Архивы по месяцам: Февраль 2012
7 лаҳзаи зимистони «имиҷсоз»
Муҳимаш ҳамватанон як андоза дарк намуданд, ки дар муносибати сиёсӣ дӯстӣ ва ғамхорӣ вуҷуд надорад, балки сӯйииистифода ва фишор василаи асосии ҳукуматҳост. Зимистони Россия гузашт, аммо 7 лаҳзааш дар ёд монд. Баъзе аз ин лаҳзаҳо «думдор» ҳастанд, ки ҳанӯз мавзӯъашон хулоса нашудааст…Идома»
«Скинхед ба Тоҷикистон як савоб овард»
-бармеояд аз андешаи коршиноси масоили динӣ. Аммо дар матбуот меҳмондорӣнамудани қотили тоҷиконро шадидан танқид карда шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мо аз корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдани масъулини Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Москва ба миллатгароён хабар дорем!(Гап байни худамон) Илома»
ҶУфтБароРОН: Маросими деҳқонон аз Ҷаласаҳои Ҳукумат чӣ фарқ дорад?
Мардҳо дар маркази деҳа ҷаъм омада, Раиси маҳалла, Раиси хоҷагии деҳқонӣ, Мироб ва дигар «мансабдорон»-ро интихоб менамоянд. Ҳамчунин маълум карда мешавад, ки оё имсол говҳоро бонавбат ба чаро бурдан даркор ё чӯпон интихоб намуда ошҳалол ва музд додан беҳтар. Идома»
Зимистони Москва. 22 нафар тоҷик 6 шабонарӯз дар кӯча
22 нафар ҷавонони тоҷикистонӣ, ки кӯча ва атрофи биноҳои истиқоматии яке аз ҳудудҳои ин ноҳияро тоза мекардаанд, бо фишори роҳбаронашон аз кор озод шудаанд ва музди семоҳаи корашонро корфармо- Хадамоти комуналии ноҳияи Марина Роша напардохтааст. Ин муҳоҷирон гуфтанд, ки 6 шабонарӯз инҷониб ҷойи хоб надоранд ва шабро дар кӯчаву роҳравҳо рӯз кардаанд. Идома»
Омӯзгори муҳоҷир гуфт: «Алигархҳои тоҷик! Пулҳоро аз Шведсария баргардонед!!!»
Муддати 6 сол аст, ки дар Москва фаъолият дорам ва ба наврасони рус дарс меомӯзам. Ҳар сол ният мекунам, ки ба Тоҷикистон бармегардам ва онҷо мемонам. Аммо вазъияти зиндагӣ дар кишвари азизамон ба ҳама маълум аст. Идома»
Фалак, фарзонагонро куштанат чист?
Президенти Ўсбекистон Ислом Каримов аз Олими Искандарӣ даъвати махсус намуда будааст, ки дар Тошканд бимонад. Олим посух додааст: «Ман фақат ба тоҷикӣ суруд хоҳам хонд ва дар Тоҷикистон хоҳам монд». Олими Искандарӣ якравона таронаи фармоишӣ намесуруд ва ба назди ҳеҷ як роҳбаре таъзим намекард. Ба қавли дўстонаш, дар баъзе маврид «ғурури нозарур» ҳам дошт, аммо ин ба худаш мезебид… Идома»
Ҳабиб САИД: Дарди тоҷик маҳалгароист…
Ҳабиб Саид: -Бемории тоҷик дар ҳама ҷо-маҳалгароист. Дар ин ҷо ҳам ин мариз ба чашм мерасад, вале чун дигар минтақаҳо, ин ҷо тоҷикон бо ҳамдигар даст ба гиребон нестанд. Дар шаҳри Орск тоҷикон дар атрофи Саид ном шахс гирд омаданд ва ниҳоят мутаҳиданд. Тоҷикро дар вазъиятҳои гаронтарин ҳамеша дин наҷот медод. Танҳо рӯҳониён метавонанд, бо насиҳатҳои хеш ҷавонони моро аз ин бемории нанговару миллату кишварро харобсозанда наҷот диҳанд. Идома»
