Соҳибёр:”Ҳақиқат ва дурӯғи касби ман”.
Соҳибёр Толиб ҳамчун хабарнигори Радиолоиҳаи IWPR(Институти тафсилоти ҷанг ва сулҳи Британияти Кабир) бештар мавзӯъҳои ҳуқуқию иҷтимоиро пайгирӣ мекунад. Ин радиолоиҳа ба Соҳибёр таҷрибаи зиёди касбӣ омӯхт. IWPR бо Соҳибёр сӯҳбати кӯтоҳе дошт. Агар хоҳед, хонед.
IWPR:-Шумо дар чӣ гуна оила камол ёфтаед?
Cоҳибёр -Оилае, ки маро бузург кард, на бой на аст. Аммо падари деҳқон ва модари колхозчиам дар шароити деҳот ҳам бошад моро фарҳанги шаҳрнишинӣ меомӯхтанд. Онҳо аз аввал зид буданд, ки мо дар деҳа рушд кунем. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиндагиамон душвор буд. Ман ғам мехўрдам, ки агар зиндагӣ ҳамин гуна давом кунад, чӣ гуна таҳсили олӣ мекарда бошам? Падарам маро таскин дода нимшӯхӣ мегуфт, ки гове мехарад ва гов, ки таваллуд кард гӯсолаашро фурӯхта маро ба Душанбе мефиристад. Ў ба вазъи замона нигоҳ накарда дилпурона ваъда медод ва ба ваъдааш вафо кард, маро хононд. Ҳоло аз оилае, ки маро ба воя расонид гила надорам, балки шукр мекунам.
IWPR:-Ҳоло, ки журналист ҳастед, ба фаъолияти касбии худ чӣ гуна баҳо медиҳед?
Cоҳибёр:-Ба фаъолияти худ баҳо додан хеле душвор аст. Ҳамин қадараш ба худам маълум, ки дар 1 ҷо тоқат надорам. Бо чанд расонаи иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоям. Ин аз як тараф душвор аст, аз тарафи дигар омӯзанда. Масалан баъзе ҳамкасбони мо аз матбуот истода ба барномаҳои радиову телевизион баҳои нодуруст медиҳанд. Чаро? Чунки тамоми умр дар як ҷой фаъолият карда хусусияти мақоларо аз барнома фарқ карда наметавонанд. Барои ҳамин ҳам ман кӯшиш мекунам, ки ҳам дар радио, ҳам дар телевизион ва ҳам дар матбуот таҷриба андӯзам. Баъзеҳо ба ман маслиҳат медиҳанд, ки дарахт дар як ҷой месабзад. Аммо ман ба ин андеша розӣ нестам. Инсон дарахт, нест, ӯ бояд дар чанд ҷой қуввати худро санҷад. Дуруст аст, ки журналист қувваашро дар як самт сарф кунад, ситора мешавад, аммо то ситора шудан бояд универсал шавад.
IWPR:-Пеш аз он, ки журналист будед, чӣ кор мекардед?
Cоҳибёр:-Шоир набудам, аммо шеърҳои девонагӣ менавиштам. Шоиронро дар телевизион дида ҳавасам меомад ва аз ҳафтсолагӣ ба навиштани шеър сар карда будам. Модарам дар ин кор ба манн кўмак мекард. Мегуфтам, ки шоир шавам дар пойтахт кайф карда мегардам. Омада дидам, ки шоире, ки зиндагии осуда дорад кам аст ва аксари шоирони бечора фақиранд. Ман бошам, фақрро дӯст намедорам, аз ин рӯ имрӯз дар як сол як бор шеър мегӯяму рӯи варақ намеорам.
IWPR:-Чаро хостед, ки маҳз журналист бошед?
Cоҳибёр:-Аслан актёр ё коргардони филм шудан орзуам буд. Як вақт ба худ омадам, ки филологҳо ба ман дарс медиҳанд. Бо вуҷуди ин ба хотири амалӣ шудани орзуи аввалинам бо актёрон дӯстӣ мекардам. Дар курси дуюм таҳсил мекардам ва дар бораи ҳайкалҳои шаҳр монологе навишта ба ҳафтаномаи навтаъсиси «Зиндагӣ» овардам. Устод Хуршеди Атовулло, ки сармуҳаррир буд маро ба ҳамкорӣ даъват карду ба журналистика омаданамро нафаҳмида мондам. Ба ҳар сурат дар интихоби касб имкониятҳоямро ба назар гирифтаам. Зеро журналист компютеру суратгирак ва дигар таҷҳизоти заруриро надошта бошад ҳам бо як диктофон метавонад як навъ кор кунад. Агар муҳандиси самолёт шудан мехостам чи кор мекардам? Барои дар хорича таҳсил кардан маблағи калон надоштам. Факултаи наклиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ҳамчун мутахассиси хавопаймо хатм кунам кадом авиокомпания маро ба кор мегирифт? Дигар ин, ки дар мавриди касбҳо хатмкунандагони мактабҳои кишвари мо маълумоти маҳдуд доранд. Бояд ба хонандагон дар бораи касбҳо дарси махсус таҳия карда шавад, ки фақат орзуи журналисту сароянда шудан накунанд. Ман бошам, акнун ба журналистика омадам, кӯшиш мекунам, ки аз интихобам пушаймон нашавам.
IWPR:-Кор дар IWPR ба Шумо чиро омӯхт?
Cоҳибёр:-Ҳар ҷо рӯ оварда бошам чизе омӯхтаам. Ҳамкорӣ бо IWPR ҳам ба ман омӯзанда буд. Ҳар журналисте, ки стандартҳои IWPR-ро меомӯзад, дар ҳама ҷо рушд мекунад. Аз ҳама хубаш ин аст, ки IWPR заҳмати ҳамкоронашро қадр карда истодааст. Умедворам, ки аз ин беҳтар шавад.
IWPR:-Кадом кори худро дар IWPR сазовори мукофот медонед?
Cоҳибёр:-Барои журналист беҳтарин мукофот ин аст, ки суханаш натиҷа нишон диҳад. Аммо инсон, ки ба пул ниёз дорад, журналистон кӯшиш мекунанд, ки дар озмунҳо ширкат кунанд ё ҳар расонае, ки пули нағз медиҳад, ба ҳамон нависанд. Ҳоло ман ба он сатҳе нарасидаам, ки ба гузоришам мукофоти олӣ гирифта бошам. Гонорари ҳармоҳа ҳоло бароям мукофот аст. Оянда барои мукофот ҳам менависам. Аммо гуфта наметавонам, ки кадом корам сазовори мукофот аст. Шояд хоксорӣ мекунам?
IWPR:-Шояд, гузорише доред, ки бо он ифтихор доред?
Cоҳибёр:-Ман ифтихор карданро дӯст намедорам. Ҳатто бо номи дин, миллат ва Ватанам ҳамон вақт ифтихор мекунам, ки зарурат ва маврид дошта бошад. Шукр кардан беҳтар аз ифтихор аст. Ифтихори беҳад инсонро мағруру бемаънӣ мекунад. Аз гузоришҳоям тамоман ифтихор надорам. Аммо гузориши таҳиянамудаам агар маро қонеъ карда тавонад, чанд маротиба шунида лаззат мебарам.
IWPR:-Хулоса, барои Шумо журналист будан, яъне кӣ?
Cоҳибёр:-Журналист будан, аз худ гузаштан аст. Журналист будан, рост гуфтан ба хотири исботи ҳақиқат, дурӯғ гуфтан ба хотири дилгарм намудани мардум…

Добавить комментарий