
Масҷиди панҷвақтаи деҳаи Равоти ноҳияи Панҷакент. Намози бомдод.

Баъд аз адои намоз ҳамдеҳагонам дар як саф истода бо ҳамдигар салом менамоянд ва ба муҳаббати ҳамдигар шукр мегӯянд.


Ҳама ба сӯйи қабристон.


Субҳгоҳон қабристони деҳаи мо серодам аст. Мардҳои деҳа субҳро бо фотеҳа ва зиёрати қабристон оғоз намуда сипас аз пайи кори худ мераванд.

Аксарият бо зарфҳои пуроб омада ба зери ниҳолҳои наврас об мерезанд.






Шавҳари Боғой бештар аз 10 сол инҷониб дар Русия кор мекунад ва ҳар сол ба Тоҷикистон омада аз ҳоли зану фарзандонаш бохабар мешавад. Барои Боғой ва ду фарзандаш шароити мувофиқи зиндагӣ фароҳам овардааст, аммо ҷойи муҳаббати ӯ холист.








Сӯҳбати лаби об. Мавзӯъи сӯҳбат:Ҷаззобияти сериалҳои туркӣ ва сатҳи филмҳои тоҷикӣ.




Кишту кори баҳорӣ.

Ба ақидаи Саидҷаъфари 5-сола инсон аз хок сохта шудааст...




Боғи падарам сабзу хуррам аст. Субҳгоҳон, то гарм шудани ҳаво кори деҳқонӣ карданро дӯст медорам.


Аз ҳавлии мо ҷангалеро мебинед. Пештар ин ҷангал то наздики хонаи мо тӯл кашида буд ва ману рафиқонам аз субҳ то шом он ҷо сайругаш мекардем. Ҳоло он байни ду шохоби бузурги дарёи Зарафшон мондааст. Хуб аст, ки чанд сол инҷониб ин шохобҳо ҷангалро аз дасти инсон ҳифз мекунанд.

Маёзор мӯре, ки донакаш аст...


Бибӣ ҳар субҳ набераашро ба сайри сабза мебарорад. Ба андешаи биби тамошои табиат асаби кӯдакро ором намуда ба хислаташ низ бетаъсири мусбат намемонад.




Мактабам нури дидагонам ту...


“Шукр, ки ба тутпаз расидем” мегуфт бобои раҳматиам...


Ҷомеа бояд аз рама фарқ дошта бошад!

Ҳар чӣ ҳам бошад вафодор аст, саг.

Сояам ба ман тақлид мекунад...


Лутфан, ба зодгоҳи ман меҳмон шавед!
Like this:
Будьте первым, кому понравился этот страница.
Шояд хеч гох тамошои Панчакентро он кадар нахоста будам, ки алъон….
Олӣ буд, Соҳибёр! Хаста набошед
Сохибер дустам рахмат ба ту. Ба кор борад бурдборихи аз даргохи Худованди Карим хохонам.