Сайри лолазори Саразм

Фасли лола буд. Гурӯҳе аз журналистони радио ва телевизион бо роҳбарии раиси Иттифоқҳои касабаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лолахон Сатторӣ ба сайри лолазори Саразм рафтем. Саразм қадимтарин минтақаи Тоҷикистон буда дар ҳудуди ноҳияи Панҷакент ҷойгир аст. Ба қавли муаррихон Саразм таърихи 5500 сола дорад. Тоҷикистон  10 сол талош дошт, то ин ёдгорӣ ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шавад. Ниҳоят соли 2010 Кумитаи мероси фарҳангии Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал – ЮНЕСКО ёдгории таърихии Саразмро ба феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид кард. Имрӯз ин минтақаи таърихӣ ба сайргоҳи муҳими сайёҳон ва завқмандон табдил ёфтааст. Баъди шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ фурсате дар лолазори Саразм сайру тафреҳ кардем. Баъзе андешаҳое, ки дар зери акси ҳамкоронам навиштаам шӯхиомез буда ҷиддӣ мапиндоред.(Ҳамчунин санае, ки дар гӯшаи аксҳо навишта шудааст нодуруст буда аксҳо баҳори соли 2010 гирифта шудаанд)

Ҳуҷуми журналистон ба бостоншинос Абдурауф Раззоқов. Бостоншинос ҳуҷумро фақат аз китобҳои таърих мехонд, аммо акнун дид!

 

Акс дар назди ёдгориҳои ҳифзшудаи Саразми бостон.

 

Лоларо гуфтам, сияҳдил буданат аз баҳри чист? Гуфт, ҳолаш ин бувад ҳар кас, ки дар саҳро нишаст…

 

Раиси Иттифоқҳои касабаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Лолахон Сатторӣ бо эҳсоси баланд шеъри Рӯдакиро қироат мекунад. Лентаи наворбардор кайҳо тамом шуда буд…

 

Лолахон андар миёни лолаҳо, Лола мечинад, барои холаҳо))) (мутмаинем, ки устоди шӯхтаъб аз шӯхӣ намеранҷанд)

 

Бачаи шаҳрӣ бори аввал харро савор шуд. Ӯ мехоҳад аз Панҷакент то Душанбе харсавор равад.

 

Суръати ин хари пир аз суръати Интернети MLT баландтар будааст…

 

Бихандад лола дар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло…

 

Сигор накашед, мӯятон мерезад!

 

Шаҳри Панҷакент, журналистони тоҷик дар назди ҳайкали Деваштич

 

Сӯҳбати ровиёни Радиои «Тоҷикистон» бо мухлиси радио

 

Шаҳри Панҷакент, журналистони тоҷик дар назди ҳайкали Лоиқ Шералӣ

 

Бозори марказии шаҳри Панҷакент. Бозор тозаву озода ва муносибати фурӯшандаҳо бо харидорон хеле самимона фарҳангӣ аст. Аммо дар ин ҷо ҳам қиморбозон ва киссабурон ёфт мешаванд…

 

  1. Манкуртизациякунии Точикистон бо дасти хамин гумрохон сурат гирифтан дорад!!!

    • Ман аз бекадрии хори сари девор донистам,
      Ки нокас кас нагашт аз боло париданхо.
      ё худ:
      Хар чи донад, маззаи канду набот,
      Турбаи ках бошаду кунчи работ…

  2. Дустам, боракалло! Хело оли, аммо ин навбат, ки сайри лолахо рафтед моро низ хабар кунед! Дар харсавори хам агар хамрохи накардем, хадди аккал миёни лолазорон акс мегирем)))))

  3. Neki Galstukam yakteshon prikol kaden ! dilam mond az galstukam digar namebandam ! ha neki Galstuki xudat jura zebidasta

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 1 040 other followers