Ҳабиб САИД: Дарди тоҷик маҳалгароист…
«Facebook», ки ҳамчун сайти иҷтимои маъруф аст, дар девораш дӯстони зиёдеро бо ман ҷаъм овардааст. Яке аз дӯстони фейсбукиам Ҳабиб Саид, ки мавқеъгирии ӯ бароям писанду фароғатбахш аст. Масалан ғайр аз онҳое, ки дар девори «Facebook» навор, садо ва мақолаҳои худро мегузоранд, дӯстоне дорам, ки фақат аксҳои хотиравии худро тавассути ин сайти иҷтимоӣ таблиғ мекунанд, ки ин аз назари баъзеҳо як навъ худнамоӣ баҳо дода мешавад. Ҳабиб Саид, ки яке аз акспардозони тоҷик дар «Facebook» аст, мавқеъгириаш бо он фарқ мекунад, ки бештар тасвирҳои табиат, фарҳанг ва расму ойинҳои миллии тоҷиконро ба намоиши фейсбукиён мегузорад. Ростӣ, ҳар гоҳе хумори кӯчаҳои Душанбе ва соҳили Варзоб мегирад, ба «Facebook» ва блогҳои Ҳабиб Саид ворид мешавам ва бароям даричае ба Тоҷикистон боз мешавад. Дар саҳифаҳои Ҳабиб Саид аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аксҳо ҳаст. Афсӯс, ки Интернет қудрати расонидани накҳатро надорад…

Ҳабиб Саид дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар бахши агрономии донишкади кишоварзӣ таҳсил карда ба сифати кафшергар, техник, геолог, муҳандис, рӯзноманигор ва шореҳи сиёсӣ дар радио кор кардааст. Аз соли 1993 дар Россия истиқомат мекунад. Нахсустин китобаш бо номи «Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо мешавад», ки дар он ҳикояҳо, новеллаҳо, гротексҳо ва инчунин ҳикояҳои фантастикиву ҳавҷвиро дар бар мегиранд соли 1992 дар Душанбе нашр шудааст. Бо забонҳои тоҷикиву русӣ менависад. Дар Русия бо бародаронаш ба корҳои истеҳсолӣ ва эҷодӣ машғул аст. Иштрокичии лоиҳаҳои адабии интернетии «Самиздат», «Проза.ру», «Литсовет», «Изба читальная», «Короткая проза», «Заграница», «Турист», «Мы пишем» «Неизвестный гений» «Решето» «Путник» ба ҳисоб меравад. Ичунин дар лоиҳаҳои адабии интернетии Украинаю Молдова ширкат меварзад. Повести Ӯ-«Итальянец, тетя, Золушка, пухленькая гувернантка Жириновского, депутат из Новопокровки, или кое - что о славном сахарном городе – Кувандыке» ва достони «Любовь на просторах Долина Любви» ба забони русӣ навишта шудаанду ба мавзӯъҳои муосири Россия бахшида шудаанд. Дар матбуоти рус навиштаҳояш перомуни асрори соли 2012, Аҳмад Зоҳир, Душанбе ва ғайраҳо нашр шуданд.
Ҳабиб Саид дар шаҳри Кувандык, вилояти Оренбурги Федератсияи Россия кору зиндагӣ дорад. Мо баъзан тавассути «Facebook» бо ҳам гуфтугӯ мекунем. Ин бор аз акспардозиҳояш пурсидам:
-Дар блогҳои Шумо аксҳои зебоеро аз Тоҷикистон мебинам. Ин аксҳоро чӣ гуна ҷаъмоварӣ мекунед ва хонандагони блогҳоятон оиди ин расмҳо чӣ таассурот баён мекунанд?
-Бештари аксҳоро аз сайту блогҳое гирд меоварам, ки муаллифонаш ба Тоҷикистон, ҳамчун сайёҳ сафар кардаанд. Он зебогие, ки сайёҳ мебинад, мутасиффона мо, соҳибони Ватан дида наметавонем. Бештари русҳои Тоҷикистон, ки ҳоло дар Россия иқомат доранд, минатдорӣ баён мекунанд ва мегӯянд, ки зебогии Ватанамонро ба мо нишон додеду хотираҳои беҳтаринро ба ёди мо овардед.
-Дар блогатон ҳикояҳои фантастикии худро ҷой додаед, оё онҳо дар нашрияҳои Россия нашр мешаванд?
-Ҳикояҳои фантастикиро дар Душанбе ба забони тоҷикӣ навишта будам ва дар китобам, ки соли 1992 чоп шуда буд, ҷойгир шудаанд. Дар нашрияҳо бештар ҳикояҳо, новеллаҳо, эссеҳо, повестҳои ба забони русӣ навишта шуда нашр мешаванд.
-Дар кадом нашрияҳои Россия?
-Ман бештар дар нашрияҳои интернетӣ, ки муаллифонро ба ҳамкорӣ даъват мекунанду хонандагони сершумор доранд, чун “Самиздат”,”Заграница”,«Проза.ру», «Литсовет», «Короткая проза», «Турист», «Мы пишем», «Неизвестный гений», «Решето», «Путник» ва ғайраҳо ширкат меварзам.
-Сӯҳбатамон ҷолиб рафта истодааст, биёед барои нашр сӯҳбат намоем. Чӣ гуфтед?
-Барои куҷо?
-«Тоҷикони Россия».
-Баъд ин чӣ хел мешавад, мавзӯъ чист?
-Дар мавзӯъи гуногун савол медиҳам, хуб мешавад.
-Охир Шумо пешакӣ огоҳ мекардед… Хайр, бошад.
-Дар минтақае, ки Шумо кору фаъолият доред тоҷикон зиёданд? Ҳамватанони мо он ҷо чӣ ҳол доранд?
-Дар ин ҷо вазъ нисбат ба дигар минтақаҳо беҳтар аст, зеро мардуми мусулмон-тоторҳо, бошқирҳо, қазоқҳо зиёданд. Онҳо ба мардуми омада, хусусан ба тоҷикон бо чашми бегона наменигарад ва хушбахтона муносибати қавмҳои дигар бо тоҷикон хуб аст. Дар ин ҷо таъсири тамаддуни осиёӣ дақиқ ба чашм мерасад.
-Хоҳишмандам, чигунагии таъсири тамаддуни осиёӣ рӯшантар шарҳ диҳед.
-Ин қисми кишвар, то дар ин ҷо пайдо шудани Россияи шоҳӣ зери таъсири тамаддуни осиёӣ буд. Тоторҳо, бошқирҳо, қазоқҳо дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил мекардану савдо бо Осиёи Миёна пайваста идома дошт. Дар ҳамон замон ин ҷо Маркази савдо байни Россияву Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Дар Оренбург ба афсароне, ки ба Осиёи Миёна мерафтанд, забони форсӣ меомӯхтанд.
-Шумо гуфтед; “Дар ин ҷо ваъз нисбат ба дигар минтақаҳо беҳтар аст”. Шояд вазъи амниятӣ ва муносибати мардуми маҳаллиро нисбат ба муҳоҷирон дар назар доред. Аммо музди кори муҳоҷирон аз дигар манотиқи Россия чӣ фарқ дорад? Оё қонеъкунанда ҳаст?
-Бале, ман муносибати мардуми бумиро нисбати омадагон дар назар дорам. Дар ин ҷо сатҳи маош, нисбати Маскаву Екатеринбург паст аст ва мардуми маҳаллӣ худ барои ёфтани кор бештар ба Маскаву Тюмен мераванд.
-Мо зиёд шоҳиди он мешавем, ки дар муҳоҷират баъзан ҳамвататнонамон байни ҳамдигар муросо надоранд. Муносибати тоҷикон байни ҳамдигар дар он ҷой чӣ гуна аст?
-Бемории тоҷик дар ҳама ҷо-маҳалгароист. Дар ин ҷо ҳам ин мариз ба чашм мерасад, вале чун дигар минтақаҳо, ин ҷо тоҷикон бо ҳамдигар даст ба гиребон нестанд. Дар шаҳри Орск тоҷикон дар атрофи Саид ном шахс гирд омаданд ва ниҳоят мутаҳиданд.
-Ба андешаи Шумо табобати ин бемории зеҳнӣ чист?
-Тоҷикро дар вазъиятҳои гаронтарин ҳамеша дин наҷот медод. Танҳо рӯҳониён метавонанд, бо насиҳатҳои хеш ҷавонони моро аз ин бемории нанговару миллату кишварро харобсозанда наҷот диҳанд.
-Агар чунин бошад, фазои динии Тоҷикистонро чӣ гуна баҳо медиҳед?
-Фазои динии Тоҷикистон, баъди аз масчидҳо дур кардани Ҳоҷи Мирзо ва бародарон Тӯраҷонзодаҳо ноустувор аст. Давлат пайваста ба диндорон фишор меорад, ки ин на ба фоида давлат асту на ба фоидаи диндорон. Аз чеченҳо бояд ибрат гирифт, зери парчами Илохӣ гирд омада, Грознии ба замин яксоншударо обод сохтанд. Ҳоло он, ки оғози солҳои 90-и асри гузашта чеченҳо назди муллоҳои тоҷик шогирд буданд.
-Ба мушоҳидаи Шумо имрӯз дар Россия ҷавонони тоҷик бештар ба шароб рӯ овардаанд ё ба намоз?
-Барои тоҷикон Россия озмоишгоҳ шудааст, сифати ҳар як тоҷикро муаян мекунад. Баъзе аз диндорон ин ҷо омада шаробнӯш мегарданду, оне ки рӯйи ҷойинамозро дар Тоҷикистон надида буд, дар ин ҷо намозхон мегарадад. Умуман мардуми маҳаллӣ ба тоҷикон-ҳамчун ба мардуми диндор бо эҳтироми хосе менигаранд.
-Барои беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистону Россия чӣ бояд кард?
-Барои беҳтар кардани муносибат бо Россия мо ба дипломатҳои касбӣ ниёз дорем, то аз ҷониби Россия ба онҳо бо эҳтиром нигаранд. Димломатияи мо дар асоси хешутаборчигӣ ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ кадрҳои беҳтаринашро аз даст дод. Барои як дипломати варзидаро омода сохтан даҳсолаҳо лозим меояд. Олег Панфилов рӯзноманигори варзирдаи тоҷик ба ҳисоб меравад, гурҷиҳо ӯро ба Тифлис бурданд, ҳоло баҳри онҳо кор карда истодааст. Алишер Хоҷаев(писари актёри шинохтаи тоҷик Алиназар Хоҷаев) ҳоло дар Ростов чун намояндаи чеченҳо кор карда истодааст. Мо кадрҳо дорем, вале фарде лозим, ки ҳамаи онҳоро гирди хеш ҷаъм бинамояду ба фоидаи кишвару миллат истифода барад.
-Баъзеҳо бар он назаранд, ки бояд нуфузи муҳоҷирони тоҷикро дар Россия коҳиш дода ба дигар давлатҳо бояд роҳи васеъ ҷуст.
-Бояд ба он ҷойе роҳ ҷуст, ки баҳри муҳоҷирон музди хубу шароити бехавф фароҳам бошад. Арабистои Саудӣ омода буд, коргарони тоҷикро қабул кунад, вале бо чӣ сабабе ин кор пеш нараф. Украинҳо, молдаванҳо, гурҷиҳо ҳоло бештар дар кишварҳои Аврупо кор мекунад. Бояд тоҷикон дар бозори ҷаҳонӣ ҷойи худро ёбанд.
-Аз назари Шумо барои ба Аврупо рафтан оё ҷавонони мо дониши кофӣ доранд?
-Қисми пешрафтаи ҷавонони тоҷик алакай дар Амрикою Аврупо ҷойи худро ёфтаанд. Барои тоҷикон дар оянда бозори асосии кор – Россия, Қазоқистон, мамлактҳои араб, Кореяи Ҷанубӣ боқӣ хоҳад монд.
-Шумо бо тоҷикони Аврупо дар тамос ҳастед?
-Не, бо онҳо дар тамос нестам. Вале аз пешрафташон тавассути Интернет огоҳам.
-Ба фикри Шумо, чаро онҳо наметавонанд дар атрофи худ тоҷикони зиёдро ҷаъм оваранд?
- Агар таҳлилҳои мардумшиносонро варақ занӣ дар ҳама ҷо зикр мекунанд, ки сохтори давлатии тоҷикон пойаи миллӣ надошта дар асоси маҳалу авлоду эҷод шудаст. Агар давлат дар асоси маҳалу қавм сохта шудааст, пас тоҷикон, ки ҷузъи ин кишвар ҳастанд дар ҳама ҷо дар атрофи хеш одамонро дар асоси маҳаллу қавм гирд меоваранд. Ва барои онҳо намоядаи маҳали ғайру авлоди ғайр як чизи бегона ба ҳисоб рафт. Ба чор тараф фарёд мезанем, ки миллати куҳанем, вале дар амал инро намебинем. Бояд аз озариҳо, чеченхо, гурҷиҳо, тоторҳои қирим бисёр чизро омӯхт.
Аксoҳо аз блогистони Ҳабиб Саид:
-Зиндагии як эҷодкори мусофирӣ тоҷик дар кадом сатҳ бошад? Аслан дар Оренбург коратон аз чӣ иборат аст?
-Зиндагии эҷодкори дур аз Ватан душвор аст, зеро ту фавран ба фазои дигар меафтӣ, забони дигар, уруфу одати дигар… Вале бартариҳоро низ дорост, ки миллату кишвари хешро дар қиёси дигарон ва бурду бохташро бо чашми хеш мебинӣ.
-Боз ягон сухани муҳим бошад, лутфан нависед.
-Чӣ гапи муҳим гӯям? Барои сӯҳбати нашрия пешакӣ мегуфтед, беҳтар буд.
-Ҳамааш хуб аст. Сӯҳбати самими буд, сипосгузорам. Хоҳишмандам, ягон аксатонро фиристед.
-Фардо, имрӯз ба як ҷой даъватиам, дер шуда истодааст.
-Хуб, Худованд нигаҳдоратон. То сӯҳбати оянда дар «Facebook»!
Соҳибёр ТОЛИБ
Бознашр аз “Тоҷикони Россия” (№ 2- 2012. 12. 02. 2012)





Добавить комментарий