ёбоӣ буданду хӯрокашон решаи дарахт буд! Имрӯз онҳо ба Модари ман тозагӣ ва тарзи зиндагӣ меомӯхтаанд! Тфу бар ту эй Чархи Гардун тфу!

Дар мавриди рафъи заифии мардон умуман маслиҳати «Миссияи Шарқ» ба мо даркор нест! Мо тоҷикон дар кӯҳҳои баланд зиндагӣ мекунем, ҳавои тозаро нафас мегирем, иқлими мусоид дорем ва рағбати мардони мо дар қиёс ба марднамоҳои шаҳрҳои бузурги олам даҳчанд аст. Аммо марду зани мусалмонро бубинед, ки то никоҳ тоқат мекунад. Ин иродаи хеле бузург аст! Мардҳои ғайримусалмон, ки бармаҳал «сексуалист» мешаванд, яке аз мавзӯъҳои асосии матбуоташон заифнолии мардон аст. Вале ин Миссия ба ҷавондухтари Тоҷик маслиҳати «муфид» медиҳад, ки то 18 солагӣ бакораташро аз даст диҳад! Ба ҷавонписар бошад бӯйкашии духтар ва бо даст паст кардани шаҳватро меомӯзад…

Ҳой «Миссияи Шарқ»! Аз фарҳанги маҳрамонаи мусалмонон ба даниягиҳо ва ғайримуслимин омӯз, то 10 сол пас мардҳояшон занаку занҳояшон мардак нашаванд!…

11.Буд набуд ВИЧ СПИД буд…

Лоиҳаи «Ҳамгироии ҷавонони тоҷик оид ба муносибатҳои ҷинсӣ ва саломатии репродуктивӣ»-и «Миссияи Шарқ» бошад барои вайрон кардани ахлоқи наврасону ҷавонони тоҷик таҳия шудааст. Вақте ки «Миссияи Шарқ» ин лоиҳаро байни наврасону ҷавонон роҳандозӣ мекунад, маълум аст, ки ахлоқи миллати ман дар оянда ҷазир мешавад. Зеро наврасону ҷавонон ояндаи ин миллатанд ва зеҳни наврасон дар давраи гузариш қобилияти дуруст таҳлил кардани ҳама гуна мавзӯъро надорад ва дар ин давра бо таълими мавзӯи секс метавон ахлоқи касро барои тамоми умраш вайрон кард.

Ҳадафи лоиҳаи фаҳши «Миссияи Шарқ» гӯё мубориза ба зидди бемориии ВИЧ СПИД будааст. Дар Тоҷикистон, ки кишвари мусалмонист, мардумаш деҳотнишин аст ва фарҳанги бузург дорад, оё бовар доред, ки гирифторони ВИЧ СПИД зиёд бошанд? Ба оморе, ки «гирифторони ВИЧ СПИД!» гӯён эълон мекунанд, шубҳа дорам! Пеш аз он, ки як намуд маҳсулоти тибби ба фурӯш равад, ҷомеа бояд ба он ниёз дошта бошад.

ВИЧ СПИД-мавҳумест, ки имрӯз аз он ҳамчун васила ба хотири тақсим ва фурӯши рифола истифода бурда мешавад!

ВИЧ СПИД-аз як тараф мавзӯи мубориза ба зидди «проститутсия» менамояд, аммо аслан мавзӯъи тарғиби секс аст!

ВИЧ СПИД-мавзӯест, ки ба баррасии он дар ҷомеа грантҳо ҷудо мешавад ва аз ин мавзӯъ гурӯҳҳо манфиат мебинанд!

ВИЧ СПИД-беморӣ не, тиҷорат аст!

Мавзӯъе, ки ҳар қадар ба зидди он дур аз нуқтаи назари динӣ ҳарф занӣ ҳамон қадар бошиддат рушд мекунад, ин СЕКС аст!

Инро шумо аҷнабиён хуб медонед, барои ҳамин мехоҳед ин мавзӯъро бештар дар байни наврасону ҷавонони мусалмон мавриди баҳс қарор дода ахлоқи миллати маро дар оянда ҷазир кунед?!

Боз бо кадом забон ба Ту фаҳмонам, эй ҳамватани меҳмондӯст! Сиёсати дарҳои кушоди Ватани Ману Ту ин нест, ки аҷнабиён ҳар коре, ки хоҳанд бо Ману Ту анҷом диҳанд. Мо бояд дар ин ҷанги идеологӣ хомӯш бошем?

12. Ҳамкорӣ бо муллоҳо дар мавзӯи …SEX?

Ташкилоти ғайридавлатии «Миссияи Шарқ» дар ҳар деҳа аввал мулло, муаллим, духтур ва дигар шахсиятҳои бообрӯро ба ҳамкорӣ ҷалб мекунад, то бо истифода аз обрӯи онҳо боварии мардумро ба даст оварад ва ҳадафҳои ғаразнокашро ба роҳ монад. Ҳамватанони меҳмондӯсти ман ҳайронанд, ки чаро ин ташкилот барои баррасии ин ва дигар мавзӯъҳо дар байни наврасону ҷавонон ин қадар маблағ сарф мекунад? Пас ин мавзӯъ муҳим будааст, хулоса мекунанд, онҳо. Аммо намедонанд, ки барои коста гардонидани ахлоқи мусалмонони ҷаҳон давлатҳои бадхоҳ бурсҳои ҳангуфт ҷудо менамоянд, ки дар қабати лоиҳаҳои дигари амалишаванда он ба назари мо наменамояд. Инак лоиҳаи маҳрамонаи «Миссияи Шарқ» яке аз ҳамин лоиҳаҳоест, ки дар ҳошияи муборизааш бо хавфи офатҳои табии онро роҳандозӣ мекунад.

13.Танзими расму ойини даниягӣ

Дания давлатест, ки дар он ҷо кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз! Яъне ин давлат яке аз аввалинҳо шуда никоҳи ҳамҷинсон, яъне издивоҷи зан бо зан ва мард бо мардро қонунӣ гардонид. Ва агар вазъият ба ҳамин минвол ҳамвор ба коми миссионерҳои Дания давом кунад, гумонам, дур нест, ки эшон ин расми тозаэҷоди ҳатто аз ҷониби Попи Рум Бенедикти 2 маҳкумшуда, яъне никоҳи ҳамҷинсонро низ дар Тоҷикистон таблиғ кунад. Ҳеҷ набошад ин миссионерҳо дар оянда кӯшиш мекунанд, ки барои гейҳо ва лисбиянкаҳо дар кишвари мо шароит фароҳам оваранд. Намекунанд? Мекунанд, «еше как» мекунанд!

Аз сӯйи дигар Дания давлатест, ки соли 2005 матбуоташ бо тасвири корекотураҳо симои Паёмбари мусалмонон Муҳаммад(с)-ро масхара кард ва тамоми мусалмонони олам алайҳи ин кишвар шӯриданд. Акнун навбати Ташкилоти Даниягии «Миссияи Шарқ» аст, ки бо истифода аз фурсати камбизоатии мардум оромонаву озодона алайҳи ахлоқи фарзандони мусалмон мубориза мебарад. Мо бошем ду даст пеши бар «Хуш омадед!» мегӯем!

Гузашта аз ин Вазорати маорифи Тоҷикистон истифодаи дафтарҳое, ки дар рӯяшон сурати ҳунармандон нашр шудааст ба хонандагони мактаб манъ кард. Сабабашро маорифчиёни тоҷик чунин шарҳ дода буданд, ки расмҳои ҷолиби дафтар диққати хонндаро ба худ кашида боиси бетаваҷҷӯҳии хонанда ба дарс мегардад. Акнун хонандагони мактабҳои кишвар ба ҷойи расми дафтарҳо «сексуалний» карекатураҳои китобу варақаҳои нашрнамудаи «Миссияи Шарқ»-ро тамошо намуда кайф мекунанд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бошад ду сол қабл мултфилми тоҷикишудаи «Шрек»-ро маҳкум бар пахши фаҳшои лафзонӣ(порно лафзӣ) намуда буд. Ва ахиран як суол маро ором намегузорад, ки чаро таҳиягарони он филмнома муҷозо шуданду китоби дарсии «Миссияи Шарқ» бори ин иттиҳомро набардошт? Шояд онҳо тоҷик буданду зӯратон расид… Рост аст, ки ба даниягиҳо зӯратон намерасад? Слабо, масъулини мӯҳтарам???

Соҳибёри Толиб

«СССР», шумораҳои 29 апрел, 13 май, 27 май 2010

Саҳифаи мақолаҳо»

  1. Офарин бисёр мавзуи чидди муаллифи азиз!
    Мехостам донам баъди нашри ин макола нисбати “Миссияи шарк” ягон чора андешида шуд ё не?
    Бо эхтиром Абдулло

    • Ташаккур! “Миссияи Шарқ” бо лоиҳаҳои дигараш кор карда истодаст. Фақат лоиҳаи сексуалниаш баста шуд. Аз рӯйи он тафтиш зиёд буд, аммо касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Ба қавли мардум муфаттишонро хариданд…

  2. boz ham tshakkur barodar magolai ajib kushishi khub karded monandi shumo barin javonon ziyos shjavad tj obod khohad shud

  3. Тамоми ташкилотхои гайри давлати дар кишвар бо нияти нек ворид намешаванд.
    Бештари онхо мардуми камбизоатро бо каме пул ба худ чалб намуда, баъд матлабашонро пиёда месозанд.
    Ту бояд ин мавзуъро бори дигар пай бигири…..
    Ва Таткикоти Журналисти……..бубари.

  4. Cайфуллохзода

    Ахсан! Худованди тавфикро ёри хамешагии Шумо гардонад

  5. Oyo shumo medoned ki chunin loihahoro bisyor digar tashkilotho niz ijro mekunand? Khihush dorem in mavzuro boz bardored dar ruznomaho.

  6. Бар Шамсиддин Қурбонов лаънати Аллох!

    Ва чизи дигарро низ кайд кунам, ки бародари азиз Сохибёр ин чумла “Тфу бар ту эй Чархи Гардун тфу!” аз руи таълимоти ислом чоиз нест. Чунки Худованд дар хадиси кудси мегуяд, ки “Замонаро дашном надихед, ки ман замона хастам”. Ло тасуббу аддахра фа ано аддахру.

    Чавобатонро интизорам!!!!!!!!

    • Ташаккур дӯсти азиз!
      Агар хато накунам «Тфу бар ту эй чархи гардун, тфу!» мисраъи Хоҷа Ҳофиз аст. Хуб, Ҳофиз ҳам Фаришта ё Паёмбар набуд, балкӣ 1 бандаи Худо буд ва метавонист иштибоҳ кунад. Агар онро нодуруст истифода бурда ба Худованд носипосӣ карда бошам, тавба мекунам. Аммо бандаи Худоро лаънат гуфтани Шумо маро нороҳат кард. Шамсиддин Қурбонов дониши баланди тиббӣ дорад, Худованд Ӯро бубахшад ва ҳидоят намояд…

  7. Maqolai xele jolib, tashakkur!!!!!!!!!!!!!!!

  8. Салом мардум!!! Рости ин матлабро тарики хафтаномаи СССР ва сомонаи ИНЕТии www/khatlonpress.tj низ хонда будам ва борхо ба часорати ин бародар эхтиром коилам ва таманно мекунам ки хамеша хамингуна хакикатпеша бимонаду сафи чунин бародарон ба 10000000000000 расад!!!

  9. Barodari aziz yakjahon tashakur, baroe maqolaat,,yaqenan besyor naqd va tahlel joleb karded.
    Baroe shumo muwafaqyat ro tamano doram, va begzor hamesha qalamat buro boshad.

  10. Aybi sharmandagi! Lofi farhang mezanedu namedoned ki misrai “Tfu bar tu ey charkhi gardun tfy” moli Ferdawsi ast, na Hofiz! Ba joi hangoma kardan dar borai faoliyathoi Mission East ki kori durust va mutamadinona mekunad, behtar nest farhangi khudro behtar va amiqtar omuzed???? Marifati sex yo ravobiti jinsi chi badi dorad ki javononi mo az sinni khurdtar onro doshta boshand? Charo chand johil hamesha mekhohand ki mardum niz misli khudashon hamesha dar jaholat bimonand va donish va ittiloi kofi dar masoili gunogun az jumla sex yo ravobiti otifi nadoshta boshand. to kay va charo mekhohed mardumro kavdan va noogoh nigoh dored?

  11. Фарход, шумо, ки дастгири тамаддуни хозира хастед, худ бигуед, оё ин ташкилотхо аввал ал секси бехатар (!) ва баъд аз рифолаву ва гайравую хоказо огоз карда, бо хамин конеъ мегарданд?

    Оё шумо намедонед, ку дувуму саввум масъалаи дар “барнома” буда ин алокахои байни хамчинсон (МСМ – мужчины имеющие секс с мужчинами) ва хукукхои онхоро химоя кардан аст? Оё шумо намедонед ки чунин барномахоро дар мамлакати мо аллакай чанд барномахо оиди химояи чунин ашхос омода карда истодаанд?

    Баъд аз ин химояи хукуки чунин ашхос ба барпо ва кайд кардани оила мешавад, хамчун дар Гарб шуда истодааст!

    Барои хамин аввал масъаларо дурустакак бихонед, ва баъд фикррони кунед…

  12. аз китоби “Пайки огохи”,нашриёти ба номи Р.Чалил . соли 2002

    Порча аз манзумаи “Насихат ба фарзанд”

    …Шуд масалмонро сабакандуз гарб,
    Гарбии гумрохи дар авзо чу габр.
    Гарб ин дам ёри осон медихад,
    Захри каттоли мусалмон медихад.
    Ин хама дасте ,ки ёри медихад,
    Хилаи сад гуна море медихад.
    Тангахои у бувад андар хисоб,
    Тини у сум мешавад ай масти хоб..

    …Чашм чонам бахри неку дидан аст,
    Гуш хам аз бахри Хак бишнидан аст.
    Чашмро он Холики эъчозкор,
    Халк кард он сон, ки бини рангу бор.
    То бубини хикмати буду набуд,
    Хикмати он Ёри Вочибулвучуд…

    ….Окибат аз дидани фахшу фучур,
    Дон ки гардад дидаи бинанда кур.
    Аз бари ту мегурезад хури Хак,
    Мепарад балки зи руят нури Хак.

    ..Ай писар огах зи кори хеш бош,
    Нушро неше,ба фикри неш бош…

    муаллифи мухтарамро тавсия медихам ки ин китоби насихатномаи С. Мусо-ро дастрас намуда аз он фаровон истифода намоянд , иншоаллох боз хам захматхояшон писандидатар хохад гашт
    Ва охиру даъвоно анилхамдулиллохи раббал ъоламин!

  13. ислох: .. То бубини хикмати буду набуд,
    Санъати он ёри вочибулвучуд..

  14. Дар хакикат мавзуи чолиби диккат буд. Ба муаллиф барои захматхояш ташаккур мегуям. Хаминро гуфтаниам, ки мардуми шарк тули карнхо бе хамин “современный секс” зиндаги карданд ва имруз хам мо метавонем бидуни “гомосексуализм” ва “лесбиянство” зиндагони намоем ва он буйи духтарро, ки ташкилоти номбурда гайриодди номидааст, баъди никохи мусулмони хар чи кадар лозим шавад аз хамсари халоли хеш машомамонро пур кунем.

  15. Он чизеки навиштаи 100 фоиз дуруст аст. Лекин мутасадиёни Вазорати маориф мефахмидабошанд? Ба ту Сохибер офарин………

  16. инхел маколахо мо чавононро аз рох бе рох мекунад хонандаи мактаба чи мондааст ба секс .ин бемаданияти точиконро bajlf мекунад

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers