Наврасони ҳезумкаш

Зимистонгузаронӣ дар кӯҳистон басо мушкил аст. Онҳо маҷбур будаанд, ки бодом, бурс, заранг ва дигар дарахтони сабзу нодирро бурида ба хонаашон кашонанд.

Ин шербачаҳо дар бораи пешрафти иқтисодиву техникии давлатҳои Чину Ҷопон сӯҳбат мекарданд. Онҳо бовар доранд, ки баъди сохта ба истифода додани Нерӯгоҳи обии барқии Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург мушкилоти барқ дар кишвар аз байн меравад ва ба ин васила табиати диёрашон ҳифз мегардад.

Ба андешаи ин наврасони тоҷик Ӯзбакистон намехоҳад, ки Тоҷикистон ба истиҳлолияти энергетикӣ расад, аммо ин орзуяш ботил аст. Тоҷикбачаҳо ба орзуҳои Президенти Ӯзбакистон ӯртоқ Каримов хуб писханд заданд.

Бодоми сабз бурида шудааст. Меваи бодоми талхаки кӯҳӣ дар саноати дорусозӣ қобили истифода буда хеле шифобахш аст. Аммо дар саноати дорусозии кишвари мо, ки рушд накардааст, кам истифода мешавад. Дар кӯҳистон бодом ба ҷойи сӯсишворӣ истифода шуда ҳезуми беҳтарин ба ҳисоб меравад. Бодом ҳамчун дарахти нодир ба "Китоби сурхи Тоҷикистон" ворид шудааст.
- Бо вуҷуди мушкилоти зодгоҳашон онҳо худро наврасони хушбахт меҳисобанд. Бовар доранд, ки Тоҷикистон тадриҷан рушд мекунад ва зиндагӣ дар Ватан барояшон осон мегардад. Маълум буд, ки Ватанро сахт дӯст медоранд.






























Мургфарёд агар аз субхи сахар мондааст,
Касби хезумкаши аз бобу падар мондааст.
Чи кунад бачаи точик, надорад газу нафт,
Ин сари сабзи ватан зери табар мондааст,