Абдуқодири Абдуқаҳҳор: “Онҳое ороманд, ки пурҳунаранд…
Сӯҳбати муҳаққиқи соҳаи радио ва телевизиони тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Саидмуроди Хоҷазод бо директори радиои «Тоҷикистон» Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Вақте Шумо ба ҳайси Директори радиои Тоҷикистон ба кор омадед, ҷанбаи фарҳангу фароғатии барномаҳо авлавият пайдо кард, чаро?
Чун моҳи августи соли 2006 директори радиои «Тоҷикистон» таъйин гардидам, корро аз такмили сохтор, таҷдиди ҷадвали пахш ва таҳияи чанд гуфтори тоза шурӯъ намудам. Дуруст аст, ки то ин замон барномаҳои шабакаҳои радиои «Тоҷикистон» тарҳи классикӣ доштанд, ҳирфавӣ омода мешуданд, барномаҳои сиёсӣ ва хабарӣ наздики 50%-и гуфторҳоро ташкил медоданд, радиои он давра характери сиёсӣ дошт, низоми кор ҷиддӣ буд. Вале дарк намудам, ки мардум бештар ба фароғат ниёз доранд, зеро дар марҳилаи 10 соли баъдиҷангӣ насле тарбия ёфт, ки савияи донишу ҷаҳонбинияш заифтар, дарки масъулияташ камтар буд. Барои чунин аудитория таҳияи барномаҳои нисбатан сабуки дорои хусусияти фарҳангу фароғатӣ созгор буд. Аз ин сабаб, ба чунин барномаҳо афзалият додем, яъне барномаҳои завқиву тафреҳиро ба 60% расонидем, ки «Қанди порсӣ», «Озодазодагон», «Сад фарди бузургтарини башарият», «Аҷоиботи олам тавассути интернет», «Оҳанги нигоҳ» аз зумраи онҳоянд. Шумораи барномаҳои тоза ҷамъулҷамъ ба 30 адад расиданд. Яъне мо ба ин манзур тарҳи классики радиоро каме дур гузоштем ва ҷанбаи фароғатии онро қавитар кардем.
Ҷадвали пахш вобаста ба аудитория, вақт, синну соли сомеъон барномаҳоро ба низом меорад ва тафовути он аз ҷадвали пахши солҳои қаблӣ дар чист?
Барномаю гуфторҳои шабакаҳои радиои Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2006-ум ин ҷониб аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа тағйир ёфтанд. Ба ибораи дигар, қаблан 80%-и барномаҳо сабт мешуданд. Мо баръакси корро кардем, ба пахши мустақими барномаҳо шароит фароҳам овардем, яъне агар қаблан барномаҳои сабтшуда 80%-и ҷадвали пахши барномаҳоро ишғол мекарданд, дар давраи мо 60%-и гуфторҳо ба тариқи мустақим пешниҳод шуданд, ки ғолибан хусусияти фарҳангу фароғатӣ дошта, аз соати 6:00 то соати 15:00 ба мавҷ мебароянд. Инҳо барномаҳои мустақими «Насими субҳ», «Маърифат», «Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ», «Асрори наво», «Дунёи ҷавонӣ», «Ҷавонон ва ҷомеа», «Муҳоҷир», «Олами назм», «Сулола», «Пайғом», «Чеҳра», «Кашфи истеъдод», «Рӯ ба рӯ», «Оҳанги нигоҳ», «Сипеҳри наво», «Изтироб», «Шом ба хайр», «Шабзиндадор», «Падида», «Шифо», «Навошинос», «Ҳозирҷавоб», «Бонувони Тоҷикистон», «Маҳфили рангин», «Ориёна», «Баҳс ва андеша», «Ҳамзамон», «Ҳамроз», «Фарҳанги тиб», «Ҷӯё», «Ҳамсадо», «Равзанаи сафо», ва ғайраҳо мебошанд. Мақсади мо аз таҳияи барномаҳои мустақим ҷалби таваҷҷӯҳи бештари шунавандагон ба радиои давлатӣ ва шабакаҳои он буд.
Дар баробари ин, барномаҳои дигари таҳлиливу бунёдӣ, амсоли «Дунё», «Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон», «Андешаи миллӣ», «Ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Мардуми бозор», «Муҳаққиқ», «Озодазоданон», «Бо Моҳу Парвин», «Мусиқӣ ва ҷаҳони муосир», «Нидои бедорӣ», «Дунёи меҳр», «Хубони порсигӯ», «Ҳукумат», «Парламент», «Чакомаи об», «Тибби Шарқ» ва ғайраҳо рӯйи кор омаданд. Барномаҳои таҳлилӣ асосан, аз соати 16:00 то 22:00 ба диққати шунавандагон ҳавола мешаванд. Ҳол он ки дар ҷадвали пахши қаблӣ барномаҳои иқтисодӣ аз соати 7:00 то 7:45 ва сиёсиву таҳлилӣ асосан аз соати 10:00 то 11:00 пахш мешуданд.
Аз соати 22:00 то 6:00 ғайр аз барномаи мустақими сесоатаи «Шабзиндадор» инчунин аз «Хазинаи тиллоӣ»-и радио гуфторҳои адабиву мусиқӣ ба мавҷ мебарояд. Ин раванд то имрӯз идома дорад ва дар ин самт кормандони шабакаҳои радиои Тоҷикистон ба ҷалби шумораи зиёди шунавандагон муваффақ шуданд. Бо чунин хусусиятҳо ҷадвали пахши барномаҳои чаҳор соли охири радиои «Тоҷикистон» аз гузашта фарқ мекунад.
Ва то ин дам асосан ба барномаҳои сабтшуда такя мекарданд, аммо Шумо ба барномаҳои мустақим афзалият додед.Ҳоло ҳаҷми чунин гуфторҳо 60-65%-и ҳаҷми умумии барномаҳоро ташкил медиҳанд. Сараввал ин иқдом хуш пазируфта шуд, ҳатто собиқадорони соҳа Мансур Султонов, Турсунпӯлод Аминҷонов, Искандар Мирзоев, муҳақкиқон Сангин Гулов, Саъдулло Ҳайдаров ва дигарон ин амалро дилгармона истиқбол карданд, аммо чӣ шуд ки баъди гузашти 4 сол сару садоҳое баланд мегардад, ки гӯё бо таҳияи гуфторҳои мустақим сатҳи барномаҳо поён омада. Ин ҳолатро чи гуна дарк намудан мумкин аст?
Худи Шумо ҳамчун муҳаққиқ хуб медонед, ки кормандони радио дар баробари таҳияи барнома бояд нутқи бурро дошта, суфтаву равон сухан карда тавонанд. Онҳое, ки бештар менависанду камтар ҳарф мезананд, нутқашон на он қадар равону дилнишин мешавад. Чун аз корманди радио тақозо мешавад, ки дар баробари навиштан барандагӣ кунанд, ровӣ бошанд, хостам тарсу ҳаросро аз вуҷуди ҳамкасбон дур созам. Аслан ҳадафи ман ин буд, ки кормандони радио аратор бошанд, дар маҳфилҳо ровӣ бошанд ва ҳамчун чеҳра Кумитаи телевизион ва радиоро муаррифӣ намоянд. Дар замони навин наттоқи касбӣ мавҷуд нест, муҳаррир метавонад наттоқ бошад ва ҳатто коргардону танзимгар низ. Ҳатто шӯъбаи наттоқонро, ки солиёни дароз амал мекард, барҳам додем, чаро ки ин касб дар сояи тахассусҳои дигар нопадид шуд. Инро таҷрибаи расонаҳои ғайридавлатӣ низ собит намуд. Дар мавриди коҳиш ёфтани сатҳи бархе барномаҳои мустақим омилҳои гуногун мавҷуданд.
Дар ин миён, дар даврони истиқлол мавзӯи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҷузъи муҳимтарини кори радио табдил ёфт.Имрӯз барномае нест, ки ин мавзӯъро пайгирӣ нанамояд.Ҳамин тавр не?
Дар ҳақиқат, дуруст дарк кардед. Ман намегӯям, ки ин мавзӯъ дар даврони роҳбарии ман арзи ҳастӣ кард. Ҳам дар давраи устод Мансур Султонов ва ҳам дар замони Устод Абдурашид Хӯҷамқулову ва худи Шумо мавзӯи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба самти асосии кори радио бадал шуд. Ин якчанд омил дорад; аввалан, ҳамагуна расона набзи замонро бояд ифода намояд. Дар ҷомеаи пасошӯравӣ худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ қувват гирифт ва ин талаби замон буд. ВАО, ки ифодагари рӯҳияи замон аст, наметавонад аз инъикоси рӯйдодҳои он дар канор бошад, ба ин хотир, мавзӯи фавқ ба ҷузъи муҳимтарини рӯзгори мардум ва фаъолияти радио табдил ёфт. Сониян, чун дар як даври муайяни таърихӣ, махсусан дар даврони Шӯравӣ ҷавонони мо аз худшиносиву худогоҳӣ каме дур уфтоданд, аз ин лиҳоз, мо ҷанбаи худшиносии барномаҳоро қавитар намудем, то ба асл баргардем. Зеро мо аз қавми ориёием, аз қавми фарҳангдида ҳастем, ба ин манзур бояд ҷанбаи хештаншиносии мо муқтадир бошад. Тасаввур намоед, вақте як мавзӯъ пайваста садо медиҳад, дар бораи бузургии миллаташ, генаш, нақши ниёгонаш дар тамаддуни ҷаҳонӣ пайиҳам мавод садо медиҳад, ҳатман ба зеҳни шунаванда таъсир мегузорад ва тадриҷан онро мустамеъ қабул мекунад. Сеюм, чун дар замони муқовиматҳои дохилӣ мардум имкони мутолиаи рӯзномаву маҷалла ва намудҳои дигари ВАО-ро надоштанд, тасмим гирифтем, ки ин холигиро пур намоем, барномаҳои дорои хусусияти худшиносӣ доштаро бештар намудем. Тавассути расона хостем дар ин самт коре бикунем, ки ҷавонон худро бишносанд, ҳар касе худро шинохт, Худоро мешиносад, миллати худро мешиносад ва давлату ҳукумат низ метавонад ба шахси хештаншинос такя занад.
Дар давраи роҳбарии Шумо боз чанд навгонии дигар ба вуқӯъ пайваст. Шабакаҳои «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» ба кор оғоз карданд. Вале чаро шабакаи «Овози тоҷик» то кунун натавонистааст вазифаи муҳимтарини худ - тарғиби фарҳангу тамаддуни миллати тоҷикро барои хориҷиён ба хубӣ иҷро намояд?
Шояд дар дохили Тоҷикистон ба ин хотир таъсиргузор набошад, ки мавҷҳои дароз ва FM-и ин шабака муқтадир нестанд, вале гумон дорам дар хориҷи кишвар таъсиргузор бошад. Дар хориҷа барои 500 нафар як радио таъсис медиҳанд, масалан дар Туркия 1100 шабакаи радиоӣ ва дар Амрико аз ин ҳам бештар амал доранд. Мақсад дуруст аст, ҳадаф равшан аст, вале Шумо дуруст қайд кардед, ки ин шабака бояд қавӣ бошад. Чаро ки фарҳангу тамаддуни кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ният дорем аксаран чеҳраҳои саршинос, амсоли ховаршиносон, сиёсатшиносон, адабиётшиносон, ҷомеашиносон ва фарҳангшиносони асилро ба ҳамкорӣ даъват намоем. Аз ҷониби дигар, бояд ходимони ин даргоҳ низ аз ҳар лиҳоз қавӣ бошанд, то дар иҷрои вазифаҳои худ комгор гарданд. Имрӯз радиои «Овози тоҷик» бо ҳашт забон барнома пахш мекунад ва барномаҳо ба тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон нигаронида шудаанд. Кормандони он аксаран ҷавонанд ва муҳим он аст, ки кӯшиш доранд, вале ба он дараҷае, ки мо мехоҳем ҳанӯз нарасидаанд. Камбудиҳо зиёданд, инро эътироф бояд кард.
Имрӯз раванди бозгашт ба барномаҳои сабтшуда, яъне фундаменталӣ ба миён омадааст, ки то соли 2006 таҳия мешуданд. Агар ин раванд воқеан дуруст бошад, пас реформаи шумо чи натиҷа дод? Умуман раванди бозгаштро чи тавр тавзеҳ медиҳед?
Бале, бародари азиз, худи Шумо ҳамчун журналист ва муҳаққиқ хуб медонед, ки на ҳамаи ислоҳот сирф ҷанбаи мусбат дорад ва на ҳама нафароне, ки дар ин ё он гурӯҳҳои эҷодӣ ҳастанд, ҳадафи роҳбарро ва ё нафареро, ки мехоҳад тағйирот кунад, ба тариқи нек мефаҳманд. Ба чи хотир мо пурра не, қисман ба барномаҳои фундаменталӣ ва ё сабтшуда бозгаштем. Омилҳояш инҳоянд; 1) як қисми эҷодкорони мо хуб менавиштанд ва дар ҳамаи жанрҳо барномаҳои хубу ҷолиб таҳия мекарданд, вале чун ба барномаи мустақим қадам ниҳоданд, сатҳи барномаҳояшон поён омад, яъне барномаи мустақимро чун расонаҳои ғайридавлатӣ хеле содда гирифтанд.Чанд нафарро даъват менамоянд, ҳамроҳашон сӯҳбат мекунанд ва бо чанде аз шунавандаҳо робитаи телефонӣ барқарор менамоянду халос. 2) гурӯҳи дигар сӯистифода карданд. Масъулияту ӯҳдадории худро фаромӯш намуданд, эфири мустақимро ҷои бозиву шӯхӣ пиндоштанд, одоби ҳамидаи рӯзноманигориро ба гӯшаи фаромӯшӣ доданд. 3) иддае ба жанри мусоҳиба дар шакли мусоҳибаи телефонӣ маҳдуд гардиданд, гуногунжанрии барномаҳо заиф шуд. 4) асосан як гурӯҳи аҳолӣ- мардони нафақахӯр ва занону духтарони хонанишин мухотаби таҳиягарони барномаҳои мустақим қарор гирифтанд. Сатҳи барномаҳо ба сатҳи афкори ин гурӯҳи аҳолӣ баробар шуд. Рисолати радио аз пайи ҷомеа рафтан нест, балки ҷомеаро аз паси худ бурдан аст. 5) ҷустуҷӯи эҷодии баъзе рӯзноманигорон аз байн рафт. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки эҷодкорони шинохта аз навиштани сенария даст кашиданд, сафсаталогия авҷ гирифт, барномаҳо на аҳамияти ҷамъиятӣ, балки хусусияти шахсиву хонаводагӣ пайдо карданд. 6) баъзе ҳамкорон дар барномаҳои мустақим лаҳҷаро ҷойгузини забони адабӣ намуданд. Чунин омилҳо сабабгори асосии раванди бозгашт ба барномаҳои сабтшуда гардиданд…. (ба андеша фурӯ рафт)
Ба гумонам, чизеро гуфтан мехоҳед.
Саидмурод, як чизро нагуфта наметавонам. Табиати одамизод гуногун будааст. Вақте ба кор омадам, ҳамагон таҳияи барномаи мустақимро орзу мекарданд, мо ба истиқболи онҳо рафтем, ба онҳо майдони эҷод додем, вале маълум шуд, ки майдондорӣ ҳунари ҳар кас набудааст. Барномаи мустақим ҳунару истеъдоди эҷодкорро чун оина ба мустамеъ нишон медиҳад. Муҳим он буд, ки ҳар кас дар саҳнаи озоди эҷод худро санҷид, нерӯи зеҳнии худро дарк намуд, ба маҳбубияташ аз дидгоҳи худ баҳо дод, заъфашро эътироф кард. Ин натиҷаи реформаи мост. Акнун боз ҳамон нафарон ҳадс мезананд, ки барномаҳои фундаменталӣ ва сабтшуда беҳтаранд. Бошад, боз ба истиқболашон меравем, боз майдони эҷодро фарох мениҳем, онҳо медонанду дави аспашон. Ба андешаи шахсии ман, гап дар сари шакли барнома нест, гап дар ҳунар аст, бояд ҳунар ва эҷод дар меҳвари аслии ҳамагуна фаъолият қарор бигиранд, нафароне ҳаёҳӯй мекунанд, ки ҳунари кам доранд, онҳое ороманд, ки пурҳунаранд. Ин нуктаро дар тӯли фаъолияти роҳбариям комилан дарк намудам. Бори дигар хотирнишин менамоям, ки мо қисман ба барномаҳои бунёдӣ баргаштем. Ин заъфи реформа нест, таҳаввулот идома хоҳад ёфт ва гуфторҳоеро, ки робитаро бо шунаванда дар сатҳи олӣ роҳандозӣ намуда аз маҳбубияти сомеон бархӯрдоранд, дастгирӣ хоҳем кард.
Шояд озодии аз ҳад зиёд ба ин ҳолат боис гардида?
Ман ҷонибдори озодии ҳамагуна эҷодкориям. Озодии шахсият не, озодӣ бояд барои фазои мусоиди эҷод бошад. Ин ду омилро бояд аз ҳам фарқ кард. Хуб аст, ки баъзе ҳамкоронам огоҳона ё ноогоҳона муҳити озоди эҷодро ба нафъи худ истифода бурданд.
Саҳеҳтар бигӯед ва ин нуктаро тавзеҳ диҳед?
Биёед рӯйрост ҳарф мезанем, нафароне буданд, ки дар паҳлӯи таҳияи барнома китобу рисола, филмномаҳо навиштанд. Бархе дар ҷодаи овозхонӣ тавфиқ ёфтанд, маҷмӯаи ашъору ҳикоёти баъзе ҳамкоронам интишор шуд. Ман аз ин мамнунам. Зеро дар маҷмӯъ, инҳо ҳам намудҳои эҷоданд. Аммо ман ҳамчун роҳбар монеи ин амалҳо нашудам, бахилӣ накардам, ҳатто агар тавонистам дастгирӣ ҳам кардам, зеро ҳамагуна эҷодкорӣ ба нафъи радио, гузашта аз ин ба манфиати миллат аст. Бовар кунед, раванди эҷодро маҳдуд кардан имкон надорад, он мисли чашмаест, ки аз ҷое фаввора зада мебарояд, муқовимат ба ин ҷараён боиси пешрафти худи эҷодкор хоҳад шуд. Аммо нафароне ҳам буданд, ки натанҳо барномаи ҷолибе таҳия накарданд, балки ба ҷуз аз чоплусӣ, мазаммат, гапфурӯшиву ғайбати ҳамкорон аъмоли дигаре барои тавсиф надоштаанд. Инҳо ангушти шашуми ҷомеаанд, садди роҳи пешрафти эҷодкорон мегарданд, зиёни онҳо на танҳо ба шахсиятҳои алоҳида, балки ба миллат мерасад. Аслан имрӯз ҷомеа ба онҳо ниёз надорад, онҳоянд, ки ба ҷомеа ниёз доранд. Кӯлбори эҷоди чунин нафарон ба таври ҳамешагӣ холист. Раванди ҳаёт довари ин ҳол хоҳад буд.
Бармегардем ба мавзӯи асосӣ. Аммо бархе аз соҳибназарон бар инанд, ки дар набарди иттилоотӣ расонаҳои давлатӣ дар баробари ВАО-и ғайридавлатӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ шудаанд. Дар ин маврид чӣ мегӯед?
Ба ин ақида розӣ шуда наметавонам. Тасаввур намоед, доираи фаъолияти расонаҳои ғайридавлатӣ маҳдуд буда барномаҳои онҳо дар минтақаҳои муайян ҳаводор доранд. Рӯзномаҳои хусусӣ бо таъдоди 1000 ва ё 2000 ҳазор адад нашр мегарданд ва ба ҳама дастрас нестанд. Аммо радио ва телевизиони «Тоҷикистон» расонаҳои муқтадиранд, мавқеи расмии давлат ва ҳукумати Тоҷикистонро ифода менамоянд, ахбори саҳеҳ ва санҷидашударо мешунавонанд, на танҳо дар мамлакат, балки дар саросари ҷаҳон пахш мегарданд, афкори шахсони алоҳидаро не, балки ҷомеаро ба вуҷуд меоранд. Дуруст аст, ки аз лиҳози оҷилият ва фаврият гоҳе кӯтаҳӣ дорем, вале маҷмӯан расонаҳои давлатӣ товони рақобат дар набардҳои хабариро доранд. Тасаввур намоед, ҳанӯз шабакаҳои радиои Тоҷикистон рақиб надоранд, расонаи сартосарие нест, ки дар баробари мо рақобат намояд. Қариб кулли фазои расонаии мамлакат (70%) зери нуфузи шабакаҳои радиои давлатист.
Барои мӯътамад гардидани андешаҳои худ беҳтар аст, бо санадҳои дақиқ ва бурҳони қотеъ нақши ин расонаро дар низоми ВАО-и муосир бозгӯ намоед.
Роҳнамоиятон дуруст аст. Феълан танҳо як шабакаи радиои «Тоҷикистон» ба таври шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 24 соат ва аз ин миқдор 12 соат барномаҳои асл пахш менамояд, нақша дорем онро ба 20 соат расонем, дар маҷмӯъ ҳоло чаҳор шабакаи радиои мо дар як шабонарӯз бо 8 забон дар ҳаҷми 96 соат барнома пахш мекунанд, аз ин миқдор 86 соати барномаҳо ба забони давлатӣ таҳия мегарданд, гуфторҳои аслӣ (оригиналӣ) наздики 50%- ро ташкил медиҳанд (40 соат) ва дар сурати дарёфти маблағ соатҳои аслро ба 70% хоҳем расонд. Мо дар як шабонарӯз маҷмӯан 30 нашри аслии хабарӣ дорем (8-«Тоҷикистон», 12- «Садои Душанбе», 8-«Овози тоҷик», 2- «Фарҳанг»), ки 4 соати ҳаҷми умумии барномаҳоро ташкил менамоянд. Дар як шабонарӯз таҳияи чаҳор соат барномаи аслии хабарӣ кори саҳлу сода нест, заҳмати шабонарӯзӣ ва масъулияти миёншикан мехоҳад, ҳаҷми танҳо барномаҳои хабарии якрӯзаи шабакаҳои мо ба ҳаҷми даҳҳо рӯзномаҳо баробар аст. Боқӣ қазоват аз хонандагон аст.
Дар тули 4 соли роҳбарӣ чӣ мушкилотро эҳсос намудед?
Аслан як мушкилӣ дорем, набудани мутахассисони баландихтисос. Ба мо нафароне лозиманд, ки ба мисли худи Шумо ҳам дар таҳияи барнома мумтоз бошанд, ҳам аз жанрҳои радиоӣ огаҳ бошанд ва ҳам аз пажӯҳишҳои олимон воқиф. Ҳамчунин набудани коргардонҳои болаёқат, надоштани хабарнигорони радио дар минтақа, Русия ва кишварҳои ҳамзабон, набудани робитаҳои мустақим бо радиоҳои ин кишварҳо низ то ҷое мӯҷиби пешрафти кори мост ва фикр мекунам ин мушкилот зина ба зина ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Дар хотима суоли муқаррарӣ, нақшаҳои минбаъдаи Шумо?
Ҳолиё ба маблағ ниёз дорем, хушбахтона аз соли нав ҳаққи заҳмати эҷодкорон 100% афзоиш хоҳад ёфт. Ният дорем беш аз 50%- и лоиҳаҳои навро амалӣ намоем. Ҳамчунин тасмим гирифтаем дар жанрҳои тадқиқоти журналистӣ, фелетону памфлети радиоӣ барномаҳо таҳия намоем, таҷрибаи расонаҳои хориҷиро истифода бурда радиофилмҳоро дар мавзӯъҳои таърихӣ омода созем,тарғиби театрро аз тариқи радио роҳандозӣ кунем, ток шоуҳои сиёсиро ба роҳ монем.
Барои сӯҳбати пурмӯҳтаво изҳори сипос менамоям.
Ба Шумо ҳам ва агар иҷазат бошад як чизро илова намоям.
Марҳамат.
Вижагии радио аз дигар расонаҳо дар он зоҳир мешавад, ки манбаи тарбияи кадр барои намудҳои гуногуни ВАО аст. Агар маҷозан гӯем, шабеҳи кураи оҳангар аст. Соҳаеро дар низоми ВАО дарёфтан муҳол аст, ки собиқ корманди радио фаъолият надошта бошад. Ин ифтихори радио ва ифтихори мост.Зеро ҳамаи мо, қаламкашон як рисолат дорем, фазои расонаии кишварро бо барномаҳои гуногунжанр мукаммал месозем, сиёсати мақомоти роҳбарии мамлакатро тарғиб менамоем. Дар иҷрои ин рисолат ба ҳамкасбон комгорӣ ва ба Шумо ҳам, ки маро барои чунин сӯҳбати мушкил, вале ҷолибу таърихӣ водор намудед, хушрӯзиву пирӯзӣ таманно дорам.
Ташаккур!


Добавить комментарий