Муаллиф

Биёед, шинос шавем!

Соҳибёр Толиб ҳастам. Соли 1986 дар деҳаи Равоти ноҳияи Панҷекат ба дуё омада таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳам гирифтаам. Соли 2008 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм кардам. Аммо аз рӯйи ихтисос кор намекунам. Зеро аз солҳои донишҷӯӣ бо матбуот ҳамкорӣ намуда дар ин соҳа як андоза таҷриба андӯхтам.

Соли 2004-2005 бо ҳафтаномаи «Зиндагӣ» ҳамкориро оғоз намудам. Ин ҳафтанома мактаби навқаламони донишҷӯ буд. Саҳифаҳои «Зиндагӣ»-ро бо мавзӯъҳои содаву хандаовар пур мекардем, аммо аз муасиси «Зиндагӣ» Қурбоналӣ Хӯҷамов ва сармуҳаррири он Хуршеди Атовулло хеле таҷриба омӯхтем. Хуршеди Атовулло неомақолаҳои моро ислоҳ намуда аз он мақола месохт. Аниқтараш, агар мақолаи ислоҳшударо бо дастхати мо муқоиса мекардед, бовар мекардед, ки Устод Хуршед ба ҷои баъзе ҳамқаламони ҳамсолам менавишт, то мо соҳибном шавем.

Охири соли 2005 дар радиои «Тоҷикистон» корро оғоз намудаам. Муаллифи барномаҳои “Радиосканворд”, “Ситораҳои шарқ”, “Радиосаёҳат”, “Ақида”, “Шабзиндадор”, радиоочерки “Файзи Меҳмон” (бахшида ба 70 солагии адиби тоҷик Меҳмон Бахтӣ), радиофилми “Зоти муаззам” (бахшида ба соли Имоми Аъзам) ҳастам.

Кадом хабарнигор танҳо дар як расона кор мекунад? Ҳастанд, аммо камшумор. Ман ҳам ба ин гурӯҳи камшмор шомил нестам. 

Ҳамкориҳои кӯтоҳ:

Радиои «Имрӯз», ҳафтаномаи «Нигоҳ», идораи иттилоотии Шабакаи якум, Шабакаи иттилоотии “Ҷаҳоннамо”, якчанд рӯз сармуҳаррири маҷаллаи фарҳангӣ, фароғатӣ ва рекламавии «Равзанаи нур» , 2 сол хабарнигори Радиолоиҳаи I W P R(Институти тафсилоти ҷанг ва сулҳи Британияи Кабир).

Инак чандест ки дар пойтахти Русия-шаҳри Маскав мусофифир ҳастам. Ҳар ҷо ҳамватанеро бубинам дарҳол аксбардорӣ намуда садояшро сапт менамоям. Ҳамроҳашон кор мекунам. Аммо ҳадафи ман тақозо мекунад, ки ҳар моҳ ҷойи кори худро иваз намоям. Баъзан пас аз ҳафтае корро тарк намуда кори дигар меҷӯям. Охир мақсади ман дар ин шаҳр фақат пайдо намудани маблағ нест, ҳадафам шинос шудан бо ҳаёти муҳоҷирони ҳамватан аст. Ҳамчун хабарнигор мехоҳам дар ин мавзӯъ бештар донам. Зеро муҳоҷират яке аз мавзӯъҳои асосии мубоҳиса дар Тоҷикистони мост ва дар худ ҷузъиёти зиёд пайдо мекунад. Ҳар як ҷузъиёти ин мавзӯъ бошад, масоили бузургеро ба миён меоварад.

Борхо шоҳиди таҳдиди миллатгароёни Русия ба ҳамватанон будам. Гоҳе шунидани таҳқиру гоҳе шунидани ташаккур, гоҳе музди баланду гоҳе гирифтори найрангу фиреб, гоҳе дастоварду гоҳе дареғи муҳочирон масоилест, ки минбаъд дар эҷодиётам баррасӣ мекунам.

Ғайр аз ин бо навиштани ҳикояҳои воқеӣ ва фантастикӣ машғулам. Агар вақт ёфта эҷодиёти маро мутолиа кунед, лутфан андешаи худро дар зераш нависед. Бигзор аз хатогиҳои ман гӯед, то минбаъд ислоҳ шавам. Аз таваҷҷӯҳи Шумо хушҳолам. Фараҳманд бошед!

Рамзи ман:

ҲАЛҚАИ СУРХ- гардиши хун дар рагҳои ман аст.

ВЕРГУЛИ САБЗ- идомаи зиндагӣ, ҳадаф ва андешаи ман аст.

  1. Бо арзи саломҳои гарм!
    Соҳибёри азизро бо ифтитоҳи вебблоги хеле хонданӣ ва хушрангаш табрик мекунам!
    Умедворам, ки ҳар рӯз дар ин блогистон матлабҳои хонданиву ҷолибро пайдо хохем кард.
    Муваффақу сарсабз бошӣ, додари азизам!

    Бо эҳтиром, Носирчон

  2. Салом дусти гиромй!
    Туро бо вебблоги пур аз ачоибу навоварй, хонданибобу рангорангат табрику муборакбод мегуям!
    Бигзор ва хамеша сарбаланду некном ва пируз бошй, дусти азиз!
    Умед мебандем, ки хамаруза аз матолиби тозаи “Дафтари Сохибёр” доир ба хамагуна мавзуъхо ошной пайдо хохем кард….
    Бо эхтироми самимй, Чамшед!

  3. Cалом аз Панчруди бостони! Баъдан ташаккур мегуям барои чунин сомонаи зебо ва чолибу хонданбоб. Рости ба ман як чиз писанд наомад аз он маколае ки дар бораи гапхои бемаъни навишташуда буд. Чунки муаллиф дар ончо Ватани маро таъкид мекард. Аз ин маколаи фач ба монанди Миссия Шарк маро хело норохат кард. Ба хамин хусус мехохам бо муаллифи ин макола сухбате дошта бошам агар зид набошад. Вакт ёфти ман хамавакт таёр раками телефони ман 918887882

  4. Сохиёри мебоист ин “Дафтар”-и хонданиро барвактар боз мекарди, аммо ба хар сурат бовар дорам, ки холо низ дер нашуда. Муборак бошад! Бовар дорам, ки пахлуи вергул аломати хитоб хам пайдо мешавад!

    • Ташаккур, дусти азиз. Агар пахлуи вергул аломати хитоб гузорам, ба фикрам каме вохима мешавад. Аломати хитобро хар кас хар хел мефахмад))). Бехтараш, содатар боки монад…

  5. Салом, дӯсти азиз!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.
    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

  6. Аз лутф ва даъвати Шумо хушҳол шудам! Ташаккур Соҷидаи азиз. Пайваста аз Блогистони “Озодӣ” матолиби ҷолибро мутолиа намуда аз он меомӯзам. Воқеан ин торнамо, бахусус гӯшаи Блогистони “Озодӣ” барои ба вуҷуд овардани афкори дурусти ҷомеа нақши муассир дорад. Бо камоли майл омодаам, ки бо Радиои “Озодӣ” хамкори намоям.

  7. Салом!
    Ҳар вақте, ки ин саҳифаро мекушояму навиштаҳояшро мехонаму суратҳояшро тамошо мекунам, зодгоҳи азизам- деҳаи зебои Равот пеши назарам меояд.

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers